мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАРЛ МИШЕЛ
11 октябр дар пойтахти Белгия – шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои музокирот барои тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҷонибҳо масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноат, истихроҷи маъдан, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳо табодули андеша намуданд.
Омода намудан ва ба имзо расондани созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд ва татбиқи ҳадафмандонаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва нақши Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2021 – 2027 ҷиҳати амалисозии ниятҳои ҳамгироӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Мусоҳибон, инчунин, тавсеаи муносибатҳоро дар бахшҳои энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он, маориф ва амният мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар зимн, ҳангоми мулоқот ба масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дорад, таваҷҷуҳи хоса намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2021 №: 203 Мутолиа карданд: 5269