маориф
ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН КӮДАКИСТОН БУНЁД НАМУД
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти томактабиро, ки бо харҷи 13 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд намуд, мавриди истифода қарор дод.
Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони «Шапарак» вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири муассисаҳои томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агриппина Шин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Иншоот бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, барои 200 кӯдак пешбинӣ шудааст. Он аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори бозии кӯдакон, толори хоб, толори қабули кӯдакон, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва техникӣ ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи дуюм толорҳои бозии кӯдакон, хоб, бозиҳои гимнастикӣ, омӯзиши мусиқӣ ва ҳуҷраи мураббиён ҷойгиранд.
Ин боргоҳи маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.
Бахтовар САФАРОВ,
корманди маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2021 №: 195 Мутолиа карданд: 4910