logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

 
ИФТИТОҲИ ЗЕРИСТГОҲҲОИ БАРҚИИ 110-КИЛОВОЛТАИ “ХОРУҒ” ВА “ПОМИР – 1”
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир – 1» оғоз бахшиданд.
Зеристгоҳи барқии «Хоруғ» дар назди НБО «Хоруғ» дар масоҳати 4850 метри мураббаъ ва зеристгоҳи «Помир – 1» дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд шудаанд.
Шиддати зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир – 1» 110 кВ буда, ҳар кадоми он дорои ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт мебошад.
Барои харид ва васлу насби таҷҳизоти навтарини соҳа дар зеристгоҳҳои «Хоруғ» ва «Помир – 1», ки марҳилаи сеюми лоиҳаи хусусии энергетикии Помирро дар бар мегирад, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва қисман аз тарафи ҶСК «Помир энерҷи» 1 миллиону 967 ҳазор ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 393,4 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардид.
Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир (марҳилаи III) ба беҳтар намудани фаъолияти «Помир энерҷи» ва баланд бардоштани самаранокӣ ҳамчун унсурҳои муҳими устувории дарозмуддат нигаронда шудааст. Лоиҳаи мазкур бо назардошти осебпазирии минтақа аз офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин, беҳбудии самаранокии неруи барқ ва идоракунии марҳилаи авҷи сарбории шабакаҳо бо харҷи кам тарҳрезӣ шудааст.
Татбиқи лоиҳа аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст, ки он тавоноии «Помир энерҷи»-ро баланд мебардорад.
Васлу насби таҷҳизот ва сохтмони зеристгоҳҳоро бо фармоиши «Помир энерҷи» мутахассисони ширкатҳои ватании «Мадад», «Помир энергосервис» ва «Худоёрбек» анҷом додаанд. Таҷҳизоти васлу насбшуда дар зеристгоҳҳо истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи олам мебошанд.
Зеристгоҳҳо имконоти навро дар самти коҳиши минбаъдаи талафот, таъмини беҳтар ва боэътимоди неруи барқи тоза ба шумораи бештари аҳолӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии неруи барқ фароҳам меоранд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, зеристгоҳҳои нав имкон медиҳанд, ки талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 мВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди ВМКБ ва, инчунин, минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин шавад.
Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври замонавӣ ва ҷавобгӯ ба меъёри соҳаи энергетика бунёд гардидааст.
Ба кор андохтани зеристгоҳҳо марҳилаи нав ва таърихии таъмини неруи барқ дар ВМКБ мебошад, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии минтақа ба иқтидори 110 кВ мерасад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдомҳои бузурги созандагӣ пеш гирифта шуданд, ки дар доираи онҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат неругоҳҳои хурду бузург ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёду навсозӣ гардиданд, ки сифати таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар шуд.
Айни замон бунёди чунин зеристгоҳҳои барқии баландшиддат дар вилоят хеле муҳим аст, зеро ҳоло сохтмони НБО «Себзор» оғоз ёфт.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони НБО «Себзор» ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуданд. НБО «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бомуваффақият анҷом ёфтанд. Ҳоло кӯчондани хонаҳои истиқоматии дар минтақаи сохтмонбуда ба дигар мавзеъ ва бунёди бинои маъмурии иншоот ба анҷом расида, тағйир додани маҷрои дарё ва корҳои заминӣ дар иншоот бомаром идома доранд.   
Татбиқи лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши лоиҳа 54 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. НБО “Себзор” дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, сохта шуда, он дар рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат беш аз 90 фоиз иҷро гардида, васлу насби сутунпояҳои оҳанӣ ва кашидани хатҳои барқии баландшиддат дар масири пешбинишуда бомаром ҷараён доранд. Дарозии хатти интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалисозии лоиҳа 4,1 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот соли 2022 ба кор андохта мешавад ва мушкилоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар самти дастрасӣ ба неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза бартараф хоҳад шуд.
 
БОЗДИД АЗ НАМОИШИ ТЕХНИКА 
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бо татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” шинос гаштанд.
Нахуст, Сарвари давлат аз техникаҳои манзилию коммуналӣ ва партовкашонӣ, ки ба маъраз гузошта шуданд, дидан карданд. Иттилоъ доданд, ки дар доираи лоиҳаҳои мазкур автомошинаҳои махсуси ёрии техникӣ, ассенизатор, асбоб-детектор оид ба муайян намудани ҷойҳои садама дар системаи обтаъминкунӣ, инчунин, шаш техникаи махсусу ёрирасон барои кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ харид гардида, баҳри хизматрасонӣ дар шаҳри Хоруғ сафарбар мешаванд.
Техникаҳо замонавӣ буда, фаъолияти кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғро дар самти хизматрасонӣ ба корхонаву ташкилот ва аҳолӣ бамаротиб беҳтар менамоянд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” ду стансияи канализатсионӣ таҷдид, бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсия таъмир, 14,7 километр лӯлаҳои обгузар барқарор ва ҳашт километр хатти оби нав кашида шуд.
Иқтидори ду пойгоҳи канализатсионӣ, ки таҷдид шудааст, 12 ҳазор метри мукаабро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Таҷҳизоти барқии пойгоҳҳо низ замонавӣ гардонда шуда, ба таври автоматӣ кор мекунад. Бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғ аз 13 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон иборат буда, ба таври муосир таъмир гардид. Ҳоло дар доираи лоиҳа сохтмони панҷ ҳавзи пасобтозакунӣ идома дорад. Масоҳати иншооти пасобтозакунӣ 1,5 гектарро ташкил медиҳад ва он берун аз шаҳр ҷойгир мебошад. Пасоби шаҳри Хоруғ дар чор марҳила полоида мешавад ва барои истифодабарӣ ҳамчун оби полизӣ имконпазир мегардад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки лоиҳаи “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” беш аз 90 фоиз иҷро шуд.
Иҷрои лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” бошад, 63 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур сохтмони партовгоҳи беруназшаҳрии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ идома дорад.
Масоҳати иншоот 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ҳоло дар ин партовгоҳ ширкати “Ҳаят гурӯҳ”-и Озарбойҷон бо ҷалби ҳафт техникаи пуриқтидор ва сохтмончиёни маҳаллӣ кор мекунанд.
Зимни шиносоӣ иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи баъдӣ дар ин минтақа таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ низ пешбинӣ мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот 75 фоиз иҷро гардидааст.
Бунёди бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хоруғро ҳам сохтмончиёни маҳаллӣ дар доираи барнома 75 дарсад иҷро намуда, ҳоло қисман корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюми бинои ёрирасон, аз ҷумла ҳуҷраҳои истироҳатии кормандон ва рангубори дигар биноҳоро идома дода истодаанд. Ин иншоот низ то моҳи декабри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Мавриди зикр аст, ки иншооти таъминоти об ва канализатсия, инчунин, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳри Хоруғ солҳои тулонӣ истифода гардида, куҳнаву фарсуда шудааст. Баъди татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2” ва “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ” сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа беҳтару хубтар гардида, шароити созгори зиндагӣ ба мардум фароҳам меояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои боқимонда ҳидоят карданд.
 
ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАИ БУНЁДИ ҚИТЪАИ АЛОҲИДАИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “ИШКОШИМ” 
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо лоиҳаи сохтмони қитъаи алоҳидаи Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 таъсис ёфт ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 23 марти соли 2011 иҷозати таъсиси қитъаҳои алоҳидаи минтақаро дар дигар шаҳру ноҳия дорад.
Дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қонунгузории амалкунандаи соҳа тасмим гирифта шуд, ки дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ қитъаи алоҳидаи Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” таъсис ёбад. Майдони ҷудошуда 30 гектарро ташкил медиҳад ва дар он бунёди 24 корхонаи саноатӣ дар назар аст.
Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз 24 корхонаи саноатие, ки сохта мешавад, бунёди шаштояш ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бо 50 ҷойи кор, коргоҳи истеҳсоли кафкҳои пластикӣ бо 30 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдоранда бо истифода аз технологияи сарфакунандаи энергия бо 20 ҷойи кор, инчунин, корхонаҳои истеҳсоли лӯлаҳои пластикӣ, коркарди мева ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба истифода дода мешаванд.
Маҷмуан, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳҳои мазкур беш аз 1000 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Коргоҳи коркарди меваи хушк ба фаъолият оғоз намудааст, ки дар як шабонарӯз наздики 5 ҳазор килограмм маҳсулоти ширинӣ истеҳсол менамояд. Корхона аз меваи маҳаллӣ ҳафт номгӯйи шириниҳоро бе иловаи шакар ва химия омода месозад. Ҳадафи асосии корхона илова ба истеҳсоли махсулоти ватанӣ, ҳамзамон, таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ мебошад. 
Дар қитъаи алоҳидаи Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бунёд мегардад. Ҳаҷми сармоягузорӣ маблағи зиёда аз 8,6 миллион сомониро ташкил дода, маҳсулоти он барои содирот ва таъмини бозори дохилӣ нигаронда шудааст. Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаи мазкур, бо назардошти мавсим 50 ҷойи нави кор таъсис меёбад.
Корхонаи дигари бунёдшаванда коргоҳи истеҳсоли кафкҳои пластикӣ мебошад. Ҳаҷми сармоягузорӣ 1,2 миллион сомонӣ буда, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 30 ҷойи нави кор ташкил мешавад.
Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигаҳдоранда аз технологияи сарфакунандаи энергия иборат буда, дар он зиёда аз 20 ҷойи нави кор таъсис хоҳад ёфт. Маблағи лоиҳаи мазкур 560 ҳазор сомонӣ мебошад.
Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи коргоҳи истеҳсоли лӯлаҳои пластикӣ ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ, ҳафт ҷойи нави кор таъсис меёбад. Маҳсулоти коргоҳ ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ нигаронда шудааст.
Корхонаи коркарди мева ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Маҳсулоти он ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ равона гашта, зиёда аз даҳ нафар бо кор таъмин мешавад.
Корхонаи истеҳсоли конструксияи металлӣ ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 28 ҷойи нави кор ташкил мегардад.
Корхонаи коркарди сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар масоҳати 1,5 гектар қомат меафрозад. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазору 440 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бо бунёди коргоҳ то 30 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардида, маҳсулоти он барои таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба давлатҳои ҳамсоя нигаронда шудааст. 
Афзалияти асосии бунёди қитъаи алоҳидаи иқтисодӣ ва сохтмони корхонаҳо дар он бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор дар ин вилояти кӯҳистони мамлакат мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар маркази дурдасттарин минтақаи аҳолинишини ҷумҳурӣ – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис додани қитъаи махсуси минтақаи озоди иқтисодӣ аз тадбирҳои муҳими татбиқи самараноки ҳадафи чоруми миллӣ – рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар беҳтар гардондани вазъи иқтисодию саноатии вилоят ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он нақши муассир мегузорад.
 
БОЗДИД АЗ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ 
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба Маркази саломатии шаҳрӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он баъди таъмиру навсозӣ шинос шуданд.
Марказ ҳанӯз соли 1987 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар партави таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ, ин муассисаи муҳими иҷтимоӣ-хизматрасонӣ навсозӣ гардид.
Таъмиру барқарорсозии Маркази саломатии шаҳри Хоруғ моҳи сентябри соли 2020 оғоз шуда, моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосиру зебо навсозӣ ва бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гашт.
Марказ дорои 41 ҳуҷраи корӣ ва хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 117 мутахассис фаъолият менамояд. Ҳамчунин, дар он 16 камераи назоратӣ насб шудааст ва фаъолияти бонизому бенуқсони кормандони марказ тавассути онҳо назорат мегардад.
Муассиса дорои ду шуъбаи тибби оилавӣ, маркази иммунизатсия, бемориҳои кӯдакона, шуъбаи ташхис, машварати тиббӣ, педагогӣ-психологӣ, ҳуҷраҳои сабти барқи дил, рентгени рақамӣ, сабти ҳуҷҷатҳо, асаб ва сабти майнаи сар, бронхоскопия, ултрасадои доплерӣ, хатна, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ, ошхона ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.
Иншооти тандурустӣ дар маркази шаҳри Хоруғ ба аҳолии шаҳр ва сокинони дигар ноҳияҳои вилоят хизмати саривақтии тиббию профилактикӣ мерасонад.
Мавриди таҷдиду навсозии куллӣ қарор гирифтани иншоот барои аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атрофи он имконият ва шароити мувофиқу муосири хизматрасонии тиббиро фароҳам овард.
Навсозию таъмир ва замонавӣ гардондани Маркази саломатии шаҳриро тамоми кормандони соҳаи тибби вилоят бо хушнудӣ истиқбол гирифта, ин иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тиб ва солимии ҷомеа арзёбӣ менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Маркази саломатии шаҳри Хоруғ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи босамари имконият ва шароити мувофиқи тиббӣ ва хизматрасонии босифату саривақтии тиббӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд. 
 
ИФТИТОҲИ МТМУ № 5
29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-умро ифтитоҳ карданд.
Бино дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд бо харҷи 9 миллиону 862 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ум, омӯзгоронро бо истифода аз имкони замонавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим вазифадор намуданд.
Иншоот аз ду ошёна ва 22 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои омӯзиш мутобиқ ба талаботи замон шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар синфхонаи компютерӣ хонандагон технологияи муосирро аз бар мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар сурати истифодаи мақсаднок аз имкони фароҳамшуда хонандагон метавонанд дар самти ихтироъкорӣ ва тавсеа бахшидани навовариҳои илмӣ дастовардҳои худро афзун гардонанд.
Ин тадбир дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои пешрафти тафаккури техникии хонандагон, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ мусоидат мекунад.
Муҳассилин метавонанд дӯзандагӣ, хӯрокпазӣ, дуредгарӣ, кафшергарӣ ва дигар ҳунарҳоро дар синфхонаҳои таълими меҳнат, ки барои духтарон ва писарон дар алоҳидагӣ ташкил шудааст, аз худ намоянд.
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ имкон дод, ки дар шаҳри Хоруғ тавассути бунёду навсозии муассисаҳои миёнаю олии таълимӣ шароити замонавӣ барои омӯзиш фароҳам гардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сифати таълимро барои хонандагон дар мамлакат аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.
 
МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТАНИ ХАТТИ ОБИ ОШОМИДАНӢ 
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Татбиқи лоиҳаи навсозии хатти оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшо моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида буд. Дар доираи амалишавии лоиҳа 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.   
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми корҳоро барои дастрасӣ пайдо кардани мардум ба оби тоза муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.  
Маблағгузории лоиҳа дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд таъмин гардида, наздики 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Об аз умқи 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ дастрас карда шудааст.
Норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Давоми солҳои ахир дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва маблағгузории маҳаллӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд.
Айни замон низ тадбирҳо ҷиҳати бо оби ошомиданӣ таъмин намудани мардум идома дорад ва ҳамагон оянда аз имконоти беҳтари хизматрасонӣ дар ин самт баҳрабар мешаванд.
 
ИСТИҚБОЛИ САМИМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ
29 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ оғоз гардид.
Ба ифтихори истиқболи сазовори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ идона ороста шуда, хурду бузурги вилоят бо эҳтироми хоса, оғӯши гарм, чеҳраи кушодаву руҳи болида, шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ Раҳбари хирадпешаву бунёдкор ва инсондӯсту раиятпарвари хешро самимона пешвоз гирифтанд.
Ҳангоми ҳаракати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кӯчаҳо аз ҳар як гӯшаи шаҳр овози даф ва суруду мусиқӣ шунида мешуданд.
Зимни суҳбати самимӣ ва сарироҳӣ бо сокинони меҳмоннавоз, аҳли зиё  ва мардуми сарбаланду заҳматдӯсти вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбати гарму самимӣ ба онҳо дар бораи иқдомоти шоиставу созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба рушду пешрафт ва шукуфоии дурдасттарин минтақаҳои кишвар, бахусус шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, татбиқи лоиҳаҳои арзишманд баҳри тараққиёти бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, бунёди роҳҳову пулҳо, нақбҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, манзилҳои истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои кор, зиндагии шоиста, таъмини амнияти давлату миллат ва оромию осудагии мардум андешаронӣ карданд.
Мардуми сипосгузори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хайрамақдам гуфта, барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳо, таъмини зиндагии шоистаи мардум, кишвари ободу зебо ва пешрафта изҳори сипоси бепоён намуданд.
 
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ 
29 сентябр дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо санаи муҳими таърихии 30-юмин солгарди Истиқлоли Ватан табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи идомаи иқдомҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ  сулҳу оромӣ, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи бошукӯҳи консертии аҳли ҳунари вилоят ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гардид, ки бисёр хотирмону дилнишин буд. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2021    №: 195    Мутолиа карданд: 3450
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед