logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот, суҳбату мулоқот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони вилоят гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Намояндагони аҳли фарҳангу зиё ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу шодӣ ба Президенти маҳбуби хеш садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилоятро эҳдо намуданд.
 
ТОЛОРИ ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОНИ ОЛИМАҚОМ  ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХУҶАНД
Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори вакилони расмии фурудгоҳро баъди навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ ифтитоҳ намуданд.
Толор ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 810 метри мураббаъ навсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавии хизматрасонӣ муҷаҳҳаз ва дар он барои мусофирону меҳмонон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки толори вакилони расмии Фурудгоҳи баиналмилалии Хуҷанд солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, то имрӯз таъмир нагашта буд. Ҳадаф аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонии он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ барои  мусофирон  маҳсуб  меёбад.  Баъди  навсозӣ,  дар  толори мазкур нахустин чорабинӣ – мулоқоту суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакон, ки ба ҳукми тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, самимона ва бо меҳри падарона суҳбат намуданд. Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо сарулибос ва маблағи пулӣ тақдим доштанд. Кӯдакони ятим доимо аз ғамхории падаронаи Сарвари давлат бархӯрдоранд, онҳо ҳеҷ гоҳ худро яккаву танҳо ҳис намекунанд ва дар симои Роҳбари давлат пушту паноҳ ва саробону сарпарасти худро доранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дархосту хоҳиши кӯдаконро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон бори дигар дастуру супориш дода, таъкид сохтанд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдуд бояд то ба воя расидану ба ҳаёти мустақил гусел кардан, таҳти назорату ғамхории доимӣ қарор гирад.
 
БИНОИ НАВИ АЭРОВОКЗАЛ 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро ба истифода доданд.
Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои бунёдкорӣ, созандагию ободонӣ вусъат ёфта, дар асоси нақшаҳои наву лоиҳаҳои замонавӣ инфрасохтори фурудгоҳ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон, таъмини бехатарии авиатсиониву парвозҳо ва мутобиқ намудани инфрасохтори Фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои байналмилалӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии бинои аэровокзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” солҳои 2016 – 2021 амалӣ шуда, дар марҳилаи аввал толори хизматрасонии пешазпарвозӣ ва қабули мусофирони бинои нави аэровокзал бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 220 миллион сомонӣ аз ҳисоби воситаҳои молиявии Фурудгоҳ бунёду муҷаҳҳаз шудааст.
Бинои нави аэровокзал дар асоси лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии техникии ширкати “Аэр Ант”-и Қазоқистон ва лоиҳаи сохтмонии ҶСК “Суғдинтиз” бо тарҳу намуди хосса, ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ бунёд гашт.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҶДММ “Муҳандис” ва ширкати “Алюминиюм”-и Туркия анҷом ёфта, корҳои васлу насби таҷҳизоту лавозимоти техникию технологӣ ва пардозгариро ширкати “Осмонли”-и Туркия иҷро кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмону муҷаҳҳазгардонӣ баҳои баланд дода, ташаббусҳои роҳбарияти Фурудгоҳ ва иштироки фаъолонаи коргарону мутахассисонро шоиста арзёбӣ намуданд. Ба истифода додани бинои нави аэровокзал имкон медиҳад, ки дар як вақт ба 400 – 500 мусофир хизмат расонда шавад.
Мутобиқи лоиҳа ва нишондиҳандаҳои техникии бинои аэровокзал дар масоҳати 30 ба 64 метр аз тарафи пеши бино ва 36 ба 64 метр аз тарафи перрон васеъ шуда, ҳоло масоҳаташ 84 метр ба 64 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз дохил 14,6 метр ва аз берун 17,2 метр аст. Ҳамчунин, мутобиқи лоиҳа аз ду тарафи аэровокзал ба самти перрон ду галерея бо дарозии 22 метр сохта шуда, барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷми тамғаҳои чун “Аэробус А 320” ва “Боинг 767 – 300” 4 зинаи телескопӣ васл мешавад.
Дар марҳилаи минбаъдаи татбиқи лоиҳа муҷаҳҳазгардонии техникии бино бо таҷҳизот барои таъмини бехатарӣ, лифтҳои махсус барои мусофирони маъюб, эскалаторҳо ва дигар лавозимоти аэровокзал пешбинӣ гардидааст.
 
МАҶМААИ “ДУОИ МОДАР” 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ эҳтироми модар ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизматҳои онҳоро таъкид намуда, фармудаанд: “Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад.Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва, аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад”.
Ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи 1300 рӯзи ободонию сабзазоркунӣ, чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар саҳни он муҷассамаи “Дуои модар” бо баландии  13 метр бунёд гардид, ки дар кишвар назир надорад.
Саҳни муҷассамаи “Дуои модар” бо фаввораҳои чароғон ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил ёфтааст. Ин мавзеи ҷолиб барои тамошои меҳмонону сайёҳон дар фурудгоҳ маҳсуб меёбад ва дуои модар фатҳу кушоиш барои ҳар фард дар зиндагӣ ва кору рӯзгор аст.
Баъди ифтитоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шахсони ватандӯст баҳри ободии як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, ин амали онҳоро шоистаи таҳсин хонданд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕРҲОИ АСБЕСТӢ 
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари корӣ ба шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии ҶДММ “Ганҷофар” - ро ифтитоҳ бахшида, иқдоми соҳибкоронро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар муҳиму шоиста арзёбӣ намуданд.
Он бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Самадов дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон бунёд гардида, иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз 500 дона шиферро ташкил медиҳад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар масоҳати 1,16 гектар дар муҳлати як сол бо васлу насби таҷҳизоти технологӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ “Элегант”-и шаҳри Бӯстон анҷом додаанд. Хати технологӣ аз ҷониби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардида, аз озмоиш гузаштааст. Идоракунӣ ва ҷараёни корро дар асоси технологияи рақамӣ ва автоматӣ мутахассисони ватанӣ амалӣ менамоянд. Дар корхона 25 нафар коргарону мутахассисон бо маоши баланд фаъолият менамоянд.
Соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои давлатӣ барои воридоти ашёи хом, асбестро аз Федератсияи Россия ва Қазоқистон мехаранд. Дар истеҳсоли шифер сементи истеҳсоли корхонаи ватанӣ истифода мегардад. Шиферҳои асбестӣ, ки дар корхона истеҳсол мешаванд, маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва суҳбат бо соҳибкорон, мутахассисону коргарон, таъкид доштанд, ки танҳо технологияҳои пешрафта ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир кафили рушди босуботи иқтисоди миллӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва раҳоии иқтисодиёт аз вобастагии берунӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону мутахассисони корхона дастуру супориш доданд, ки бо истифода аз имкониятҳо корхонаро васеъ намуда, ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва истеҳсоли номгӯи нави маҳсулотро ба роҳ монанд. Муассис ва соҳибкорони корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста, ҷорӣ намудани имтиёзу сабукиҳо изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки дар масоҳати мавҷуда коргоҳи истеҳсоли рубероидро бунёд менамоянд. Бо таъсису бунёди чунин корхонаҳо дар шаҳри Бӯстон ҳаҷму номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи молу колои корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, ки дар саҳни корхона ташкил шуд, дидан намуданд. Дар он маҳсулоти сохтмонию ороишии корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ гардид. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи саноат нақшаю тадбирҳо амалӣ гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷму номгӯи маҳсулоти саноатӣ афзун мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо маҳсулоти саноатии намоишгоҳ, ба сифати онҳо баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар таъсиси корхонаҳои соҳа бо вориду истифодаи технологияҳои пешрафта соҳибкорони ватанӣ нақши шоиста доранд. Баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тадбирҳо амалӣ гардида, маҷмуи маҳсулоти саноатӣ меафзояд.
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 10 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ таъсис ёфтанд, ки дар онҳо истеҳсоли беш аз 20 номгӯи маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ба роҳ монда шуд. Дар ҷумҳурӣ 13 корхонаи истеҳсоли шифер (вилояти Суғд 4-то, вилояти Хатлон 3-то, шаҳри Душанбе 3-то ва шаҳри Ҳисор 3-то) фаъолият менамояд. Иқтидори умумии онҳо 4,2 миллион донаро ташкил дода, 397 сокини маҳаллиро бо кор таъмин кардаанд.
Соли 2020-ум 1 миллиону 842 ҳазор дона шифер ба маблағи 50,3 миллион сомонӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 422 ҳазор дона зиёд аст. Дар ҳашт моҳи соли 2021 1 миллиону 328 ҳазор дона шифер истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 338 ҳазор дона беш мебошад.
Соли 2021-ум бо иштироки Роҳбари давлат дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 1,1 миллион дона ба фаъолият оғоз намуд. Инчунин, ду корхонаи нави шифербарорӣ – ҶДММ “МУАЗ”дар шаҳри Душанбе ва ҶММ “Юсуфҷон 2020” дар шаҳри Ҳисор мавриди истифода қарор гирифтанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо амалӣ шудани тадбирҳои созанда, воридоти маҳсулоти асбестӣ, аз ҷумла шифер, шаш маротиба кам гардид.
 
МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ХУСУСИИ “ВОРИСОНИ ИЛМ” 
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон бинои Муассисаи таълимии хусусии “Ворисони илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаб дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси оилаи Рауповҳо бо харҷи беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Бино сеошёна буда, дорои 18 синфхона бо 460 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ мебошад.   Таҳсил дар муассисаи навбунёд ба забони русӣ сурат гирифта, омӯзиши забонҳои англисӣ ва хитоӣ низ дар назар аст. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани  Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф (2020 – 2040) дар мактаб тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Дар саҳни он майдончаи варзиш бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои ҷисмонӣ шароити мусоид фароҳам мебошад. Ҳамзамон, дар ошёнаи сеюми бинои нави таълимӣ толори варзиш ҷой гирифта, хонандагон ба баскетбол, волейбол ва каратэ-до ҷалб хоҳанд гашт.   
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони Муассиса суҳбат намуда, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф ёд оварданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ғамхориҳо барои ояндаи дурахшони насли наврас мебошад. Дар ҷавоб ба ин наврасону ҷавононро мебояд хуб таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони содиқ ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, бо шароити таълиму тарбия дар кӯдакистони хусусии “Ворисони илм”, ки соли 2015 аз ҷониби оилаи Рауповҳо бунёд гардид, шинос гаштанд. Айни замон дар он 100 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба дӯстрӯякон туҳфаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд, ки кӯдакони хуштолеъ аз  ғамхории Сарвари давлат шоду мамнун гардиданд.
Дар шаҳри Бӯстон 12 муассисаи таълимии томактабӣ буда, дар онҳо беш аз 2 ҳазор кӯдак дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба камол мерасад. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.
 
МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТИ ЗАРЗАМИН 
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои навбунёди Маркази саломатии деҳоти Зарзаминро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, дар он шароити зарурии хизматрасонии тиббӣ муҳайё шудааст.
Қаблан,  Маркази  саломатии деҳоти Зарзамин дар бинои собиқ ҷамоати деҳот фаъолият дошт ва беш аз 30 корманди соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонд.
Зимни шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нав бо харҷи 2 миллиону 278 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд гардида, атрофи онро сабзу хуррам ва ободу зебо гардондаанд. Он дуошёна буда, дар ошёнаи якум ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, рентгенӣ, табобати дандон, таҳлил, ултрасадо ва дар ошёнаи дуюм маъмурият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, гузарондани сӯзандору ва хатна ҷойгиранд.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази саломатии деҳоти Зарзамин ба маблағи 1 миллиону 179 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти зарурии тиббӣ ворид шуд, ки ин тасмим дар таъмини солимии ҷомеа ва осон шудани кори кормандони соҳаи тандурустӣ мусоидат мекунад. Дар ҳудуди он нуқтаи ёрии таъҷилӣ иборат аз 5 ҳуҷра бо харҷи беш аз 170 ҳазор сомонӣ аз таъмир баромада, барои фаъолияти кормандон шароити зарурӣ фароҳам гардид. Дар ин деҳот наздики 15 ҳазор нафар ба сар мебарад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустӣ суҳбати самимӣ намуда, ба шахсони масъул супориш доданд, ки шароити хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии дигар деҳоти дурдаст низ беҳтар шавад.
 
КӮДАКИСТОНИ ЗАРЗАМИН  
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи томактабии Зарзаминро ба истифода доданд.
Кӯдакистони мазкур барои тарбияти 160 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст. Иншоот аз ду ошёна, хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст. Бо бунёди он 20 ҷойи кор фароҳам омада, барои кор мутахассисони баландихтисоси соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб гардиданд. Раванди таълим дар муассиса, асосан, бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда мешавад. 
Кӯдакистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд ва дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфт. Дар шафати бинои асосӣ ошхона, маҷлисгоҳ ва суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад. Муассиса бо таҷҳизот, кату рахти хоб, мизу курсиҳо, аёният ва дигар ашёҳои барои таълими томактабӣ зарурӣ муҷаҳҳаз аст. Мураббиёну мутахассисон, ҳайати методии кӯдакистон бо истифода аз тарзу усулҳои фаъоли таълим дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии ба рушди таҳсилоти томактабӣ равонагашта нақши босазо мегузоранд.
Президенти мамлакат таъсиси муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кӯдакон муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи онҳо, махсусан дар деҳот, вазифадор намуданд.
 
 КӮДАКИСТОНИ “МАХЗАНИ ИЛМ” ДАР ДЕҲОТИ ХИСТЕВАРЗ 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб-кӯдакистони “Махзани илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд ёфт. Муассисаи мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тарҳу лоиҳаи хосса барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандагону кӯдакон пешбинӣ мегардад. Дар он 40 хонанда ба машғулиятҳои иловагӣ – омӯзиши амиқи забонҳои англисӣ, олмонӣ, хитоӣ ва русӣ фаро гирифта мешавад, ки барои ин имконияту шароитҳои меъёрӣ фароҳам омадаанд. Бино дорои 2 синфхонаи таълимӣ ва иншооти ёрирасон мебошад.
Ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ва дар  раванди таълим истифода шудани адабиёти иловагӣ аз роҳу омилҳои босифати таълим ва омӯзиши забонҳо мебошанд. Дар шафати мактаб кӯдакистон бунёд шуд, ки он аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар шаш гурӯҳ 120 кӯдак тарбият мегирад. Ҳамаи гурӯҳҳо дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, бо кату рахти хоб, таҷҳизот ва ашёву аёниятҳо муҷаҳҳазанд. Дар таҳхонаи иншоот, асосан, толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷойгиранд. Муассиса, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои корӣ барои роҳбарият, кормандон, ҳамшираи шафқат ва равоншинос мебошад.
Раванди таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ, асосан, ба забони русӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон, ҳамчунин, ба омӯзиши забонҳои англисиву хитоӣ ва машғулиятҳои варзишӣ ҷалб мешаванд. Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон чор суҳбаткадаи мавсимӣ бунёд ёфта, девори иҳотавӣ ва дохили гурӯҳҳо бо расму тасвирҳои каҳрамонони афсонавӣ мутобиқ ба завқу шавқи кӯдакон оро ёфтаанд. Ҳудуди муассиса сабзазору гулкорӣ шудааст. Тарбиятгирандагон дар чор вақт бо ғизои солим таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд кардани шумораи кӯдакистонро дар маҳалу деҳот барои фарогирии ҳар чи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
 
МАКТАБИ “ДУРАХШАНДАГОН” ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ 
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.
Дар қисми асосии бино мактаби замонавии “Дурахшандагон” таъсис ёфтааст.
Аснои шиносоӣ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии сеошёна бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кор ба омӯзгорон ва таҳсили хонандагон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шуд.
Муассисаи таълимии “Дурахшандагон” бо назардошти талаботи муосири соҳа бо тарҳи зебову замонавӣ барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ мегардад. Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2020 оғоз шуда, иншоотро  бинокорони ҶДММ “ПМК – 27” ба истифода доданд. Дар мактаб барои таълиму тарбияи  насли  ояндасози кишвар  беҳтарин шароит муҳайё мебошад. Тавре иттилоъ доданд, дар ин мактаби типи нав, бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот, 24 синфхона, аз ҷумла забони русӣ, англисӣ, физика, химия, география ва рассомӣ, ҷой дода шудааст. Синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевон, тахтаи электронӣ, компютер, аёнияту таҷҳизоти таълимӣ, таъминанд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаб ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 40 - нафараи омӯзгорон имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор намоянд. Ҳамчунин, 10 омӯзгори ботаҷриба аз Федератсияи Россия даъват  шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди чунин иншооти муҳими соҳаи маориф, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас нақши бориз дорад, саҳми арзандаи худро мегузоранд. Зимни боздид, Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд. Саҳну ҳудуди боргоҳи наву замонавӣ бо шинондани дарахтони ороишиву гулҳои мавсимӣ зебою назаррабост. Бо назардошти афзудани аҳолии деҳоти Хистеварз, бунёди мактаби замонавӣ муҳиму саривақтӣ дониста мешавад. Пиру барнои ин сарзамин бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипос намуда, илова намуданд, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.
 
МАРКАЗИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА АТЛАСУ АДРАСБОФӢ 
7 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Хистеварз бинои маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагиро мавриди истифода қарор доданд.
Дар саҳни он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, нону маҳсулоти хамирӣ, намудҳои гуногуни асал, бандубасти маҳсулоти марказҳои омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳо, хушкмева ва нақшу нигораҳо аз шаҳрҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ба намоиш гузошта шуда буданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба сифати маҳсулот ва ҳунарҳои мардуми ин шаҳру ноҳияҳо баҳои баланд доданд. Дар сехи дӯзандагии марказ 50 мошинаи муосири дарздӯзӣ ва 30 дастгоҳи бофандагӣ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харида, дар сехҳои дӯзандагӣ, атласу адрасбофӣ ва аврабандӣ  100 нафар ба кор ҷалб шуд. Дар ин ҷо матоъҳои аз лиҳози сифатнокиашон баланд аз маҳсулоти ватанӣ, пахта ва риштаи маҳаллӣ истеҳсол мешаванд. 
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба занону духтарони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам аст. Ҳамчунин, илова гардид, ки дар коргоҳ ҳамарӯза аз ҳар дастгоҳи атласу адрасбофӣ аз 10 то 15 метр матои аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мегардад ва он дар бозорҳои дохилӣ ва берун аз ҳудуди ноҳия талабгорони зиёд дорад. Акнун, дар марказ дилхоҳ нафаре, ки хоҳиши касбомӯзӣ дорад, бо тариқи ройгон ва дар асоси роҳхатҳои Агентии шуғли аҳолӣ ба омӯзиш фаро гирифта хоҳад шуд. Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) эълон гардид.
Дар ин давра дар вилоят марказҳои ҳунарҳои мардумӣ бо садҳо ҷойи  кор бунёд гардиданд ва  ҳунармандон тавонистанд, муваффақият ба даст оранду маҳсули эҷоди худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Баъди шиносоӣ бо марказ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ намудани ин тадбири хайр ба масъулон барору муваффақият орзу карданд.
 
МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ “ШУКУФАҲОИ ИСТИҚЛОЛ” 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварз Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони деҳаи Баҳористон бунёд шуд. Дар чор гурӯҳ 160 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистон имконият фароҳам овард, ки дар ин ҷо 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардад. Кӯдакистон дуошёна буда, дар майдони 0,7 гектар бунёд ёфт ва дар он барои таълиму тарбияи кӯдакон тамоми шароити муосир муҳайё мебошад. Корҳои сохтмониро паймонкорони маҳаллӣ Ҳусейн Ғиёсиддинов ва Абдуманнон Абдусатторов аз моҳи июли соли 2019 оғоз намуда, бо сифати баланд ба анҷом расонданд. Маблағи он 1 миллиону 800 ҳазор сомониро дар бар гирифт. Ҳуҷраҳои бино бо рахти хоб, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимию фароғатии замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Бинои мазкур ба воситаи дастгоҳҳои махсус бо ангишт ва барқ бо гармӣ таъмин мешавад. Дар кӯдакистон ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили толорҳои мусиқиву варзиш, ҳуҷраи тиббӣ ва чор майдони фароғатӣ, бунёд гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, ба мураббияҳо ва роҳбарияти кӯдакистон дастур доданд, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои ба воя расондани кӯдакони зираку ҳушёр ва солиму соҳибмаълумот саҳми арзанда гузоранд, зеро кӯдакон ояндаи миллатанд. Мавриди зикр аст, ки то ин дам дар деҳаи Баҳористон ягон кӯдакистон мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба маркази деҳот ва кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои ноҳия мебурданд. Айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 кӯдакистон фаъолият дорад, ки дар ҳамаи онҳо таълиму тарбия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
 
ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР ДЕҲОТИ ХИСТЕВАРЗ
7 октябр бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саъдии деҳоти Хистеварз мумфаршкунии роҳи дарозиаш 10,4 километр ва паҳноияш 5 метр оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки бо эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) то имрӯз дар деҳоти Хистеварз 10,6 километр роҳҳои мошингарди дохили маҳаллаҳо мумфашр гардидаанд. Дар баробари корҳои ободонӣ, дар деҳоти мазкур бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои тандурустӣ, маориф, марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои хоҷагии халқ мавриди истифода карор гирифтанд. Сокинони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мисли дигар шаҳрвандони ватандӯсти кишвар аз пайи ободонии маҳалу деҳоти худ мебошанд.
 
ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲИ ФАРҲАНГӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
7 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд дар барномаи бошукӯҳи идона ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро ба муносибати 30-солагии Истиқлолу Озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфтанд.
Президенти мамлакат ба кулли мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша, барои иқдомоти хайрхоҳона ба хотири ободии Ватан миннатдорӣ баён карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор шуд, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, рушду пешрафти вилояти Суғд ва талошҳову тадбирҳои Пешвои муаззами миллат баҳри таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ буд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2021    №: 201    Мутолиа карданд: 4109
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед