туризм
ҶАҲОНГАРДӢ АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ МЕШАВАД
Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хатсайри сайёҳии Душанбе - Дарвоз - Хоруғ - Ишкошим - Рӯшон - Душанбе ташкил гардид.
Нахуст, намояндагони вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, воситаҳои ахбори омма ва бахши сайёҳии мамлакат тавассути ин хатсайр ба минтақаҳои сайёҳии Дарвоз, Хоруғ, Рӯшон ва Ишкошим сафар намуда, бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор ва урфу одати мардуми ин шаҳру ноҳияҳо шинос шуданд.
ҲАДАФ - ТАРҒИБИ МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин сафарҳо барои намояндагони ВАО ва дигар ташкилотҳо, тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ ва муаррифии кишвари мо барои хориҷиён аст.
Зимни сафар аввал аз маркази ноҳияи Дарвоз дидан намуда, баъдан роҳ пеш гирифтем ҷониби шаҳри Хоруғ. Тамошои табиати зебо, талу теппаҳо ва кӯҳҳои сарбафалак ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Бояд зикр кард, ки Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданӣ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.
Роҳи Бадахшон афсункор будани табиатро собит месозад. Кӯҳҳои баланд ҳар бинандаро мафтун менамоянд. Баъди фосилаҳои гуногуни роҳ ҳам аз чапу ҳам аз рост аз оғӯши кӯҳҳои баланд, аз рӯдҳои шӯхи кӯҳӣ обҳои мусаффо ба дарё мерезанд. Чашмаҳои сарду гуворо бошанд дар ин роҳ як неъмати фаровон аст. Сафар дар оғӯши кӯҳистони Бадахшон як асрор дорад, ки онро ҳар нафари дар он ҷо буда бояд эҳсос карда бошад.
ИШКОШИМ – МАКОНИ ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШ
Баъди боздид аз шаҳри Хоруғ ба ноҳияи Ишкошим расидем. Сафар тақрибан 3-4 - соатро дар бар гирифт, аммо дар табиати босафои кӯҳистон роҳатафзо буд. Ин диёри афсонавӣ бо доштани осори таърихӣ, манзараҳои зебо, обҳои софу сард ва чашмаҳои поку зулол, дарахтони гуногуни мевадори доманаи кӯҳҳои сарбафалаккашида, гиёҳҳои шифобахш, боду ҳавои форам, сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Сайёҳоне, ки ба вилоят меоянд, ҳатман мехоҳанд, аз имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ишкошим дидан намоянд.
Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ - сайёҳии Ватани мо обҳои маъданӣ мебошанд. Ишкошим дорои як қатор чашмаҳои шифобахш буда, он ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ нақши созгор гузошта метавонад. Яке аз чашмаҳои шифобахши ноҳия - чашмаи “Авҷ” аст. Оби чашма маъданӣ буда, дар соҳили дарёи Панҷ, 26 км дуртар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Дар таркиби оби чашма микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, аз ҷумла магний, оҳан, никел, фтор, рӯҳ ва бром мавҷуданд. Оби чашма газнок буда, миқдори гази карбонати ҳалшуда дар он 80 дарсад аст. Инчунин, барои табобати бемории дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, мубодилаи моддаҳо, бемориҳои занона ва гурдаю пешобдон нафъ дорад.
«САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ–ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР»
Таҳти чунин ном бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ишкошим конфронси миллии сайёҳӣ доир гардид. Дар доираи ҳамоиш нахустнамоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, муаррифии созҳои мусиқӣ, гулпоракунӣ ва дигар навъи ҳунарҳо, инчунин, маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба тамошо гузошта шуд.
Конфронс бо суханони раиси ноҳияи Ишкошим Мӯсо Мирзозода оғоз гардид. Раиси ноҳия вобаста ба имкониятҳои сайёҳии ноҳия зикр намуд, ки дар ноҳия беш 103 мавзеи сайёҳӣ, 26 чашмаи шифобахш ва 113 навъ рустании шифобахш мавҷуд аст, ки барои табобат ва истироҳату фароғати сайёҳон мусоид аст.
Умедҷон Носирзода, муовини раиси ВМКБ, дар маърузаи худ зикр дошт, ки дар Бадахшон тамоми бахшҳои сайёҳӣ рушд кардааст, хусусан кӯҳнавардӣ ва пиёдагардӣ. Соли равон 20 хатсайри нави сайёҳии пиёдагардӣ таҳия гардид, ки ин баҳри муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷаҳониён заминаи мусоид мегузорад. Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки пиряхҳои азим дар қаторкӯҳҳои Помир омили асосии ҷалби саёҳони хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар вилоят, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омодасозии мутахассисони соҳа, ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
ТОҚИИ ВАХОНӢ ДАР ОСОРХОНАИ АМРИКО
Дар ноҳияи Ишкошим аз замонҳои қадим то имрӯз мардум фарҳанги худро ҳифз карда, онро ба дигарон муаррифӣ менамоянд. Дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ ба монанди кандакорӣ, рубобтарошӣ, ҷуробдӯзӣ ва ғайра мавҷуд аст. Аммо ҳунаре, ки ба он бисёр бонувон диққат медиҳанд ва қариб нисфи зиёди занон аз ин ҳунар бохабаранд, тоқидӯзӣ аст. Дар мардуми Бадахшон ин навъи ҳунар як анъанаи қадимӣ буда, қариб дар ҳар ноҳия тоқиҳои гуногун медӯзанд ва онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз рӯйи расму оин дар рӯзи туй арӯсу домод ҳатман тоқӣ ба сар мепӯшанд ва ин анъана аз қадим то имрӯз боқӣ мондааст.
Тавре Нигора Қалоқучова, яке аз ҳунармандони ноҳия мегӯяд, дӯхтани тоқӣ ҳунари волоро талаб мекунад, чунки ҳар нақшу нигори он ба худ маънои махсусро соҳиб аст. Алалхусус, навъи тоқие, ки дар водии Вахон дӯхта мешавад, аз дигар тоқиҳо фарқ дорад. Тоқии вахонӣ таърихи қадимӣ дошта, дар гузашта онро барои шоҳон ва дарбориён медӯхтанд. Барои ин навъи тоқиро дӯхтан меҳнати зиёд сарф мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳунармандон ба дӯхтани он шавқи зиёд доранд ва мо умедворем, ки дар оянда ҳунари хешро боз ҳам равнақ медиҳанд. Имрӯз ҳатто дар осорхонаи Амрико ин намуди тоқӣ ба тамошо гузошта шудааст ва барои нишон додани фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ саҳмгузор аст.
Таассуроти мо аз сафар зиёд аст ва наметавон он ҳамаро дар чанд сатр баён кард. Аз мушоҳидаҳои чандрӯза аз Бадахшон танҳо як хулоса аст: ин гӯшаи зебои Тоҷикистон, аллакай, чун як минтақаи сайёҳӣ дар дунё шуҳрат пайдо кардааст ва ҳар сокини кишвар бояд аз ин минтақа дидан намояд.
Зикруллоҳ РАҶАБ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2021 №: 207 Мутолиа карданд: 6171