мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИГОР КРАСНОВ
30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Россия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, робитаҳои зич ва муҳими мақомоти прокуратураи кишварҳоро дар ҳамкории шарикии стратегии Тоҷикистону Россия махсус таъкид намуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот паҳлуҳои мухталифи ҳамкориро дар самти таъмини амният дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, кибер-ҷинояткорӣ, аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилӣ, ки бо таҳмили идеологияҳои гуногуни динии радикалӣ дар ҷомеа алоқаманданд, баррасӣ карданд.
Вобаста ба вазъи мураккаб дар Афғонистон масъалаи мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир муҳокима гардид.
Дар зимн, аҳамияти иҷрои қарори Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ “Дар бораи рӯйхати созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ дар кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ” таъкид гардид.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти тафтиши муштараки парвандаҳои ҷиноятӣ, гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ, масъалаҳои истирдод ва расондани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноятӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави якдигар, баррасӣ гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2021 №: 196 Мутолиа карданд: 4564