logo

сиёсат

НАМОИШИ НИГОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.
Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарварони давлатҳо дар пайванди тамаддунҳо ва мардумон мебошад. 
Пеш аз ҳама, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Фаронсаро ба маросими ифтитоҳи намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи  манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд. Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва, дар ин замина, ташкил гардидани намоиши имрӯза арзи сипос намуданд.
Изҳори итминон шуд, ки ин рӯйдод ба  роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон –  кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо нигораҳои нодир шинос шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эммануэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони барӯманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Тавре маълум аст, тоҷикон миллати тамаддунофар буда, дар таърихи инсоният ҷойи сазовор доранд. 
Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки осори фарҳангиву ҳунармандии қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то милод мансубанд.
Мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо, зимни боздид аз ин намоиш бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии  шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос мегарданд. Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиат ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешаванд.
Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудаанд.
Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳо ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз милод – “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кӯшониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.
Хусусияти хоси намоиш дар он аст, ки осори бамаъразгузошташуда аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон бозёфт гардидаанд. То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.
Гимей – Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри XIX аз ҷониби сарватманд Эмил Гимет таъсис ёфтааст. Он бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж кӯчонда мешавад. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир аст.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2021    №: 207    Мутолиа карданд: 723
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед