logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, мулоқот бо сокинону фаъолон ва иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ноҳияи Муъминобод сокинони меҳмоннавоз самимона истиқбол гирифтанд.
 
БОЗДИД АЗ БАРҚАРОРСОЗИИ ТОКЗОР ДАР МАВЗЕИ “ЗАРТЕППА”
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни барқарорсозии токзор дар мавзеи "Зартеппа"-и деҳоти Деҳибаланд шинос шуданд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои нави бошишгоҳи саҳроиро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дорои чор толор ва ошхона буда, барои истироҳату фароғати коргарону мутахассисон пешбинӣ мешавад.
Иттилоъ доданд, ки хоҷагидорон дар майдони токзори мавзеи “Зартеппа”, ки зиёда аз 140 гектарро ташкил медиҳад, навъҳои серҳосили ангури маҳаллиро парвариш менамоянд.
Дар гузашта ин мавзеъ ба хоҷагии “Мичурин” мансуб буд, ки аз ҳисоби истеҳсоли ангури хушсифат дар Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрати зиёд дошт. Бинобар таъсири баъзе омилҳо, майдони токзор рӯ ба нестӣ овард.
Баъди соҳибистиқлолӣ, аз ҷониби ҶДММ “Тоҷвайн” зиёда аз 50 гектар майдони токзор барқарор гардида, мутахассисон корҳои агротехникии қаторҳо, насби сутунпояҳо, кашидани ноқилҳои байни қаторҳо барои бастани ниҳолҳои токи ангур ва дигар тадбирҳои вобаста ба фаровонҳосилиро анҷом доданд.
Дар токзори ҷамъият сокинони маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарон, бо ҷои кор таъмин шуданд.
Аснои мулоқот бо зиёда аз 40  ятиму бепарастор, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хониши хубу аъло, забономӯзӣ ва аз худ намудани донишҳои замони муосир ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ятимону бепарасторон тадбирҳои муассирро амалӣ менамояд.
 
КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ШАРБАТБАРОРИИ ҶДММ “ТОҶВАЙН” МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муштараки шарбатбарориро дар деҳаи Шаҳринави деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод мавриди истифода қарор доданд.
Он аз ҷониби ҶДММ “Тоҷвайн” дар масоҳати 3,5 гектар бунёд ёфта, бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар рафти  сохтмон зиёда аз 150 нафар ба кор ҷалб гашт.
Хатти технологии корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти истеҳсолгардидаи он дорои сифати баланд ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст.
Дар ҳудуди корхонаи мазкур иншооти барҳавои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва анборҳои нигоҳдории ашёи хом бунёд ёфта, роҳҳои дохили он мумфарш шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии он дар як соат коркарди зиёда аз 10 тонна ангур буда, оянда ин нишондод бо назардошти имконоти мавҷуда зиёд мешавад.
Корхонаи муштараки шарбатбарорӣ аз се коргоҳи асосӣ – коркарди ангур, шустани зарфҳо ва рехтани шарбат ба зарфҳо иборат аст.
Дар корхонаи мазкур 40 нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, ба кори мавсимӣ зиёда аз 100 кас ҷалб мегардад.
Дар муассисаи истеҳсолӣ аз ангури шаҳдбори мамлакат, ки аз лиҳози экологӣ тоза аст, 5 номгӯи шарбат истеҳсол мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи мазкур, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд.
Имконоти дастрасии корхонаи шарбатбарорӣ бо ашёи хом баробари барқарорсозии майдони токзори нав бештар гардид. Ҳамчунин, масъулони корхонаи мазкур тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ ангурро аз хоҷагиҳои токпарварии мамлакат низ дастрас менамоянд.
Бо бунёду барқарорсозии токзори нав, ки майдони парвариши он тадриҷан васеъ мегардад, иқтидори истеҳсолӣ дар корхонаи муштараки шарбатбарорӣ бештар мегардад.
Дар саҳн ва атрофи корхонаи муштараки шарбатбарорӣ бо истифода аз шароити мусоид дар майдони 0,4 гектар боғи гелос ва дар 1 гектар боғи сиёҳолу бунёд ёфтанд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи босамари ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар соҳибкорон дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
 
БУНЁДИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ВА ГУЛГАШТ 
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 45 метрро ташкил дода, аз тарафи ҶДММ «Ҳасанбегӣ» бунёд гардид.
 Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,6 гектар доман густурда, дар саҳн ва атрофи он 320 бех дарахти гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои зебою нодир шинонда шудаанд.
Бунёди майдони Парчами давлатӣ дар қатори дигар иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Муъминобод дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, дар баробари шукӯҳу зебоӣ бахшидани симои ноҳия, инчунин, дар самти боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва арҷгузории насли имрӯзу ояндаи мамлакат ба ин муқаддасоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Саҳни майдони Парчами давлатиро бунёди гулгашти зебою назаррабо ва дилфиребу ҷолиб ба мавзеи мусоиди истироҳатию фароғат ва сайругашти сокинон табдил додааст.
 
ИФТИТОҲИ ОСОРХОНА ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави осорхонаи ноҳияи Муъминободро мавриди истифода қарор доданд.
Он ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосиру санъати баланди меъмории миллӣ бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Зимни сохтмон 45 мутахассис ба кор ҷалб шуда буд.
Осорхона дуошёна буда, дар қабати якуми он толорҳои нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳоии мардумӣ мавҷуданд, ки давраҳои гуногуни таърихи ноҳияи Муъминободро бозгӯ мекунанд. Ҳамчунин, дар ин ошёна толори калон бо масоҳати 256 метри мураббаъ, хазина, ҷойи посбонон ва даҳлез ҷойгиранд.
Ошёнаи дуюми осорхона аз толори намоишӣ (256 метри мураббаъ) иборат буда, дар он нигораҳо, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои карантинӣ ва нигоҳдории либос, ташхисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуд мебошанд.
Нигораҳо ва тасвирҳо аз гузаштаи таърихи куҳани ноҳияи Муъминобод шаҳодат медиҳанд.
Тавре иттилоъ доданд, дар осорхона 50 ёдгории таърихӣ, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо гардид, ҳифзу нигоҳдорӣ мешавад.
Дар атрофи иншоот бо масоҳати 120 метр роҳравҳо навсозӣ шудаанд. Инчунин, ҷиҳати зебо нигоҳ доштани иншооти мазкур атрофи он сабзкорӣ гашта, дарахтони ороишию сояафкан парвариш мешаванд.
Дар шафати осорхонаи ноҳияи Муъминобод қалъаи қадима воқеъ аст, ки, тибқи сарчашмаҳои муътамади илмӣ, мансуб ба асрҳои XI – XII мебошад.
Саҳни осорхона ободу зебо гардида, насби чароғакҳои ранга ва дигар ороишот ин мавзеъро ҷолибу диданӣ сохтааст.
Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иншооти зиёди фарҳангӣ бо тарҳи муосир бунёд ёфта, ёдгориҳои таърихӣ низ навсозӣ шудаанд, ки ҳамасола даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо дидан мекунанд.
Ҳангоми намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ, аҳли заҳмат маҳсули меҳнаташонро муаррифӣ намуданд. Аз фаровонии меваҳои шаҳдбору аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сабзавоту зироати кишоварзӣ аён буд, ки дастовардҳои меҳнаткашон дар ин самтҳои хоҷагидорӣ афзун гардида, фаъолияти кишоварзон босамару натиҷабахш аст.
Намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ ҷолиби диққат буд. Атласу адрас ва чакану зардӯзиҳо, ки маҳсули ҳунари нотакрори занону бонувон ба шумор меравад, дар сатҳи шоиста ба маъраз гузошта шуданд.
Солҳои ахир дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои мардумӣ рушду тавсеа ёфта, фаъолияти бонувон дар ин самт беш аз пеш густариш меёбад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 8 КИЛОМЕТР РОҲИ НАВСОЗИШУДАИ  НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳашт километр роҳи навсозишудаи ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар баробари бунёду навсозии иншооти таъноти гуногун, аз ҷумла маъмурию хизматрасонӣ, саноатию сохтмонӣ ва фарҳангиву варзишӣ, роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод низ бо саҳми аҳолӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ гардида, барои сокинони заҳматдӯсти ин гӯшаи диёр шароити арзандаи кору зиндагӣ муҳайё мегардад.
Бо мақсади фароҳам овардани имконоти зарурии рафтуомади сокинону меҳмонон, роҳҳои дохилии ноҳияи Муъминобод дар қитъаҳои алоҳида асфалтпӯш шуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Гулистон, роҳи автомабилгард ба масофаи 2 километр, бо гузоштани 3 лӯлаи обгузар, ба маблағи 1,92 миллион сомонӣ бо саҳми соҳибкорони ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
Дар кӯчаи марказии ноҳия ба масофаи 0,6 километр роҳ мумфарш гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар қитъаҳои дигар бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расиданд. Мавриди зикр аст, ки, дар раванди созандагию бунёдкориҳо, бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ роҳи мошингарди деҳаи Тутқавул – Ҷалоқ ба масофаи 4 километр таъмиру навсозӣ ва роҳи автомобилгард (1,5 километр)-и корхонаи коркарди ангур асфалтпӯш шуданд.
Сокинони ноҳияи Муъминобод аз роҳҳои ободу ҳамвор, ки дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст таъмиру таҷдид мегарданд, изҳори хушнудӣ менамоянд.
Таъкид гашт, ки роҳҳои дохилӣ 514 километр ва ҷодаҳои марказии ноҳия 28 километрро ташкил медиҳанд, ки ҳамасола марҳила ба марҳила навсозӣ мешаванд.
 
ИФТИТОҲИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТИИ ҶДММ “ЗАРКОРОН” 
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулистони ноҳияи Муъминобод комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Комплекси агросаноатӣ ба ифтихори Ҷашни бузурги умумимиллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ,  инчунин, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашт.
Самти асосии фаъолияти комплекси навбунёд, ки дар ҷумҳурӣ беназир аст, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва коркарди он мебошад. Ҳадаф аз бунёди иншоот, татбиқи амалии илм дар истеҳсолот буда, барои рушди соҳаҳои кишоварзию саноат боз як қадами устувор гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки ин мавзеъ қаблан санглоху бекорхобида буд ва бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари ғамхори миллат ва иқдоми соҳибкори маҳаллӣ ба гӯшаи ободу зебои саноатию аграрӣ табдил ёфт.
Дар маҷмуъ, бо таъсиси комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон” қариб 30 нафар, ки бештари онҳо занону бонувони маҳаллианд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. 
Масоҳати комплекс 23 гектар буда, роҳҳои дохилии он асфалтпӯш ва чароғон шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз ҳавзи моҳипарварӣ (0,3 гектар), ки дар он беш аз 10 ҳазор дона гулмоҳии гуногунвазн нигоҳубин мешавад, ба усули муосири парвариши онҳо баҳои баланд доданд. 
Ҳавзи  моҳипарварӣ бо технологияи махсуси парвариш ва истеҳсоли гулмоҳӣ бунёд шуда, ҳарорати оби он пайваста муътадил буда, барои афзоиш ва вазнгирии моҳиҳо басо мувофиқ аст.
Бо мақсади таъмини гулмоҳӣ бо ғизои консентратӣ, дар назди ҳавзи моҳипарварӣ анбори захира ва нигаҳдории хӯроки моҳӣ сохта шуд. Бо истифода аз таҷрибаи ғании моҳипарварӣ дар хоҷагӣ парвариши моҳиҳои наслдеҳро низ ба роҳ мондаанд, ки хоҷагиҳои моҳипарвари ҷумҳурӣ дар асоси шартнома метавонанд, аз ин ҷо моҳичаҳо дастрас намоянд.
Атрофи ҳавзи моҳипарварӣ бо завқу салиқаи баланди зебоиофарӣ гулкорӣ шуда, онро дарахтони ороишии ҳамешасабз низ, зинат мебахшанд. 
Барои истироҳату фароғати коргарону меҳмонон дар як гӯшаи ҳавзи моҳипарварӣ, дар иҳотаи гулу буттаҳои рангоранги назаррабо суҳбаткадаи барҳаво бунёд гардид. Ҳамчунин, дар канори роҳравҳои атрофи он курсиҳои бароҳат гузоштаанд. Дар ин мавзеъ, ки дар домани табиати биҳиштосои кӯҳсор ҷойгир аст, инсон аз тамошои гулмоҳиҳо бо мавҷи нуқрасони оби кӯл руҳу илҳоми тоза мегирад.
Боғпарварӣ низ аз самтҳои асосии фаъолияти комплекси агросаноатӣ буда, масоҳати боғҳо 8,74 гектарро дар бар мегирад, ки дар онҳо, асосан, дарахтони себ, олу, гелос, бодом ва дигар навъи меваҳои шаҳдбор парвариш мешаванд. Бо назардошти ҳавои мусоиди ноҳия дар масоҳати 2,14 гектар боғи интенсивӣ бунёд ёфт. Тавре иттилоъ доданд,  соли оянда дарахтони себ бояд ҳосил диҳанд.
Боғи интенсивӣ мутобиқи талаботи муосири парвариши ниҳолҳо ташкил гардид. Ба ақидаи мутахассисон, ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 8 – 10 маротиба аз боғҳои муқаррарӣ зиёд мебошад. Зеро тартиби ниҳолшинонӣ дар боғҳои интенсивӣ, асосан, аз рӯйи меъёр байни қатори ниҳолҳо аз 3 то 4 метр паҳноӣ ва  масофа миёни ниҳолҳо бошад, аз 1 то 1,5 метрро дар бар мегиранд. Ҳамин тариқ, дар як гектар аз 1500 то 2700 ниҳол шинонда шуда, ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар аз 30 то 40 тонна ҳосил рӯёнда мешавад. Дар боғҳои интенсивии хоҷагӣ якчанд навъи дарахтони себ, ки бештар барои содирот пешбинӣ гардидаанд, шинонда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи боғпарварӣ ва истифодаи босамари замин дар комплекси агросаноатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам васеъ кардани замини боғҳои дарахтони мевадиҳанда ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Таъкид шуд, ки бо истифода аз оби фаровон, замини ҳосилхез ва иқлими мусоид истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ки аз лиҳози экологӣ тоза мебошад, зиёд гардида, ба хориҷӣ кишвар бештар содирот шавад. Аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод кардани маҳсулот даромади иқтисодии хоҷагӣ бештар мегардад.
Дар комплекс бо санъати баланди миллии меъморӣ меҳмонхона бунёд ёфт, ки дорои даҳ ҳуҷраи барҳаво  мебошад. Ҳуҷраҳои он бо мебелу таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳату фароғати кормандон, меҳмонон ва таҷрибаомӯзон шароити арзанда фароҳам аст. Дар долони он, ки барҳаво мебошад, мизи мудаввар бо курсиҳои бароҳат гузоштаанд.
Мутахассисони маҳаллӣ бунёди меҳмонхонаи замонавиро бо сатҳу сифати баланд ва истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ба анҷом расондаанд. Барои боз ҳам зебою назаррабо шудан, саҳни иншооти истироҳатию фароғатӣ сабзазор гардида, дарахтони ороишӣ шинонда шудаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фермаи ширию молии комплекси агросаноатӣ, ки аз чор бино иборат буда, дар он чорвои ширдеҳи зотҳои шведӣ, голштинӣ, сиёҳало, симменталӣ парвариш мешаванд ва ба шароити иқлими ноҳия мутобиқанд, дидан карданд.
Бинои якуми ферма барои нигоҳубини гӯсолаҳои навзод ва то шашмоҳа пешбинӣ шудааст. Бинои дуюм ва чорум барои парвариши чорвои ширдеҳ ва бинои сеюм толори ширдӯшӣ буда, занону бонувони маҳаллӣ дар як вақт аз 25 сар чорво бо истифода аз таҷҳизоти муосир шир медӯшанд, ки ин раванд аз як ҷиҳат, тозагии шир ва сифати аслии онро таъмин кунад, аз тарафи дигар, вақтро  сарфа  менамояд.
Ба иттилои масъулон, дар як шабонарӯз аз ҳар сар чорво 16 – 18 литр шир бо равғаннокии 3,8-фоиза ҷӯшида мешавад. Дар ферма дар як рӯз аз 350 то 400 литр шир истеҳсол мегардад. Барои нигаҳдории сифат ва хусусиятҳои табиии шир ҳамаи амалиёти коркарди аввалияи шир дар зарфи калонҳаҷм ба роҳ монда шуда, он баъдан ба корхонаи коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширии назди ҶДММ “Заркорон” интиқол меёбад.
Барои гузарондани корҳои зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво дар ин ҷо буқаҳои зотӣ низ парвариш мешаванд. Ба ҳисоби миёна аз 100 сар чорвои калон 85 – 90 сар гӯсола мегиранд. Хӯроки дурушту ширадори чорворо, аз қабили юнучқа, ҷуворимакка ва амсоли инҳо, дар заминҳои назди хоҷагӣ ҷамъ меоваранд. Барои таъмини чорво бо хӯроки ширадор, аз қабили тарбеда ва силос, ду чоҳи амудӣ сохта шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар комплекси агросаноатӣ ҳашт ҳазор сар мурғи тухмдеҳи зоти «Ломан Браун»  парвариш мешавад. Комплекс бо  технология  ва  таҷҳизоти муосири соҳавӣ, ки аз кишварҳои пешрафтаи олам дастрас ва васлу насб гардид, муҷаҳҳаз мебошад.
Дар ин ҷо барои парвариши мурғи сермаҳсул шароити зарурӣ фароҳам буда, санҷиши ҳарорати бино, намнокӣ ва равшании он ба таври автоматӣ идора мешавад. Мурғпарварон ҳамарӯза аз 7000 то 7200 дона тухм истеҳсол карда, ба бозорҳои истеъмолии ноҳияи Муъминобод ва шаҳри Кӯлоб пешниҳод менамоянд. 
Ғизонокии тухмҳо баланд буда, ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯст. Хӯроки парандаро мутахассисони маҳаллӣ, асосан, дар комплекс истеҳсол менамоянд.
Дар шафати фермаи чорводорӣ ва парандапарварӣ дар майдони кушоду барҳаво парвариши шутурмурғ, мурғи марҷон, сесарка ва харгӯш ба роҳ монда шудааст. Истифодаи ин таҷрибаи самаровар имкон медиҳад, ки саршумори ҳайвоноти хонагӣ бамаротиб зиёд шуда, истеҳсоли гӯшти парҳезӣ бештар гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯсту ташаббускор барои бунёди иншооти азими аграрию саноатӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд  бардоштани  сатҳи  некуаҳволии мардум аст, сипос гуфта, барои рушди фаъолияти меҳнатӣ ба онҳо барори кор орзу намуданд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ РОҲИ МОШИНГАРДИ КӮЛОБ – МУЪМИНОБОД
4 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Кӯлоб – Муъминободро ба истифода доданд.
Он, асосан, 41 километрро дар бар мегирад, ки 35 километраш бо харҷи 195,4 миллион сомонӣ дар доираи марҳилаи сеюми “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар зарфи ду сол навсозӣ шуд.
Фармоишгари татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Муъминобод” Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Роҳи мазкур, ки солҳои зиёд ба таъмиру тармим ниёз дошт, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асфалтпӯш гашта, ба категорияи 3-юм мансуб аст. Бо бунёди роҳи автомобилгард, ки ба меъёрҳои роҳсозии замони имрӯза ҷавобгӯст, барои рафтуомади сокинон ва меҳмонон шароити арзанда фароҳам омад.
Ёдовар  мешавем, ки  барои  татбиқи  лоиҳаи  “Таҷдиди  роҳи  автомобилгарди Кӯлоб – Муъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 сентябри соли 2019 оғоз бахшида буданд. Ба иттилои масъулон, ҳангоми навсозии роҳи мошингард, ҳамзамон, таъмиру тармими 35 километр роҳ, инчунин, сохтмон ва таҷдиди 6 пул низ ба анҷом расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои татбиқи босамари лоиҳаи "Таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминобод” ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдӣ, ба роҳсозон изҳори сипос намуда, таъкид сохтанд, ки он солҳои тулонӣ ба мардум хизмат хоҳад кард.
Мусаллам аст, ки сохтмони роҳ аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад. Тибқи лоиҳа, инфрасохтори зарурӣ дар ин роҳ, аз қабили 50 лӯлаи обгузар, дар мавзеъҳои обҷамъшаванда бунёду таъмир гашта, дар зиёда аз 35 километр ҷӯйборҳои бетонӣ, такядеворҳо ва воситаҳои иҳотакунанда бунёд ёфтанд.
Барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ хатҳои уфуқӣ кашида шуда, 15 деҳа бо сутунпояҳои 7-метра равшаннамоӣ гардидааст. Дар шафати роҳи мошингарди деҳаҳо роҳҳои пиёдагард низ бунёд ва аломатҳои роҳ гузошта шудаанд. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин истгоҳҳо таъмиру навсозӣ ва бо системаи равшанидиҳӣ таъмин гардиданд.
Сокинони заҳматпешаи ноҳияи Муъминобод барои талошҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста сипосу миннатдорӣ баён карданд.
Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи баландкӯҳи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва ба ин мавзеъ ҷаҳонгардони хориҷӣ бештар ташриф меоранд. Аз ин рӯ, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ва бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар самти бештар ҷалб кардани туристони дохиливу хориҷӣ аҳамияти бузург доранд.
Солҳои пеш ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути ин қитъаи роҳ бо мушкилӣ ҷараён мегирифт. Навсозии роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва талошҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ҳамарӯза ба воситаи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Ҳамзамон, тамоми молу маҳсулоти содироту воридотшаванда интиқол меёбад.
Дар ҷараёни роҳсозӣ аксари коргарон сокинони маҳаллӣ буданд. Зимни ифтитоҳи роҳи мошингарди Кӯлоб – Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон изҳори сипос карданд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом дода, натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои ноҳияро давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ таҳлил намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯсти ноҳияи Муъминободро бо Ҷашни бузурги миллӣ ва санаи таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба онҳо хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуданд.
Дар  охир, Сарвари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  итминон  изҳор  доштанд, ки мардуми заҳматпешаву хирадсолори ноҳияи Муъминобод бо фаъолияти пурсамари хеш барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар оянда низ ҳиссаи ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки он таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.
 
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Сарвари хирадпеша ва ояндасоз – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва сокинони шарафманди ин шаҳри бостонӣ бо шаҳомати хоса истиқбол гирифтанд.
 
ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 
5 октябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони барӯманди халқи тоҷик оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотиҳаи нек намуданд.
Бояд гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат табдил ёфтааст.
Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии башарият, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин, хизмати ин олими барҷаста дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
 
БУНЁДИ БИНОИ ДАСТАИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ ВКД
Дар  идомаи  сафари  корӣ  дар  шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бинои дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ доданд, ки иншоот бо назардошти талаботи кории мақомоти мазкур бунёд гардида, сеошёна мебошад. Бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, нуқтаҳои алоҳидаи алоқа, анборҳои нигоҳдории маводу лавозимоти махсус аст.
Барои гурӯҳҳои зудамал дар ду ошёнаи он хобгоҳ ҷой гирифтааст. Хобгоҳ бо катҳои бароҳат, мизу курсӣ ва ҷевон муҷаҳҳаз буда, барои истироҳати кормандон имконияти мусоид фароҳам овардаанд.
Ҳамчунин, иншоот дорои толори варзиши  бо тамоми асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз ва ошхонаи замонавист.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии шароити хизматии кормандони мақомоти қудратӣ бунёд ёфт.
Бунёди биноҳову фароҳамсозии шароит дар саросари мамлакат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бомаром идома дошта, дар ин замина, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ низ, бо шароити хуб таъмин мебошанд.
Сохтмони бинои дастаи таъиноти махсуси ВКД дар шаҳри Кӯлоб тули як сол ба анҷом расида, гирду атрофи он бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зинат ёфтааст.
Зимни боздид ва шиносоӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконоту шароити фароҳамовардашуда баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки ба обутоби ҷисмонӣ ва тамринҳои пайвастаи ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНИИ “ШУКРОНА” 
5 октябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти замонавии чорошёна дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби оилаи Исмоилзодаҳо бунёд гардид. 
Ба хотири сарфакории неруи барқ, гармидиҳӣ тавассути ангишт ба роҳ монда шуда, дастандаркорон ҷиҳати ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. 
Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши маводи рӯзгор ва асбобҳои маишӣ ҷойгир аст.
Бояд гуфт, ки дар заминаи таҳкими муносиботи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон, роҳбарияти маркази хизматрасонӣ бо ширкати «Артел»-и Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ дошта, маҳсулотро бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд.
Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои зарурии либосшӯӣ фурӯхта мешаванд, ки сифати баланд доранд. Қаблан, дар шаҳр коргоҳи хушкашӯӣ мавҷуд набуд ва сокинон ҷиҳати ҳалли эҳтиёҷот ба шаҳри Душанбе мерафтанд. 
Дар ошёнаи сеюми бино коргоҳи дӯзандагӣ бо 30 дастгоҳи замонавии тахассусӣ таъсис ёфт. Дар марказ, асосан, занҳо ба кор ҷалб шудаанд. 
Бунёди ин маҷмааи хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади ҳиссагузории бештар дар ободонии маҳал, рафъи мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва мусоидат ҷиҳати бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандон сурат гирифт.
Дар ошёнаи чоруми бино меҳмонхонаи дорои тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст.
Иттилоъ доданд, ки бунёди Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” соли 2018 оғоз ёфта, масоҳаташ 1260 метри мураббаъ мебошад. Баъди ба истифода додани иншоот, зиёда аз 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд, ки бештар аз 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 
Тавре таъкид мешавад, оилаи Исмоилзодаҳо тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии Тоҷикистон саҳми шоиста гузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон баҳои баланд дода, ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои дастрас ба аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хадамоти маишӣ нисбат ба сокинони шаҳр дастуру ҳидоятҳо доданд.
 
ИФТИТОҲИ ҚИТЪАИ РОҲИ КӮЛОБ – ШАМСИДДИН ШОҲИН 
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳинро ифтитоҳ карданд.
Он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буда, пойтахти кишварро бо шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин васл мекунад ва яке аз дарвозаҳои асосӣ барои пайваст намудани Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин дар идомаи роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб дар асоси ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардида, дар доираи татбиқи марҳилаи навбатии лоиҳавӣ навсозӣ шуд.
Дар маросими оғози сохтмони роҳ, моҳи сентябри соли 2019, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисону роҳсозонро бобати анҷоми босифати он вазифадор карданд.
Ҳадафи асосии сохтмони ин қитъаи роҳ таъмини бехатарӣ ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин, сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳамаи фасли сол ва таъсиси ҷойҳои кор дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсоз Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ буда, паймонкори асосӣ ширкати чинии Хинҷиян Констракшн ва Энержиан Групп ЛТД ва Консалтинг компани ЛТД мебошанд.
Дарозии роҳи мазкур 32 километрро дар бар мегирад.
Иттилоъ доданд, ки қитъаи роҳи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардида, дар шаҳри Кӯлоб паҳноии умумии роҳ аз 21 то 23 метр ва дар дигар мавзеъҳо то 17 метрро ташкил медиҳад. Ин қитъаи роҳи мошингард аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии стандартиаш 12 метр ва паҳноии қисмати роҳи мошингард 7 метр мебошанд. Канораҳои роҳ ба 2,5 метр баробар буда, мувофиқи меъёрҳои сохтмонӣ, аз километри 6,6 то километри 21-ум бо назардошти нишебии тулонӣ ва таъмини ҳаракати бехатар се хатти ҳаракат бунёд шудааст. Дар роҳ, мувофиқи лоиҳа, 3 пул бо дарозии 220 метри тулонӣ бунёд ёфт.
Ҳангоми сохтмон аз тарафи мутахассисон лӯлаҳои обгузар васл шуда, корҳо дар самти бунёди такядеворҳои оҳану бетонӣ, мумфаршкунии қабатҳои алоҳидаи роҳ бо сифати баланд ба анҷом расиданд.
Барои таъмини бехатарии роҳ сохтмони деворҳои муҳофизатӣ, пиёдароҳҳо, канорасангҳо ва равшаннамоии минтақаҳои аҳолинишин  ҷавобгӯ ба стандарҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардид.
Корҳои сохтмониро 490 коргар, аз ҷумла 400 корманди маҳаллӣ бо ҷалби 76 техникаи махсус, ба сомон расонданд.
Таҷдиди роҳ бо ибтикори созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашта, ҳамарӯза аз тариқи он ронандагону мусофирон ва сайёҳони зиёде сафар мекунанд. Тавассути роҳ молу маҳсулоти содирот ва воридотшаванда интиқол меёбанд. Бунёди роҳ аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дошта, дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат заминаи устувор мегузорад.
Сиёсати роҳсозии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат марҳила ба марҳила самар меорад ва дар ин самт қадамҳои устувору қатъӣ гузошта мешаванд. Тайи солҳои ахир, бо талошҳои хастагинопазири Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаш марҳила таҷдиди роҳи мошингарди Кӯлоб – Қалъаихумб бо сифати баланд анҷом ёфт. Дар натиҷа, зиёда аз 170 километр масири мошингард дар ин самти ҳаракат ба стандарҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мутобиқ гардид. Дар умум, навсозии бештар аз 58 километри ҳамин қитъа тавассути Маркази татбиқи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ бо ҷалби шарикони рушд ба сомон расид.
Ҷараёни сохтмони ин қитъа пайваста таҳти назорати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Ҷалби мутахассисони варзида, истифодаи техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ ва фаъолияти шабонарӯзӣ ба пешрафти корҳо дар ин роҳи байналмилалӣ замина гузошт.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб –Шамсиддин Шоҳин, мутобиқи дастури роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дидбонгоҳ барои сарҳадчиён ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, як хонаи модару кӯдак, иншооти ёрирасон, се таваққуфгоҳ барои мошинҳои боркаш ва истгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфтанд. Ҳамзамон, дар километрҳои 182 – 250-уми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, воқеъ дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиат осеби ҷиддӣ дида буд, лӯлаҳои обгузари оҳанубетонӣ бо дарозии 140 метр ва деворҳои оҳанубетонӣ бо дарозии 80 метр ба истифода дода шуд. Дар қитъаи мазкур корҳои оҳанубетонӣ ва тадбирҳои ободонӣ бо сифати баланд ба анҷом расиданд.
Воқеан, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин дар самти татбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки бо ин мақсад таҳти ҳидоятҳои хирадмандона ва дастурҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба сомон расонда, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд ёфтанд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар солҳои минбаъда 1500 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд менамояд. Маҷмуан, дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Ҳамин тавр, ба шарофати дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ зимни танҳо ҳамин сафари корӣ дар доираи амалисозиии лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди “Кӯлоб – Қалъаихумб”, аз ҷумла роҳи автомобилгарди «Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин», дар шаҳри Кӯлоб беш аз 100 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бунёд гаштанд.
Ин тадбир барои ҳаракати бемамонияти нақлиёт дар тамоми фасли сол, интиқоли саривақтии молу маҳсулот ва сафари бехатари шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Ҳар як иқдоми созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳсозӣ қадамҳои устувор барои ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
 
БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 46 
5 октябр дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 оғози расмӣ бахшиданд.
Таълимгоҳ дар ду баст барои 600 хонанда пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфт ва аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад. Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика мавҷуданд. Ба хотири омӯзиши касбу ҳанар, дар муассиса синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёниятҳои зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, бунёди муассиса мушкилоти аҳолии маҳаллаи Чаманзорро, ки мактаб надошт, ҳал намуд, зеро то ин дам хонандагон роҳи дарозро тай намуда, барои дарс омӯхтан ба маркази шаҳри Кӯлоб мерафтанд.
Бояд ёдовар шуд, ки имсол аз маҳаллаи зарардида 35 хатмкардаи муассисаҳои таълимӣ бо мусоидати Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ барои таҳсил ба коллеҷҳо ва мактабҳои олии Тоҷикистон ба таври имтиёзнок дохил шуданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ “Далер” бунёд ёфт.  
Муассиса дуошёна буда, дорои 10 синфхона, ҳуҷраҳои  ёрирасон,  китобхонаи замонавӣ, ошхона бо имкониятҳои муосир ва толори варзиш мебошад.  
Иншоот дар масоҳати як гектар бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудуди он сафолакпӯш гардидааст. Ҳамчунин, дохили муассисаро бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зинат додаанд. Дар назди таълимгоҳ майдончаи муосири замонавӣ бунёд карда, барои гузарондани машғулиятҳои варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам овардаанд.
Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, барои сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро боиси таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат ба хонандагон тавсия доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.
 
БИНОИ 9-ОШЁНА МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ
Дар маҳаллаи 15-уми шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматии 9-ошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.    
Он барои хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд гардид. Лоиҳаи иншоотро ҶСК “Шаҳрофар” таҳия намуд.
Иншоот дорои 36 ҳуҷра буда, аз хонаҳои ду ва сеҳуҷрадор иборат мебошад. Дар маҷмуъ, масоҳати ҳуҷраҳо 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои истиқоматӣ бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, қолин ва дигар лавозимот, инчунин, бо оби гарму хунук ва хатти мустақили гармидиҳӣ таъмин шуданд.
Дар гирду атрофи иншоот корҳои ободонӣ ба сомон расида, барои сайругашт ва фароғати истиқоматкунандагон имконоти зарурӣ фароҳам мебошад. Аз ҷумла, барои кӯдакон майдончаи алоҳидаи бозӣ бо дастгоҳҳои дилхушӣ вуҷуд дошта, дар атрофи бино нишастгоҳҳо насб гардидаанд. Намои берунаи иншоот бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.
Бинои истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи тантанаҳои 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатӣ маҳсуб меёбад.
Хизматчиёни давлатӣ ба Сарвари ғамхору меҳрубони худ барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз доштанд, ки ин ташаббус масъулияти онҳоро дар самти иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам зиёд менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ гаштанд, таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати софдилона ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят карданд.
 
ТАҚДИМИ ТУҲФА БА ЯТИМОН ВА СУПУРДАНИ КАЛИДИ ХОНА 
5 октябр дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави баландошёнаи истиқоматиро бо марказҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ мавриди истифода қарор дода, бо ятимон мулоқот карданд.
Нахуст, баъди ифтитоҳи бино, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои накуи инсондӯстӣ ба се нафар, аз ҷумла сарбози дар марзи Тоҷикистон ҷароҳатбардошта, корманди содиқи Вазорати корҳои дохилӣ ва шахси камбизоат калиди манзилҳои истиқоматиро тақдим намуданд.
Дар ошёнаи якуми бинои нави истиқоматӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи наку бо ятимон мулоқоти самимӣ карданд.
Ин навбат 43 нафар кӯдакону наврасони шаҳри Кӯлоб, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар маҳрум шудаву зери ғамхории ҳамешагии Пешвои халқпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, аз ҳадяҳои арзишманд баҳравар шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни солгарди соҳибистиқлолии Ватанро ба ин насли сазовори кишвар таҳният гуфта, ба онҳо хушрӯзгорӣ, хониши аъло ва садоқат ба давлату миллатро орзу карданд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша тарбияи насли наврас ва ниёзмандонро дар мадди назари худ қарор дода, то ба ҳаёти мустақил гусел кардан, нигоҳубин менамояд. Барои зиндагиву таҳсили онҳо ва илму касбомӯзиашон тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.
Таваҷҷуҳ ба беҳтарсозии сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини тамоми шароити хизмати онҳо ҳамеша дар мадди назари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат барои хизматчиён ва оилаҳои онҳо манзилҳои истиқоматӣ тақдим карда, барои фарзандони содиқ ва муҳофизони шуҷоъ беҳтарин имкониятҳоро муҳайё месозанд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ҶДММ “ПАРКИ НАССОҶИИ ШАҲРИ КӮЛОБ”
Дар маҳаллаи Чармгарони Поёни шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода,  бо сифати маҳсулот ва имкониятҳои корхона шинос шуданд.
Он дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол менамояд ва маҳсулоташ ҳамчун моли рақобатпазир ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Айни замон ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешаванд.
Бояд қайд кард, ки замони Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳурӣ 49 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардид. Ҳоло бошад, танҳо дар се корхонаи саноатии кишвар – корхонаи Ваҳдат текстили шаҳри Душанбе, корхонаи нассоҷии ноҳияи Вахш ва Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб бештар аз 100 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад, ки ҳам бозори дохилиро таъмин менамояд ва ҳам ба Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ содирот мешавад.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, дар муҳлатҳои наздик боз панҷ корхонаи истеҳсоли ҷӯроб дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд меёбад.
Корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло сохта шуда, ин иқдом барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард.
Хатҳои технологӣ аз ширкатҳои маъруфи Италия, Туркия ва Чин харид гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулоти баландсифату рақобатпазир истеҳсол шавад.
Корхонаи истеҳсоли ҷӯроб айни замон 250 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 15 дастгоҳи истеҳсоли нӯги ҷӯроб, 6 дарзмол ва 110 дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо дошта, беш аз 500 навъи ҷӯроб истеҳсол менамояд. Аз истеҳсол то рангубор ва ороиши ҷӯробҳо дар корхона сурат мегирад.
Дар корхонаи навтаъсис 500 сокини маҳаллӣ, ки, асосан, бонувон мебошанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб шуда, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.  
Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, ришта барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз коргоҳҳои мамлакат дастрас мешаванд.
Иттилоъ доданд, ки 80 фоизи таркиби маҳсулоти корхонаи мазкур аз нахи пахта иборат аст ва ин афзалият имкон медиҳад, ки харидорони маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои дохилу хориҷ зиёд бошад. 
Ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” идомаи тадбирҳо дар роҳи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат буда, ин иқдом ба афзоиши иқтидори истеҳсоливу содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, бозорҳои  кишвар бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулонро ба риояи талаботҳои байналмилалӣ ҳангоми истеҳсолот ҷалб намуда, дар ин самт ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. 
 
ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар шаҳри Кӯлоб, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, тамоми сокинони ватандӯсту ватанпарвар, намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори Ҷашни муқаддасу бузурги миллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонд. Барои расидан ба чунин рӯзҳои осудаву босаодат, яъне ҳифзи истиқлолу озодӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми ватандӯсти вилояти Хатлон ва хусусан, сокинони ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлоб, фидокориву ҷоннисориҳои зиёд кардаанд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми қадршиноси Тоҷикистон хизмати таърихии онҳоро ҳамеша арҷ мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни бузурги миллии 30-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд, ки тараннумгари комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 -200    Мутолиа карданд: 3739
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед