мулоқотҳо
ҶОЗЕП БОРРЕЛЛ ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
11 октябр дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ аз рушду нумуи робитаҳо, таъкид доштанд, ки Иттиҳоди Аврупо дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими кишвари мо мебошад.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисод, тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои гуногуни гуманитариву фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳалро, баррасӣ намуданд.
Дар зимн таъкид гардид, ки инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин, мусоҳибон аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ташаккули “иқтисоди сабз”, изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи онҳоро таъкид сохтанд.
Зикр гардид, ки барои таҳкими ҳар чи бештари робитаҳо, амалисозии санадҳои қабулшуда, аз ҷумла татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикӣ миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва пайвастани Тоҷикистон ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо зарур аст.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ оид ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти аз байн бурдани пандемияи коронавирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, инчунин, ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур, Пешвои миллат аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расондани кумак ҳангоми паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдории амиқ намуданд.
Сарвари давлати мо, инчунин, ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос карданд.
Дар робита ба ин, Роҳбари давлати мо изҳор доштанд, ки Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқро дар иншооти гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол намуда, аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи шашум ва аз рӯйи партовҳои газҳои гулхонаӣ ҷойи 135-ро ишғол менамояд.
Ҷаноби Ҷозеп Боррелл, дар навбати худ, нақши боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим баланд арзёбӣ кард. Инчунин, ӯ иброз дошт, ки ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои таҳкими равобити минтақавӣ манфиатдор аст ва ин масоил меҳвари гуфтушунидҳоро дар ҷаласаи қарибулвуқуи вазирони корҳои хориҷии G5+1 дар шаҳри Душанбе ташкил хоҳанд дод.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, таъкид гардид.
Дар фарҷоми суҳбат изҳори бовар шуд, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ пайгирона густариш хоҳанд ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2021 №: 203 Мутолиа карданд: 5140