logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ АДЛИЯ  ДАР НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА
28 сентябр баъд аз анҷом додани сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва мавриди истифода қарор додани як қатор иншооти таъиноташон гуногун ба ноҳияи Роштқалъа ташриф оварданд.
Дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Маркази адлияро, ки бо тарҳ ва стандартҳои баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Иншооти мазкур яке аз бандҳои тарҳрезишуда бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, сохтмони он дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Бинои Маркази адлия дар масоҳати 600 метри мураббаъ қад афрохта, аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар қабати якуми иншоот толори ақди никоҳ, бақайдгирӣ ва шуъбаи назорату коргузорӣ ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои кормандони нотариалӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид Сарвари давлат ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати хизматрасонии хубу босифат ба мардум дастуру ҳидоятҳо доданд.
Қобили зикр аст, ки то сохтани бино кормандони адлия дар ноҳияи Роштқалъа мушкилиҳои зиёд доштанд. Акнун баъди ба истифода додани Маркази адлия мушкилоти кормандон пурра ҳал гардида, шароити хуби корӣ низ фароҳам оварда шуд.
Атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебосту роҳравҳои ҳудуди бино чароғонанд. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази адлия соли 2019 оғоз шуда, он аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардид. Тамоми масолеҳи сохтмонӣ истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ буда, пеш аз истифода аз озмоишгоҳ гузаронда шудаанд.
Масъулони соҳа барои фароҳам овардани шароити хуби корию хизматрасонӣ ба Сарвару роҳнамои худ изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҷонибдорӣ ва дар пешрафти Ватани азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.
 
НОЗИРОТИ АНДОЗ СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави Нозироти андозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки туҳфаи арзандаест ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони мақомоти андоз, соҳибкорон ва сокинони ноҳияи Роштқалъа. 
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати 692 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 35 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корезлоиҳа" буда, паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Орз-1" мебошад. 
Бинои нав аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ, терминал ва бақайдгирӣ ҷойгиранд. Ошёнаи дуюм дорои маҷлисгоҳ, ҳуҷраи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.
Дар бино толори алоҳидаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои мақомоти андоз истифода баранд, аз ҷумла эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод созанд.
Пешвои муаззами миллат аз фароҳам гардидани имкониятҳои муосир дар ноҳияҳои дурдаст изҳори қаноатмандӣ карда, масъулонро ба хизмати содиқонаю софдилона ҳидоят намуданд.
Дар навбати худ, кормандони мақомоти андоз аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави Нозироти андоз, изҳори сипос карда, Президенти мамлакатро бовар кунонданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо, хубтару беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба ҷамъоварии саривақтии андозҳо, дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонии андозӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ РАЁСАТИ МОЛИЯ 
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Раёсати молияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман густурда, масоҳати зери бино 610 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати сохт ва тарҳи лоиҳавӣ бино бисёр зебо буда, аз ду ошёна ва таҳхона, шуъбаҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва бойгонӣ иборат мебошад, барои кормандон шароити хуби фаъолият фароҳам гардидааст.
Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, паймонкори сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ваҳдат ЛТД" мебошад.
Гирду атрофи биноро гулу буттаҳо ва ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ зинат додаанд. Намои берунааш мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоии дигар зам мекунад.
Аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо молиячиёни ноҳияи Роштқалъа, Пешвои муаззами миллат дастур доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт пардохт кардани маоши кормандони буҷетӣ масъулияти зиёдтар ҳис кунанд ва дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми муносиби худро гузоранд.
Маврид ба ёдоварист, ки то имрӯз кормандони молияи ноҳияи Роштқалъа дар бинои куҳна фаъолият доштанд, ки шароити хуб надошт. Барои фароҳам овардани имкониятҳои муосир масъулони Раёсати молияи ноҳия ба Ҳукумати кишвар, махсусан, ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки тамоми донишу малакаи худро ба пешрафт ва рушди иқтисодиёти мамлакат равона мекунанд.
 
ПАРТАВАФШОНИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР МАЙДОНИ НАВБУНЁД
28 сентябр дар ноҳияи Роштқалъа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,  ки бо санъати баланд бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа бунёд гардида, гирду атрофи он бо шаклу услуби хоси меъморӣ сохта шудааст. Баландии пояи Парчам 33 метрро ташкил дода, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозияш 8 метр мебошад.
Пояи Парчами давлатӣ бо сангҳои ороишӣ зинат ёфтааст ва корҳои сохтмонии он бо сифати баланд ва бо назардошти санъати муосири меъморӣ анҷом дода шудаанд.
Дар майдони Парчами давлатӣ барои сокинон шароити хуби сайругашт ва фароғат фароҳам гашт. Аз ҷумла, дар гулгашти назди Парчам 16 нишастгоҳ насб гардида, майдон  бо гулҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди  майдон дарахтони ороишӣ  ва сояафкан  шинонда шудаанд, ки ба иншооти мазкур шаҳомат зам мекунанд.
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа дорои даромадгоҳи зебо буда, гирду атрофи иншоот панҷарапӯш шудааст. Хусусан, шомгоҳон мавзеи мазкур назаррабо буда, ҳудуди майдонро 24 чароғпояи зебову замонавӣ равшанӣ мебахшад.
Ба истифода додани рамзҳои давлатдорӣ ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои мамлакат бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ин иқдом намунаи беҳтарини тарбияи насли ҷавону наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дониста мешавад. Дар доираи ҳамин иқдоми наҷиби давлатдорӣ сокинони ноҳияи Роштқалъа низ соҳиби чунин иншоот гардиданд ва минбаъд метавонанд дар ин майдон ҳамоишу чорабиниҳои гуногуни ватандӯстӣ баргузор карда, истироҳату сайругашт намоянд.
 
МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА МУШТАРИЁН ДАР БИНОИ НАВ  БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонӣ ба муштариёнро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои иншооти нав аз наздик шинос шуда, бо кормандони бахши энергетикаи ноҳия суҳбат намуданд.
Маркази нави хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, барои хизматрасонӣ дар бахши энергетика ба аҳолии ноҳияи Роштқалъа пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввали бино бахши кор бо муштариён ва шуъбаи тиҷорат, ҳамчунин, ҳуҷраи кормандони техникӣ, ки ба таъмир, навсозӣ ва бартарафсозии садамаҳо дар шабакаи электроэнергетикаи ноҳия машғуланд, ҷойгир шудаанд.
Минбаъд тамоми хизматрасониҳои вобаста ба барқ, аз қабили пардохти ҳаққи истифодабарӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои насби ҳисобкунакҳои барқӣ ба таври мутамарказонидашуда дар ҳамин ҷо ҷараён гирифта, муроҷиати муштариён барои бартарафсозии садамаву дигар ҳолатҳои техникӣ тариқи телефон роҳандозӣ мегардад.
Маркази хизматрасонӣ ба муштариён дорои толори конфронсӣ бо 50 ҷойи нишаст буда, барои гузарондани ҳамоишу вохӯриҳо имкониятҳои зарурӣ фароҳаманд. Дар бинои нав барои беҳсозии шароити корӣ иншооти ёрирасон низ сохта шудаанд.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои фаврӣ ва садамавӣ, ки дар маркази мазкур фаъолият менамоянд, бо назардошти шароити ҷуғрофии ноҳия бо тамоми имконоти зарурӣ ва дастгоҳу воситаҳои ҳамлу нақл ба пуррагӣ таъмин мебошанд.
Дар маркази нав 40 нафар мутахассиси маҳаллии соҳавӣ кор мекунад. Сохтмони бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, аз тарафи Ширкати “Помир энерҷӣ” бо санъати баланд ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шуд. Дар Маркази хизматрасонӣ тамоми дастгоҳҳо насли навтарин мебошанд. Аз ҷумла, ташхису омодасозии ҳисобкунакҳои барқӣ низ дар ҳамин ҷо анҷом дода мешавад.
Дар иншооти нав тарҳи фаъолияти системаи билингӣ, шакли пардохти ҳаққи истифодабарии неруи барқ ба воситаи интернет ва телефонҳои мобилӣ муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳандозии системаи билингии хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти пардохти ҳаққи истифодабарӣ амалӣ ва талафоти неруи барқ пешгирӣ шавад.
Зимни суҳбатҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши энергетикаи ноҳияро вазифадор намуданд, ки сифати хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардошта, барои бартарафсозии садамаву ҳолатҳои ғайричашмдошт дар системаи энергетикии ноҳия, хусусан дар сардиҳои зимистон, ҳамеша омода бошанд.
 
ДАСТРАСИИ СОКИНОНИ ШАҲРАКИ МЕДОН БО ОБИ ТОЗАИ НӮШИДАНӢ
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Роштқалъаи ноҳияи Роштқалъа хати нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Дар ин маросим, ки бо иштироки аҳолӣ дар фазои хушҳоливу хурсандӣ доир гардид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани мурвати шоҳлӯлаи асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба аҳолии шаҳраки Медони деҳоти Роштқалъа аз ободониву хуррамӣ ва шукуфоиҳои бештар мужда расонданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хатти оби нӯшокиро дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни фархундаву некпай - 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони шаҳраки Медон арзёбӣ карданд.
Корҳои бунёдӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2019 шуруъ шуда буданд. Дар рафти он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллии ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон бо маоши хуб таъмин гардид.
Лозим ба зикр аст, ки шаҳраки Медон 11 деҳаро дар бар мегирад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти оби нӯшокӣ деҳаҳои Савир, Медон ва кӯчаи Ҷавонони шаҳрак, дар маҷмуъ 171 хоҷагӣ, пурра бо оби нӯшокӣ таъмин шуд. Қаблан, аҳолии деҳаҳои мазкур аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Инак, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ин мушкилии сокинон ҳалли худро пайдо кард.
Татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти оби нӯшокӣ имкон фароҳам овард, ки дар маркази шаҳраки Медони ноҳияи Роштқалъа тамоми биноҳои маъмурӣ, мактабу беморхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гарданд.   
Бояд гуфт, ки хатти оби нӯшокӣ аз масофаи 11,5 километр ба шаҳраки Медон оварда шудааст. Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ татбиқ гашт. Паймонкори лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бадахшон Интернешнл” мебошад.
Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол дар кишвар дастрасии аҳолии деҳот ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида, мушкилоти ҷойдошта бартараф мегарданд. Ин иқдомҳои созанда, махсусан, ба истиқболи Ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ авҷи тоза пайдо карда, муваффақона амалӣ шуданд. 
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимию созанда анҷом дода, ҳамаи иштирокчиёнро бо Ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо, бунёду навсозӣ шуданд.
Президенти мамлакат ба сокинони ноҳияи Роштқалъа барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ба соҳибкорони баномуси ноҳия ҷиҳати иштироки фаъол дар корҳои ободониву бунёдкорӣ изҳори сипос карданд.
Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳибкориву ҳунармандӣ, хизматрасониву сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, масолеҳи сохтмон ва дигар навъҳои маҳсулот ҳанӯз хеле зиёд мебошанд.
Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар оянда барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти заргарӣ, зиёд намудани истеҳсоли доруворӣ ва афшура аз мева барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ чораҷӯӣ карда, дар ин самт коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шаванд.
Роҳбарияти ноҳия вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва истифодаи васеи имконоти мавҷуда тақвият бахшанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳия дар оянда низ тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, рушди давлат ва ободии Ватани соҳибихтиёрамон равона месозанд.
Як гурӯҳ сокинони ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа – омӯзгор Ғуломшоев Алихон, собиқадор Ҳайдарзода Ғайбулло ва донишҷӯ Норанҷова Ангелина баромад карда, барои дастгирию ғамхории ҳамаҷониба ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипос карданд.
 
ИСТИҚБОЛ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
Роҳбарият ва сокинони шаҳр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ як қатор иншооти навро ифтитоҳ, бо сокинон мулоқот ва дар барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
 
ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ ДАР ШУҒНОН
28 сентябр пас аз боздид аз ноҳияи Роштқалъа, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон ташриф оварданд.
Президенти мамлакат нахуст дар маркази ноҳия-шаҳраки Ваҳдат, ки он низ меваи шаҳдбори замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Майдончаи варзиш барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, ба истиқболи Ҷашни фархундаи сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ҳамчун туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба ҷавонону наврасони ин ноҳияи дурдаст тақдим гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи мазкурро Федератсияи футболи Тоҷикистон тибқи дархости сокинони маркази ноҳия бо беҳтарин шароиту имкониятҳои тамрин ва бозии футбол бунёд кардааст. Барои машқ ё бозии шабона ҳам дар майдонча шароит муҳайё мебошад.
Пешвои миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, Президенти мамлакат аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.
Ҷавонони ноҳияи Шуғнон бо арзи сипосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба таҳсилу омӯзиш, фаъолияти меҳнатӣ ва умуман ҳаёти рӯзмарраи онҳо, қавл доданд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва номбардори Ватану миллат хоҳанд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим карда, бо ба бозӣ даровардани аввалин тӯб ба фаъолияти ин майдончаи варзиш оғози расмӣ бахшиданд.
Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Шуғнон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Ба маълумоти масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон як мактаби махсус ва 48 майдончаи хурди варзиш фаъолият мекунанд.
Мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бештар аз 50 фоизи аҳолии ин ноҳияро низ ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва табиист, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш дар ин ноҳия хеле зиёд аст. Вобаста ба ин, ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзиш, ки дар ин минтақаи дурдаст назир надорад, шавқу ҳаваси наслҳои ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар хоҳад кард.
 
ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ЯТИМОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН
28 сентябр дар ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави хислати башардӯстонаашон ба 35 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим карданд.
Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сарулибоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд. Ҳамчунин, ба ҳар як кӯдак китоби “Пешвои миллат” тақдим гардид. Тавре аз мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд, дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни сисолагии Истиқлоли давлатӣ бо дастури Пешвои миллат ба ин кӯдакони ятим сарулибоси зимистона ҳам тақдим шуд.
Аз шумораи умумии кӯдакони ятим ва маъюбе, ки дар мулоқоти Президенти мамлакат ҳузур доштанд, 17 нафарашон ятим ва 18 каси дигар кӯдакони маъюбидошта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо кӯдакон ва волидайну хешу ақрабояшон, тибқи одати башардӯстонаашон, онҳоро дилбардорӣ карданд ва иброз доштанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат онҳоро танҳо намегузоранд ва ҳамеша дар кору рӯзгорашон дастгири онҳо хоҳанд буд. “Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат шуморо низ зарур аст, ки бештару амиқтар илму ҳунар омӯзед ва дар оянда барои рушди Ватани аҷдодиамон саҳми муносиби худро гузоред”, - таъкид карданд Пешвои миллат.
Кӯдакону наврасони ятим ва волидайни онҳо дар суҳбат бо Президенти мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ баён карданд. Махсусан, таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат умеди онҳоро ба ояндаи хубу босаодат қавитар гардондааст.
Ҳамин буд, ки ҳангоми мулоқот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қавл доданд, ки дар зиндагии минбаъдаи худ ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ хоҳанд кард ва ҳастии худро ба рушду инкишофи Тоҷикистони азиз хоҳанд бахшид.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ АГЕНТИИ МЕҲНАТ,  МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ 
 
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон – шаҳраки Ваҳдат бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар рӯзҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани он руҳияи мардумро боз ҳам болида гардонд.
Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мебел ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ ҷиҳозонда шудааст, ки ба фаъолияти босамари кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Шуғнон такони ҷиддӣ мебахшад.
Сохтмони иншоот соли 2012-ум шуруъ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расид.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти фароҳамовардашуда изҳори қаноатмандӣ карда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд ва бинои наву замонавиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба сокинони ноҳияи Шуғнон маънидод карданд.
Бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон аз 11 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 13 синфхонаи омӯзишӣ, маҷлисгоҳ барои 25 ҷойи нишаст иборат буда, дорои беҳтарин шароити корию таълимӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои касбомӯзӣ бо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолӣ суҳбати озоду ошкоро доир намуда, онҳоро ба аз худ кардани касбу ҳунар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлоли мамлакат ҳидоят карданд.
Дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шуғнон минбаъд шумораи ҳар чи бештари касбомӯзон дар синфхонаҳои дорои шароити хуби ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ихтисосҳои сангтарош, бинокор, қаннод, дӯзанда, ороишгари мӯю рӯй, ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ фаро гирифта мешаванд.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳамасола зиёда аз 200 нафар шахсони бешуғл дар шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, нафарони бешуғл метавонанд дар муддати ду се моҳ соҳиби ихтисоси дӯстдоштаашон гарданд.
Бинои хуштарҳу зебо аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ “Ғайрат – М” бунёд ёфта, бо низоми гармидиҳӣ таъмин мебошад. Дар таҳхонаи бино барои омӯхтани ҳунари пазандагӣ дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири таомпазӣ насб шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, зикр карданд, ки иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардуми ин гӯшаи зебои Тоҷикистон хизмат намояд.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Шуғнон калонтарин минтақаи аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад, вале то солҳои наздик маркази маъмурии худро надошт. Идораю муассисаҳои ноҳия дар ҳудуди шаҳри Хоруғ фаъолият мекард.
Бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ маркази маъмурии ноҳия – шаҳраки Ваҳдат бунёд шуд.
Зимни сафарҳои кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнон як қатор иншооти маъмурӣ дар шаҳраки Ваҳдат мавриди истифода қарор гирифт.
Сокинони шукргузор ин ҳама дастоварди арзишманди ноҳияи Шуғнонро аз баракати сулҳу субот, ваҳдати комили миллати тоҷик ва талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
 
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ 
28 сентябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон, ҳамчунин, ба сохтмони майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории онро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зимма дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди майдони Парчами давлатӣ сохтмончиёнро ба риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҳидоят намуда, барои зебою чароғон гардондани ҳудуди иншоот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Лоиҳаи бунёди майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, дар радифи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад.
Зикр шуд, ки майдони Парчами давлатӣ бо назардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда ва фаввораҳо зебу зинат дода мешавад, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон ҳусни тоза зам хоҳад кард.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 30 метр, паҳноии матои он 4 метр ва дарозиаш 8 метрро ташкил менамоянд.
Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ин дар навбати худ сокинони ноҳияро барои анҷом додани амалҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят хоҳад кард.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ ВА МАРКАЗИ ЗАХИРАВӢ 
28 сентябр дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиш ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд.
Иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо харҷи наздики 100 ҳазор доллари ИМА сохта шудааст.
Маркази захиравӣ ва майдончаи варзиш аз анборхона иборат буда, дар он барои аз 50 то 100 нафар муосиртарин таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, амволи рӯзгор барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида (дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода) ҷой дода мешавад.
Паймонкори иншооти варзиш ва маркази захиравӣ ҶДММ “Хок” буда, зимни сохтмон беш аз 100 нафар ҷавонони ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.
Майдончаи варзиш, дар баробари ба варзиш ҷалб намудани насли ҷавони ноҳия, ҳамчун паноҳгоҳ дар вақти ҳолатҳои фавқулода барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмат хоҳад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи муосири варзиш бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар доираи таъмини баробарӣ ва шароити дастрасу фарогир бунёд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити машқу тамрин дар майдончаи варзишӣ бо насли ҷавон суҳбат намуда, ифтитоҳи иншоотро, ки дар рӯзҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ба сокинони хуштолеи ноҳияи Шуғнон муборакбод гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти нигоҳ доштани ҳолати техникии ин ду муассиса ва омодабошии онҳо дар ҳама гуна вазъият, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, дастуру супоришҳо доданд.
Ҷавонони саодатманди Шуғнон аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои муосир барои равнақи соҳаи варзиш дар ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд, зеро дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ, дар баробари рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти ноҳия,  соҳаи варзиш низ рушд намудааст.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ШУҒНОН
28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, дар маркази ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, суханронӣ карданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун аз номи сокинони шукргузори ноҳия баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2021    №: 194    Мутолиа карданд: 3437
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед