мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ПАЛАТАИ НАМОЯНДАГОНИ ПАРЛУМОНИ ФЕДЕРАЛИИ БЕЛГИЯ
11 октябр дар шаҳри Брюссел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия хонум Элиан Тилйё вохӯрданд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсию байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи хуби робитаҳои сиёсӣ ва байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши минбаъдаи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии Иттиҳоди байнипарлумонии Белгия ва Тоҷикистонро зарур шумурданд.
Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварҳоро матраҳ карданд.
Ҳавасмандии зиёд оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва гуманитариву фарҳангӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, зоҳир гардид.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои муосири амниятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охири суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федералии Белгия хонум Элиан Тилйё даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2021 №: 203 Мутолиа карданд: 5015