logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ШИРИИ ҶДММ «ШИРИ СПИТАМЕН»
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат дар деҳоти ба номи Турсун Улҷабоев корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Спитамен”-ро ифтитоҳ карданд.
Иншоотро муассиси ҶСК “Комбинати шири Душанбе” Наврӯз Комилов ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 60 садяк бунёд намуда, аз ду хати истеҳсолӣ иборат аст. Барои сохтмони корхона ва муҷаҳҳазгардонии он 15,5 миллион сомонӣ сарф гардид.
Дар он 20 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла шири хушки равғандор, беравған, шири қиёмкардашуда, сметана, қаймоқ, творог, равғани маска, ҷурғот, кефир, дӯғ, чакка, истеҳсол мешавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди беш аз 20 тонна шири холис ва истеҳсоли 1 тонна шири хушкро дар бар мегирад.
Истеҳсоли шири хушк, ки дар корхона ба роҳ монда шуд, дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад. Қаблан, он аз хориҷи кишвар ворид мегардид. Шири хушк дар бозор рақобатпазир буда, инчунин, ба содирот нигаронда шудааст. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхона ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла шири хушк ва содироти он ба хориҷи мамлакатро, як қадами муҳим дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маънидод карданд.
Шири хушк бо тамғаи тоҷикӣ дар бастаҳои 1, 2, 3 ва 25-килограмма истеҳсол мешавад. Ширро аз хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолии ноҳия ҷамъ меоваранд ва тавассути 6 мошини махсус ба корхона ворид меамоянд. Барои интиқоли маҳсулоти тайёр низ автомашинаҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозондашуда омодаи коранд. Таҷҳизоти васлу насбшуда навтарин буда,  истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҶДММ “Шири Спитамен”  75 сокини маҳаллӣ, асосан занону духтарон, бо кори доимӣ ва маоши аз 1500 то 2000 сомонӣ таъмин гаштанд. Барои нигоҳ доштани маҳсулот се сардхонаи ҷавобгӯ ба стандарти муосир бо гунҷоиши беш аз 20 тонна сохта шуд. Корхона дорои озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ буда, шир пеш аз коркард аз ташхиси химиявӣ, физикавӣ ва микробиологӣ гузаронда мешавад. Сифат ва бехатарии маҳсулоти тайёр, то ба фурӯш баровардан, дар чанд марҳила аз санҷиш мегузарад. Дар озмоишгоҳ мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи ғанӣ кор мекунанд.
Дар ҳамин ҷо намоишгоҳи маҳсулоти ширии корхонаҳои зертобеи ҶСК “Комбинати шири Душанбе” ташкил гардид. Дар он маҳсулоти ширии корхонаҳои “Комбинати шири Душанбе”, “Фабрикаи шири Саодат”, “Шири Зафаробод” ва “Нури Сафар”-и ноҳияи Мастчоҳ, ки дорои сифати баланд мебошанд, ба маъраз гузошта шуданд.
Таъсиси боз як корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Спитамен натиҷаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва имконияти мусоиди кору фаъолият барои соҳибкорон мебошад.
Истеҳсоли шири хушк дар ҷумҳурӣ таҷрибаи аввалин аст. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҷумҳурӣ дар як сол то 7 ҳазор тонна ба маблағи 6,2 миллион доллар шири хушк ворид мегардид. Акнун, бо ҷорӣ кардани истеҳсоли шири хушк воридоти он ба ҷумҳурӣ коҳиш меёбад. 
Дар корхонаи нав таҷрибаи муосири истеҳсоли шири хушк бе илова кардани равғани нахл ва дигар маводҳои кимиёвӣ ба роҳ монда шуд, ки ба саломатии инсон безарар мебошад.
Масъулони корхона бо афзоиши иқтидори корхона, пас аз таъмини бозори дохилӣ, ният доранд, ки онро ба хориҷи кишвар содирот кунанд, зеро талабот ба шири хушк дар Покистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон зиёд аст.
 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САИДМУРОД САРКОР” 
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен аз хоҷагии деҳқонии “Саидмурод Саркор” дидан намуданд.
Хоҷагии мазкур дорои 320 гектар, аз ҷумла 84 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдорон парвариши ҳамаи намуди зироатро ба роҳ мемонанд. Соли равон заҳматкашон дар 6 гектар гандум, 5 гектар пиёз, 8,5 гектар ҷуворимакка, 2,5 гектар сабзавот, 2 гектар картошка, 11,5 гектар хӯроки чорво ва пахта киштанд.
Дар назди хоҷагӣ сокинони ноҳияи Спитамен намоишгоҳи васеи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуда, ҳосили зироати аз кишти такрорӣ ҷамъовардаи хешро ба маъраз гузоштанд.
Дар ноҳияи Спитамен парвариши зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ имконпазир аст. Бо назардошти ин, сокинон кӯшиш мекунанд, ки ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо ҷамъоварии ҳосили бештари зироати кишоварзӣ дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳм гузоранд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, соли равон хоҷагидорони ноҳия дар майдони 1770 гектар кишти такрорӣ гузаронда, ҳоло ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд. Фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар намоишгоҳ аз ҳосили хуби зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дарак медиҳад.
Дар кишти такрорӣ кишоварзони ноҳия шолӣ, зироати лӯбиёгӣ, сабзавот, картошка ва дигар намуд зироати ба иқлими ноҳия мутобиқро кишт намуданд. Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Спитамен ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ, ҳам аз кишти асосӣ ва ҳам аз кишти такрорӣ, бомаром идома дорад.
 
Маҳсулоти аз заминҳои ноҳия бадастомада қариб ба тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол меёбад. Мавриди зикр аст, ки то моҳи сентябри соли равон кишоварзони ноҳияи Спитамен аз масоҳати заминҳои киштшуда, ки 15 028 гектарро ташкил медиҳад, 15 550 тонна ғалладонагӣ, 3091 тонна сабзавот, 1586 тонна полизӣ, зиёда аз 3000 тонна картошка ва 1200 тонна ҷуворимакка барои дон ҷамъ оварданд.
Баъди боздид аз намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Саидмурод Саркор” бо рафти ҷамъоварии пахта шинос шуданд. Соли равон саҳмдорони хоҷагӣ дар майдони 48,3 гектар пахтаи навъи “мая” киштанд. Тибқи хулосаи мутахассисони соҳа, интизор меравад, ки хоҷагидорон аз ҳар гектар 50 – 55 сентнерӣ ҳосил мегиранд.
Айни замон дар ҳамаи хоҷагиҳои пахтакор ҷамъоварии ҳосил идома дошта, дар чанде аз онҳо аллакай, чиниши якум ба анҷом расид. Соли равон масоҳати кишти пахта дар ноҳия ба 6027 гектар расид ва ҳосили то имрӯз ҷамъоваришуда 6572 тоннаро ташкил медиҳад, ки 47 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷамъоварии ҳосили фаровони зироати кишоварзиро дар ноҳияи Спитамен шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, масъулонро барои то сатҳи ниҳоӣ коркард намудани пахта дар дохили мамлакат вазифадор карданд.
 
КУШОДАШАВИИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ  ПАТДОРИ ҶДММ “ОРГАНИК ЯН” 
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ “Органик Ян”-ро ифтитоҳ намуданд.
 Корхонаи “Органик Ян” аз тарафи соҳибкори ватанӣ Давронҷон Аҳмедов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфта, самти фаъолияташ ба тоза намудани пахта ва коркарди ниҳоии он нигаронда шудааст.
Коргоҳи нав  дар деҳоти  ба номи Турсун Улҷабоев дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бахшида  ба  30-солагии  Истиқлоли  давлатӣ  дар масоҳати 2350 метри мураббаъ бунёд гашт. Дар он ду дастгоҳи риштатайёркунӣ, 32 дастгоҳи бофандагӣ, 12 дастгоҳи дӯзандагӣ ва дастгоҳҳои матоъпоракунӣ васлу насб шудаанд.
ҶДММ “Органик Ян” дорои корхонаи пахтатозакунӣ низ ҳаст ва ашёи хомро аз хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Спитамен ва атрофи он харида, коркард мекунад. Маврид ба зикр аст, ки соли 2019 аз ҷониби ҷамъият бо мақсади коркарди чигит коргоҳи истеҳсоли равғани рустанӣ дар ноҳияи Спитамен ва коргоҳи истеҳсоли риштаи матоъбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд ва дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даромад. Инак, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдор, пахтаи дар корхонаи пахтатозакунии ҷамъият тозакардашуда дар сатҳи ниҳоӣ коркард мешавад. Дар коргоҳ намудҳои гуногуни сачоқ, хилъат барои калонсолону хурдсолон, либоси кӯдакона ва ҷиҳози хона, аз ҷумла болопӯши рахти хоб ва ғайра, истеҳсол мешавад. Бояд гуфт, ки чунин номгӯи маҳсулот дар ҷумҳурӣ бори нахуст истеҳсол мегардад.     
Иқтидори  истеҳсолии коргоҳ дар як сол 1500 тонна маҳсулоти тайёри пахтагӣ мебошад.  Маҳсулоти коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, ба содирот нигаронда шудааст.  Мақсад  аз  ташкили коргоҳ, саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва  таъсиси ҷойҳои кор мебошад.
Бо баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи истеҳсолии нав дар “Органик Ян” боз 300 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо кори доимӣ баҳои баланд доданд.
 
ОҒОЗИ СОХТМОНИ РОҲИ МОШИНГАРДИ  ДЕҲМОЙ – БОБОҶОН ҒАФУРОВ – КОНИБОДОМ
8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров – Конибодом оғози расмӣ бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи мазкур, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дарозии он 50,5 километрро дар бар гирифта, бо паҳноии аз 8 то 15 метр дар қитъаҳои алоҳида сохта мешавад. Дар ин масир корҳои тахту ҳамворнамоӣ, гузоштани лӯлаҳои обгузар, бунёди ҷӯйборҳои бетонӣ бо панҷараҳои муҳофизатӣ дар ду канори роҳ, сохтмон ва таъмири 11 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, насби аломатҳои роҳ ва эъмори иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки роҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла бо маблағгузори грантии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи “Марҳилаи чоруми Барномаи рушди роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” ба маблағи 50 миллион доллари ИМА дар зарфи се сол, таъмиру навсозӣ мешавад.
Ба ҳамин тариқ, дар доираи лоиҳаи мазкур роҳи мошингарди қитъаи Деҳмой – Бобоҷон Ғафуров бо дарозии 21,9 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, Бобоҷон Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,3 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ, Конибодом – Кучкак бо дарозии 10 километр бо дараҷаи 1-уми техникӣ ва Куруш – Бекобод бо дарозии 12,3 километр бо дараҷаи 3-юми техникӣ, дар маҷмуъ, бо дарозии 50,5 километр таҷдид мегардад.
Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Деҳмой –Бобоҷон Ғафуров – Конибодом, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои бунёду навсозӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, зеро лоиҳаи мазкур ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, рушди савдою тиҷорати наздисарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии рафтуомади сокинону сайёҳон дар ҳамаи фаслҳои сол амалӣ мешавад.
Дар заминаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония беш аз 10 нақлиёти тамғаҳои нав, ки, асосан, барои нигоҳдории ҳолати истифодабарии роҳҳо пешбинӣ шудааст, дар ҳамин ҷо муаррифӣ гашт. Воситаҳои нақлиёти боиқтидори соҳавӣ ҳамчун кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония буда, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассисаҳои давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди  шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд туҳфа шуданд.
 
ТАШРИФ БА  ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “НАВРӮЗ”
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи дарахтони хурмо ва анори хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ cоли 2016 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 8 гектар (5 гектар боғи хурмо ва 2 гектар анор) дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ буда, дар он 12 саҳмдор кор мекунад.
Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи босамари замин дар байни қатори ниҳоли дарахтони ҳосилдеҳ, дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ сабзавоту полизӣ парвариш карда, ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба даст меоранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба усули парвариши дарахтони ҳосилдеҳ баҳои баланд дода, ба деҳқонони ботаҷриба барои истеҳсоли мева, сабзавоту полизии тоза ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар фаровонии бозорҳои истеъмолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ изҳори сипос намуданд.
Хурмо ва анори ин хоҷагӣ, асосан, навъҳои маҳаллии пурсамар буда, боғдорон ҳамасола дар мавсими ҷамъоварӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар боғи хурмо 10 тонна ва аз ҳар гектар боғи анор наздики як тонна ҳосил ба даст меоранд.
Айни замон боғҳои хоҷагӣ пурбор буда, деҳқонон ба ҷамъоварии хурмову анор шуруъ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонони хоҷагӣ суҳбати самимӣ ороста, барои захира, нигоҳубин ва содироти меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар талабгорони зиёд доранд, ба хоҷагидорон маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Зимни боздид аз нашъунамои зироати кишоварзӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли равон дар хоҷагӣ дар кишти такрорӣ, асосан, карам, сирпиёз, шалғам, турб, ҷуворимакка барои дон ва кабудӣ кишт шудааст.
Ҳамин тавр, хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи ғании заминдорӣ дар як сол аз ҳар қитъа замин то се ҳосил ба даст меоранд, зеро заҳмати шабонарӯзии деҳқонон ба даромади хуби иқтисодии хоҷагӣ ва болоравии сатҳи зиндагии саҳмдорон мусоидат мекунад.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Боғдорон парвариши ниҳоли дарахтони хурмо, анор, гелос, чормағз ва дигар навъҳоро ба роҳ монда, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.
Дар ҳамин ҷо аҳли заҳмати ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Дар он анвои гуногуни меваву сабзавот ва полизиҳо, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ муаррифӣ шуданд.  
 
БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ  “МАКТАБИ ПУЛОТОВ” 
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28-и шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд.  
Муассисаи навбунёд дар иртибот ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 2980 метри мураббаъ барои зиёда аз 1200 нафар хонанда дар ду баст бо тарҳи ҳозиразамон бунёд ёфт.
Сохтмони иншоот бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргарону мутахассисони ҶДММ «Мубин» бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир ба сомон расид.
Бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла 2 ташхисгоҳи фаннӣ, 2 синфхонаи технологияи иттилоотии пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет, 2 синфхонаи технологӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳуҷраҳои фаннӣ, омӯзиши шоҳмот, корӣ, тиббию дандонпизишкӣ, китобхонаи электронӣ, маҷлисгоҳ барои зиёда аз 100 нафар, ошхона бо 120 ҷойи нишаст, толори варзиши гимнастика, буғхона ва иншооти ёрирасон аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад.
Ҳамчунин, барои хонандагон дар муассиса китобхона бунёд шуд, ки зиёда аз 9000 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва дастури методии таълимӣ дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз шароити таълимӣ дар синфхонаҳо, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ карда, онҳоро ба омӯзиши ҳар чи бештари донишҳои замонавӣ, аз ҷумла фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи компютерӣ, ҳидоят намуданд.
Дар саҳн ва атрофи бинои нав, дар баробари анҷоми корҳои сабзакорию ободонӣ, майдончаи варзиш, ки барои бозии футболу волейбол пешбинӣ мегардад, мавриди истифода қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки «Мактаби Пулотов» аз нахустин муассисаҳои ғайридавлатиест, ки соли 1996 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он тарбияи хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.
Солҳои аввали ташкилёбӣ, дар он 21 омӯзгор фаъолият менамуд ва шумораи хонандаҳо 78 нафарро ташкил медод. Бо фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, шумораи омӯзгорон ва хонандагон тадриҷан зиёд гардид.
Айни замон дар ин ҷо 676 хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 44 омӯзгори соҳибтаҷриба таълиму тарбия медиҳад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дониши хонандагон, дар муассиса гузарондани дарсҳои ғайристандартӣ, муштарак ва ҳамгиро ба роҳ монда шудааст.
Барои инкишофи нутқи хонандагон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо Ассотсиатсияи Тоҷикистон оид ба мубодилаи донишҷӯён ҷиҳати таҷрибаомӯзии техникӣ ҳамкорӣ дорад, ки хатмкардагони ин мактаб имкон доранд, то таҷрибаомӯзиро дар хориҷи мамлакат гузаронанд.
Шароити мусоиди таълимӣ имкон фароҳам овард, ки 57 хонандаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов» зимни ширкат дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гарданд.
 
БИНОИ МАЪМУРИИ ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ СУҒД  БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони бино соли 2018 оғоз гардида, бо сифати баланд ва риояи талаботи шаҳрсозию меъморӣ анҷом ёфт.
Дар бинои асосии Прокуратураи вилояти Суғд 111 ҳуҷраи кориву техникӣ, осорхона, китобхона ва толори варзиш мавҷуд аст, ки бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам мебошад.
Бинои дигари иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар қабати якум ошхона барои 90 ҷойи нишаст ва дар дуюм маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст ҷойгир аст.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити корӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он мулоқот намуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Прокуратураи вилояти Суғд барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, таҳкими назорати прокурорӣ, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гашта, дар саҳн ва атрофи он гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони ҳамешасабз парвариш меёбанд.
 
МТ «МАКТАБИ ОКСФОРД»  МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ 
8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмилалии типи нав – “Мактаби Оксфорд” оғози расмӣ бахшиданд.
Бинои Муассисаи таълимии “Мактаби Оксфорд” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов бо сарфи 17 миллиону 695 ҳазор сомонӣ бо тарҳи ҷолиб, истифодаи усулҳои милливу аврупоӣ ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассиса барои таҳсили 550  хонанда ва таълиму тарбияи 50 кӯдаки синни томактабӣ дар як баст пешбинӣ мешавад.
Иншоот аз ду бинои чорошёна, 36 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои кориву машғулиятҳои томактабӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона ва толори хониш, маҷлисгоҳ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ ва толори варзиши пӯшида иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимот, аёниятҳои мактабии ватанӣ ва хориҷии дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳазанд.
Корҳои сохтмониро беш аз 100 бинокорону мутахассисони ЧДММ “Иттиҳодияи гурӯҳи рушди саноатӣ” анҷом додаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти муассиса ва шароитҳои фароҳамовардашуда шинос шуданд.
Дар муассиса таълими томактабӣ низ бо усули нав ба роҳ монда шуда, синфхонаҳои машғулияту ҳуҷраҳои бозӣ ва истироҳати кӯдакони синни томактабӣ бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.
Фаъолияти муассиса тибқи барномаи таълимии “Кембриҷ”-и Британияи Кабир ба роҳ монда, таълим бо забонҳои англисӣ ва русӣ сурат мегирад.
Хатмкардагони мактаб соҳиби сертификати таълимии байналмилалӣ мешаванд.
Дар “Мактаби Оксфорд” алҳол 32 омӯзгор фаъолият дошта, 14 нафар аз Британияи Кабир, Ҳиндустон, Филиппин, Мисри Араб, Кения, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Камерун, Канада бо таҷрибаи корӣ дар мактабҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад ва 12 омӯзгори маҳаллӣ, ки аз озмуни сатҳи талаботи байналмилалӣ гузашт, ба кор ҷалб шуд.
Дар муассиса таҳсил ва маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ аз соати 8:00 то 17:00 давом мекунанд. Ҳамчунин, барои таълиму омӯзиши рӯзгордорӣ, рушди истеъдодҳо, инкишофи ҳаматарафаи хонандагон маҳфилҳои пухтупаз барои духтарон, рассомию мусиқӣ, технологияи информатсионӣ, варзиш амал мекунанд.
Дар саҳни ҳавлии муассиса барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва кӯдакон майдончаҳо бунёду муҷаҳҳаз гардидаанд. Саҳни муассиса ба таври хос ободу зебо ва сабзу хуррам шуда, якҷо бо бинои хуштарҳи он намуди назаррабо гирифтааст.
Саидмурод Давлатов, инчунин, иқдом намудааст, ки барои 200 хонанда хобгоҳ бунёд намояд.
Соҳибкори ватанӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ободии Ватан иқдомҳои шоиста намудааст. Бо саҳми ӯ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаю коргоҳҳои нав таъсис ёфта, гармхонаи инноватсионӣ, 200 гектар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таъсис ёфта, беш аз 200 шаҳрванд бо кор таъмин гардид.
 
ИФТИТОҲИ ТАРАБХОНАИ “ФОРЕЛ” 
8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи “Форел”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти хуштарҳу назаррабо дар соҳили Сирдарё бо саҳму иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Муҳсин Шодиев ва ҳамкоронаш бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Иншоот аз се ошёна бо таҳхона ва маркази таомҳои миллӣ иборат аст.
Дар он толори баргузории чорабиниҳои фарҳангию маросимҳои миллӣ, қаҳвахона, ҳуҷраҳои истеъмоли хӯрок мавҷуд буда, барои тайёр намудани таомҳо ва хизматрасонӣ зиёда аз 50 нафар ҷалб шуд.
Дар тарабхона, асосан, навъҳои гуногуни моҳӣ пухта ба мизоҷон пешниҳод мешаванд. Моҳиро дар ошдону тафдонҳо ва танӯрҳо бо тарзу усули хоса бо истифода аз ҳезум мепазанд. Барои пухтани моҳӣ мутахассисону пазандаҳои корозмудаю соҳибкасб ба кору хизматрасонӣ ҷалб гардиданд.
Дар ошхонаи дигари маркази хизматрасонӣ таомҳои миллӣ ва аврупоӣ омода мешаванд.
Дар марказ бори нахуст таҷҳизоти системаи ягонаи гармидиҳӣ, хунуккунӣ ва ҳавокашии “Чиллер” (Нидерланд) ворид ва васлу насб шуд.
Соҳибкорон бо мақсади ташкили хизматрасонии сатҳи баланд ва муаррифии табиати зебои шаҳри Хуҷанд дар соҳили Сирдарё ҳавз сохта, бо ҳунару маҳорати пазандаю пешхизматҳо моҳӣ ва таомҳои миллӣ пешниҳод менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ташаббусҳои соҳибкорони ватаниро дар ободии кишвар шоиста арзёбӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки соҳибкор Муҳсин Шодиев ва пайравонаш дар соҳили дарёи Душанбе низ қаҳвахона бо номи “Форел” таъсис дода, хизматрасонии сатҳи баландро ба роҳ мондаанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2021    №: 202    Мутолиа карданд: 3764
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед