сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд.
Зимни суҳбати дӯстона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтарам Владимир Путинро бо зодрӯзаш сидқан табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатияш комёбиҳои нав ба навро орзу намуданд. Пешвои миллат фаъолияти пурмаҳсули муҳтарам Владимир Путинро дар маснади Президенти Федератсияи Россия ва саҳми шоёни ӯро дар рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия ба таври хосса таъкид карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Владимир Путинро, ҳамчунин, ба муносибати баргузории бомуваффақияти чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Россия муборак гуфтанд.
Президентҳо ба муколамаи худ атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили мубрами таъмини амнияти минтақавӣ идома бахшида, ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2021 №: 201 Мутолиа карданд: 768