Хабарҳо
МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ
Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода коргоҳи истеҳсоли макарон ва дӯзандагиву дару тирезаҳои пластикии ҶДММ «Диёр» ба истифода дода шуд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муллонаврӯз Муллонаврӯзов бунёд гардида, дар онҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешаванд.
Коргоҳи истеҳсоли макарон бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонда шуда, дар он шаш кас бо ҷойи корӣ таъмин гардид. Дар коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ чор нафар ва дӯзандагӣ чордаҳ нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Раиси вилоят ташкили чунин коргоҳҳои саноатиро барои рушди соҳаи саноат муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки ба роҳ мондани тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз ҳадафҳои асосӣ мебошанд. Бо чунин коргоҳҳо метавон эҳтиёҷоти ноҳияро ба маҳсулоти зарурӣ бароварда сохт ва дар оянда доираи фаъолиятро васеъ кард.
Дар ноҳия тайи чанд соли охир ба ташкили корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз тамоми имконият истифода бурда мешавад.
Дар идомаи сафар раиси вилоят бо корҳои сохтмони меҳмонхонаи хусусӣ ва бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии «Сино» ошно шуда, барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо тавсияҳо дод.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1744