сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ПЕШВОИ ТОҶИКОНИ ҶАҲОН
Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони ИДМ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар.
Владимир ПУТИН,
Президенти Федератсияи Россия
Таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад.
Си ҶИНПИН,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
Мо дар Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва роҳбари таҷрибадоре, ки худро саропо ба хизмати халқу кишвараш бахшидааст, мешиносем.
Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи ӯ дар бунёди давлатдорӣ ва сохти иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид. Сатҳ ва сифати зиндагии мардум ба таври назаррас боло рафта, нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста таҳким меёбад.
Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Тули солҳои рушди мустақилона Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи дигаргуниҳои муҳимро тай намуд ва дар бунёди давлатдорӣ, баланд бардоштани некуаҳволии халқ ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои бузург ба даст овард.
Қосим – Жомарт ТОКАЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
Сиёсатмадорро бо сифатҳое чун хирадмандиву ҷасурӣ, ҳадафмандӣ ва аз ҳама муҳимаш, бо такя доштанаш ба дастгирии халқ мешиносанд. Вале боз омили дигари муҳим, ба андешаи ман, ин накуӣ мебошад, ки дар чашмони Эмомалӣ Раҳмон рӯшан аён аст. Муҳаббат ба халқи хеш, майли беҳсозии некуаҳволии онҳо, фаъолона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намудани Тоҷикистон ва таъмини ҳаёти шоиставу арзанда барои мардуми он мақсаду мароми ӯст.
Илҳом АЛИЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон
Тоҷикони шуҷоъ ва заҳматкаш, боистеъдод ва меҳмоннавоз аз Президенти худ Эмомалӣ Раҳмонов ифтихор мекунанд.
Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред, мо ҳама дар ИДМ ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем.
Александр ЛУКАШЕНКО,
Президенти Ҷумҳурии Беларус
Ветнам ҳамеша бо таваҷҷуҳ рӯйдодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, аз он бо хушнудӣ истиқбол мекунад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад.
Чан Дай КУАНГ,
собиқ Президенти Ҷумҳурии
Сотсиалистии Ветнам
Раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Ва ин, бидуни шубҳа, хизмати бузурги Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот аёнан нишон дод, ки то чи андоза обрую эътибори Сарвари давлат дар ҷомеаи Тоҷикистон баланд аст, то чи андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст.
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
Қаҳрамони миллии Афғонистон
Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Бовар дорам, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самари нек хоҳанд овард.
Кочерил Раман НАРАЯНАН,
собиқ Президенти Ҳиндустон
Мардуми дунё бояд аз шумо, тоҷикон, қадрдониву эҳтироми сарварашонро омӯзанд. На ба ҳама сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ ва президентҳо муяссар мешавад, ки бузургтарин неъмат - умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.
Марзуқ Алӣ ал - ҒАНИМ,
Раиси Маҷлиси Уммаи давлати Кувайт
Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.
Расул ҲАМЗАТОВ,
Шоири халқии Доғистон
Дар симои Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин шахси бузург бо зинда кардани номи алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, амонию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузург дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд.
Чингиз АЙТМАТОВ,
барандаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатии ИҶШС,
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
Зебоии Тоҷикистон амсол надорад, халқи Тоҷикистон бисёр хушбахт аст. Президенти Тоҷикистон ҳамеша барои шукуфоӣ ва рифоҳи халқи кишвар саъй мекунад. Дар Тоҷикистон сулҳу субот ҳукмфармо шуд.
Ман Тоҷикистонро дӯст медорам! Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон суботи худро ҳифз мекунад, халқи кишвар сол ба сол ба пешрафт ноил мешавад.
Масъуди СИПАНД,
шоири форсизабони муқими ИМА
Мисли он ки аз баракати талошҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон руҳи Сомониёни бузург пас аз ҳазор сол эҳё ва Парчами давлатдории тоҷикон то абад пойдор гардид, ҳамчунон, номи ӯ низ дар ҳофизаи наслҳои сипосгузори баъдӣ абадан боқӣ хоҳад монд.
Лоиқ ШЕРАЛӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон
Барои сиёсатмадори мутафаккир раванди тағйирот ва инфисолнопазири маҷрои замон маънои имконоти бузургро, на танҳо барои дарки замони ҳозира дар партави гузашта, инчунин, фаҳмиши гузаштаро дар партави замони ҳозира дорад. Эмомалӣ Раҳмон бо кирдор ва корҳои худ исбот мекунад, ки ӯ ба дараҷаи кофӣ тавони татбиқи чунин имконотро дорад. Президенти Тоҷикистон, ки пойбанди догмаҳои идеологӣ намебошад ва ҳамеша ба фаросати худ такя мекунад, ғояи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро дар кишвари худ ба сатҳи сиёсати давлатӣ баланд бардошт.
Шоҳзода ОҒОХОНИ IV,
пешвои мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон
Гирдоваранда Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.10.2021 №: 204 - 205 Мутолиа карданд: 733