Хабарҳо
«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор дар Осорхонаи миллӣ таҳти ҳамин унвон конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он муҳаққиқону забоншиносон ва омӯзгорон оид ба мавзуъҳои «Забон ва аҳамияти он дар партави гузоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Давраҳои таърихии инкишофи забони тоҷикӣ», «Хусусиятҳои забонӣ ва услубии «Меъёр-ут-тадаюн»-и Аҳмад Махдуми Дониш», «Хат ва таърихи он», «Мақоми омӯзгор дар ҷомеаи имрӯза» ва «Саҳми занони суханвар дар замони Истиқлолият» маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ, рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома медиҳад.
Зимни конференсия, инчунин, нашқи омӯзгор дар рушду густариши забони давлатӣ ва мавҷудияти ҷомеи мутамаддину соҳибфарҳанг, ки дар он муносибатҳои волои инсонӣ ба мушоҳида мерасад, муҳим арзёбӣ шуд.
Дар фарҷом миёни иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ табодули афкор сурат гирифт.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 967