logo

ҳуқуқ

АЛИМЕНТ. АЗ САРКАШӢ ТО МУШКИЛОТИ РАВОНӢ

Пардохти алимент дар канори пошхӯрии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон, то кунун яке аз масъалаҳои ташвишовар ё доғи ҷомеа боқӣ мондааст. Бар пояи иттилои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо давоми шаш моҳи соли равон судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар иртибот ба саркашӣ аз пардохти алимент 319 парвандаи ҷиноятиро баррасӣ намуда, ҳукмҳои дахлдор содир намудаанд. Чаро дидаю дониста падар ё модар аз додани маблағи алимент ё таъминоти фарзандони ноболиғи худ саркашӣ менамоянд, қонунгузорӣ дар ин самт кадом меъёрҳоро пешбинӣ менамояд ва роҳи ҳалли ин мушкили хатарзо кадом аст?
 
ҚОНУНГУЗОРӢ ЧӢ МЕГӮЯД?
Мувофиқи моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дорад. Тибқи моддаҳои 80 ва 85 Кодекси оила бошад, падару модар вазифадор аст, ки фарзандони ноболиғи худ ва фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати худро, ки ба кумак эҳтиёҷманданд, таъмин намоянд. 
Дар ҳоли саркашӣ кардан аз таъмини фарзанд нисбат ба онҳо бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ (бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон) парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад. Ин банди қонун, корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз яксаду бист то яксаду ҳаштод соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо муқаррар кардааст. 
 
САРБОРӢ Ё ИҶРОЧӢ 1200 САНАДИ СУДИРО ЧӢ ГУНА МЕТАВОНАД ИҶРО НАМОЯД?
Тибқи иттилои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ зиёда аз 84 000 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент мавҷуд мебошад. Ин рақам агар бо шумораи иҷрочиён қиёс кунем, пас ба сарбории ҳар иҷрочӣ бо назардошти дигар санадҳои судӣ аз 800 то 1200 санади судӣ рост меояд. Танҳо дар як сол, яъне соли 2020 барои иҷрои маҷбурӣ 11 330 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент ворид гардидааст, ки ситондани доимии давравиро пешбинӣ менамоянд. Ва ин рақам тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар шаш моҳи соли равон ба бештар 7300 расидааст.
Тавре Ю. Юсуфзода, муовини якуми сардори Хадамоти иҷро, дар нишасти матбуотии ахири ин ниҳод зикр кард, бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент аз ҷониби иҷрочиён нисбат ба 372 нафар барои чораҷӯйӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод ирсол шуда, нисбат ба 213 қарздор тибқи талаботи моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардидааст. 
Дар баробари шахсоне, ки аз пардохти маблағи алимент саркашӣ мекунанд, боз ҳастанд нафароне, ки бо сабабҳои узрнок, яъне надоштани ҷойи кори мувофиқ, тангии шароит муддате наметавонанд маблағи муаяйннамударо супоранд. 
Бино ба гуфтаи Абдулло Абдукаримов, намояндаи Хадамоти иҷро, дар ин ҳолат мувофиқи қонунгузорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешавад. Инчунин, ба муддати 3 моҳ муҳлат дода мешавад то қарзашонро супоранд. 
-Афроде ҳам вомехӯранд, ки надоштани ҷойи кори мувофиқро баҳона пеш меоранд. Вале, санҷишҳо нишон доданд, ки баҳонаи аксари онҳо асоси воқеӣ надорад, - гуфт, Абдулло Абдукаримов. 
Ба андешаи Ю. Юсуфзода, яке аз омилҳои таъмин нагардидани иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, аз ҷумла алимент аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ва судӣ наандешидани чораҳо оид ба таъмини даъво ба ҳисоб меравад.
 
АЛИМЕНТ КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ФАРЗАНД НЕСТ!
Ҷомеашиносон ба ин назаранд, ки саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон шароити ҳаёти онҳоро бад намуда, ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ мерасонад ва инкишофи муқаррарии ноболиғонро вайрон месозад.
Сабоҳати Рустам, сардори шуъбаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала бо нигаронӣ иброз дошт, ки фарзанд бояд дар муҳити оила тарбия ёбад. Зеро беҳтарин арзишҳои инсониро дар муҳити оилаи солим меомӯзад. 
– Агар имрӯз, як қисми падару модарон, барқасдона аз пардохти алимент саркашӣ менамоянд ва ё қисми дигар аз тангдастӣ уҳдадории худро иҷро наменамоянд, вале ҳастанд нафароне, ки бар иловаи маблағи таъинкардаи суд ба фарзандонашон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Бо вуҷуди ин, дар сурати бемонеа пардохти алимент ҳам, ояндаи хуби фарзандон кафолат дода намешавад. Зеро шарти асосии камолоти дурусти фарзандон дар оилаи солим ва зери тарбияи якҷояи падару модар аст, - гуфт Сабоҳати Рустам. 
Ба андешаи Аюбҷон Ширинов, мудири бахши робитаҳои байналмилалии Хадамоти иҷро, ҳолатҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки кӯдакон аз таъминоти моддӣ, тарбияи падару модар ва дар баъзе ҳолатҳо аз таълим дур мемонанд. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ба содир намудани ҳаргуна ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ноболиғон оварда мерасонад. Ин ҳолат боиси он гаштааст, ки шикояти занон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба бадқасдона саркашӣ намудани падарон аз пардохти маблағи алимент рӯз то рӯз зиёд шавад. 
- Дар баробари ин, ҳатто, ҳолатҳое ҳастанд, ки волидон аз пардохти алимент бадқасдона саркашӣ намуда, бар замми ин боз даст ба ҷиноят мезананд, - гуфт А. Ширинов. 
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки хушбахтона нафароне ҳастанд, дар баробари иҷрои ҳукми суд, инчунин, фарзандонашонро аз нигоҳи иқтисодию иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд. Бояд ҳамин тавр ҳам бошад, зеро новобаста аз он ки кӯдак дар тарбияи кӣ ҳаст, фарзанди онҳо мебошад.
 
АЗ БЕКОРИШАВИИ 6476 АҚДИ НИГОҲ ТО ПЕШНИҲОДИ ҶАЗОИ ВАЗНИНТАР
Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми шаш моҳи соли равон дар кишвар 6476 ақди никоҳ бекор шудааст. Агар ин рақамро ба ҳамин давраи як соли пеш қиёс кунем 990 адад зиёд мебошад. Агар сол ба сол зиёд гардидани шумораи бекоршавии ақди никоҳ як паҳлуи мушкилот бошад, паҳлуи дигари ин проблема ба тарбияи яке аз волидон гузаштани фарзандони онҳо мебошад. Ҳамагӣ дар нимсол бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо 6701 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон гузошта шудааст, ки ин омил боз баҳси алиментро дар ҷомеа ба миён меорад. 
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин назаранд, ки барои коҳиш додани амалҳои саркашии падару модар аз таъминоти фарзанд, бояд аз нигоҳи қонунгузорӣ ҷазоҳои вазнинтар пешбинӣ гардад. Ҳарчанд, ин барои решакан намудани ин омил шуда наметавонад, вале метавон ба таври чашмрас бартараф намояд. 
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2021    №: 199 -200    Мутолиа карданд: 2990
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед