logo

Хабарҳо

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

Ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, мардуми деҳа ва масъулони соҳа дар деҳаи Сӯфӣ - Орифи Ҷамоати деҳоти Зарҳалол хати нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд. Бояд зикр намуд, дар деҳаи мазкур 8533 нафар ба сар мебарад.
Ба иттилои масъулон, сохтмони хати оби нӯшокӣ бо маблағгузории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонда шуд. Оби ошомиданӣ аз Ҷамоати деҳоти Пошкент тавассути қубури полиэтилении қутраш 160 миллиметра аз масофаи 7 километр ҷорӣ гардида, аз қубури асосӣ ба деҳаи Сӯфӣ - Ориф дар ҳаҷми 22 литр дар як сония ҷорӣ мешавад.
Дар ин ҷода хизматҳои сокинони деҳа, хоссатан Шофозил Ҳомидов, Саидмурод Миразизов, Зафар Бониёзов, Хайрулло Бониёзов, Юнус Шарифов, Ҷамол Ҳасанов, Илҳом Ашуров, Шӯҳрат Одилов ва дигарон назаррас арзёбӣ мегардад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аҳолии деҳа, беморхонаи минтақавӣ, муассисаи таълимии № 2 ва 1 бунгоҳи саломатӣ пурра бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд. 
Иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳот амалӣ гардидааст.
Мардуми сарбаланди деҳаи Сӯфӣ - Ориф аз ин туҳфаи арзанда хушҳол гардида, миннатдории худро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар изҳор менамоянд. Зеро мушкили чандинсолаи онҳо дар арафаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳал гардид.
 
Саъдулло САЙФУЛЛОЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1755
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед