сафарҳо
САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРОНСА
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ аз шаҳри Брюссел ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.
Дар сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Париж ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ мекунанд. Ҳамчунин, дар доираи сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамоянд.
Дар шаҳри Париж Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса бо шукӯҳу манзалати хосса пазироӣ карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2021 №: 204 - 205 Мутолиа карданд: 3688