logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

Имсол ғаллакорони ноҳияи Данғара, дар ҳамдастӣ бо олимони соҳа аз навъҳои тухмиҳои хушсифати "Фарғона", "Садоқат", "Краснодар-99", "Алекс", "Москва-56," "Ласточка" ва тухмии маҳаллии "Ормон", ки ба иқлими ноҳия мутобиқанд, дар асоси қоидаҳои агротехникӣ хеле хуб ба роҳ монда, аз майдони 20 ҳазору 568 гектар зиёда аз 68 ҳазору 610 тонна ғаллаи хушсифат гирифта, ҳосилнокиро аз ҳар гектар ба 33,6-сентнерӣ расонданд. 
Ҳамчунин, истеҳсоли дигар навъҳои ғалладона, аз қабили ҷав 5 ҳазору 781 тонна, лӯбиё 582 тонна ва ҷуворимакка 754 тонна расонда шуд, ки ин нисбат ба дурнамо хеле зиёд мебошад. Дар давраи нашъунамои зироатҳо мутахассисони соҳа ба ҳар гектар замин аз 150 то 400 киллоӣ нуриҳои минералӣ ва органикӣ доданд, ки дар рафти ҷамъоварӣ натиҷаи хуб ба бор овард. 
Тавре муовини аввали раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода ба хабарнигори махсуси «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, Данғара дар соҳаи ғаллакорӣ, яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар сиёсати аграрии кишвар роҳи ҳалкунанда мебозад. Имсол дар натиҷаи истифодаи дурус-ти замин, тухмӣ, дар асоси қоидаҳои хуби агротехникӣ, инчунин, комбайну техникаҳои кишоварзӣ, ғаллакорони ноҳия ба натиҷаҳои хуби истеҳсолӣ комёб гаштанд. Дар ин ҷода, саҳми кооперативҳои истеҳсолию тиҷоратии «Раҳмонҷон», «Муҳсинҷон» ва «Сомонҷон» назаррас мебошад.
Барои аз зимистонҳои солҳои 2021 - 2022 солиму фарбеҳ ва ба маҳсулнокии баланд баровардани чорвои ҷамъиятӣ дар ноҳия то имрӯз ба миқдори 82 ҳазор тонна коҳ, 30 ҳазор тонна алафи табиӣ, 11 ҳазору 780 тонна тарбеда, дар маҷмуъ, зиёда аз 131 ҳазор тонна хӯроки дурушт захира шудааст. 
Ҳоло шудгори заминҳо дар ноҳия вусъати тоза касб намуда, кишоварзон аз тамоми техникаи кишоварзии дар ихтиёрашон буда самаранок истифода мебаранд. Онҳо мақсад доранд, ки барои ҳосили пурғановати соли оянда, заминаи боэътимод гузошта, беҳтарин навъҳои хушсифати тухмиро дар кишти тирамоҳӣ истифода баранд ва истеҳсоли ғалларо ба 70 ҳазор тонна расонанд.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед