logo

номаҳо

БОВАР ДОРАМ, КИ БА ДОДАМ МЕРАСАНД

Номаам аз ноилоҷист – ноилоҷӣ аз мушкилоте, ки ҳалли онро худи давлат ба ухда дорад ва ин масъулият яке аз асоситарин воситаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои одамон аст, ки кафолати ҳифзи судиаш меноманд. Дар назари аввал, дар ин гуна мавридҳо мо – шаҳрвандонро чӣ ҷойи ташвишу нигаронист: кафолат ваъда нест, - кафолат аст, яъне татбиқаш барои давлат ҳатмиву ногузир аст, бахусус вақте сухан аз хусуси ҳокимияти судӣ, яъне дар бораи таъмини адолату ҳақиқат меравад.
Вале, инак, ҳашт сол аст даркӯбиву давутоз ба хотири дарёфти ҳамон кафолат маро натиҷае намедиҳад. На суд монд, на прокурору на мақомоти дигар – чи болову чи поён.
Ман баринҳо кам нестанд: ҷойе шунидам, ки теъдодамон даҳҳо ҳазор аст. Дар даст ҳалномаи судии дилхоҳ дорем, вале қурбе надорад...
Аз сабабҳои мушкилии дигарон чизе гуфтан ҷоиз нест. Ҳақ надорам. Вале он чи ки худи маро боиси сарсониву саргардониҳои тулонист, боварӣ дорам, беинсофист, худсаристу қонуншиканӣ. Далел? Ба ин тафсилоти мухтасар таваҷҷуҳ кофист.
Соли 2004 бо андешаи беҳтар кардани шароити зист манзилеро дар ноҳияи Рӯдакӣ пайдо кардам ва бо соҳибхоназан О.К. Азизова шартномаи харидуфурӯшро бо тамоми ҷузъиёташ, ки қонун талаб дорад, таҳияву ба имзо расондем, аз ҷумла дар нотариус онро тасдиқ ҳам кардем. Маблағи харидро бошад, дар ҳузури шоҳидон ба номбурда додам. Вале, ин зан ваъдахилофӣ кам буд, ки ҳатто пули худамро нахост баргардонад.
Ба суди ноҳия муроҷиат кардам. Пас аз давутози бисёр суд ҳарчанд ҳаққи маро эътироф кард, вале бо вуҷуди ҳама гуна далели мавҷуда, танҳо ва танҳо гапи О.К. Азизоваро ба эътибор гирифту хулоса баровард, ки моҳияти шартнома хариду фурӯш нест – гӯё дар асл ман ба он зан қарз дода бошам. Ин дар ҳолест, ки то муомилоти хонахарӣ, ба қавле «ҳафт пушти» он зану шавҳару ҳатто пайванду наздиконашонро на дида будам, на шунида.
Ҳам худиву ҳам бегона гуфтанд: фарқаш нест, ҳаққатро, сарфи назар аз он ки маблағи харид аст ё қарз, суд эътироф кардааст ва онро бояд баргардонӣ. Бо ҳамин қаноат бикун.
Аммо баъдтар ба моҳияти масъала сарфаҳм рафтам. Вақте баҳс атрофи хариду фурӯш буд, хонаи баҳсиро суд бо талаби ман ба ҳабс гирифт, то ки минбаъд дар таъмини даъво, яъне баргардондани маблағ мушкилие пеш наояд. Ва вақте суд муомилотро на хариду фурӯш, балки қарздиҳӣ маънидод кард, бо иддаои О.К. Азизова суд гирифту ҳабсро бекор кард- гуфт: ҳабс барои хариду фурӯш буд, на барои қарздиҳӣ. Ин баҳонае буд, то О.К. Азизова аз масъулият раҳо ёбад. Аз ин рӯ, мантиқи ҳодисаҳои минбаъдаро фаҳмидан душворие надорад: О.К. Азизова хонаро гирифту дарҳол ба номи модараш гузаронд. Худаш бошад, ба Туркия рафт. Пулу сарват дорад, додугирифт карда метавонад, ба тиҷорат машғул аст – чи ин ҷову чи он ҷо – дар Туркия дар ташкилотҳои хориҷӣ кор мекард, шавҳараш солҳои тулонӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовар соҳиби вазифа буд...
Барои тақвияти хулоса аз хусуси он, ки ин амалҳо нақшаи пешакӣ кашидашудаесту дар он суд нақши асосӣ дорад, дар хотимаи андешаҳоям мехоҳам ба як маълумоти дигар ишора бикунам:
Ҳамон судя, ки хонаро аз ҳабс озод кард, алҳол ба иллате таҳти тафтиш қарор дорад. Бояд зикр кард, ки ин судя, дақиқтараш Раҳматзода Т.Р., бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021, таҳти рақами 146 аз вазифаи судягӣ озод карда шудааст.
Ҳайронам боз кай ва киҳо аз масъулин бояд ҳабс шаванд, то ки дар ниҳояти кор давлат иқрор гардад, ки сабаби аслии бадбахтиҳои ману ман баринҳо чист?
Ба ғайр аз касбу маоши омӯзгориву  мартабаи илмӣ чизе дар бисотам надоштаму надорам... Куҷое наравам, мегӯянд, чӣ чора, он зан дар хориҷа аст, дастамон намерасад.
Бале, вақте ин ҷо буд, ин дастҳо кӯтаҳӣ карданд, куҷо расанд, ҳоло ки берун аз кишвар аст...
 
Сайфулло МУРОДОВ,
сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зафар, х.46,
дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 
ба номи Абуалӣ ибни Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 6905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед