Хабарҳо
РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ
Дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) дар деҳоти ноҳияи Рашт корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷ гирифта, шароити зиндагии мардум беҳтару хубтар мегардад.
Солҳои охир бо зиёд шудани аҳолӣ, таъмини сокинон бо оби тозаи нӯшоӣ ба яке аз масъалаҳои ҳалталаб табдил ёфта буд, ки бо таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ ин мушкил марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад.
Аз ҷумла, сокинони деҳаи Хуфаки деҳоти Қалъанак аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Чанде пеш дар деҳоти мазкур ба маблағи 35 ҳазор доллари ИМА хатти оби нӯшокӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи он, раиси ноҳия Раҳимҷон Набизода иқдоми соҳибкорони хайрхоҳро дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ шоистаи таҳсину ибрат хонд.
Об аз тариқи чоҳи амудӣ аз чуқурии 80 метр бо насос бароварда шуда, ба 40 нуқта тақсим мешавад. Ба ин васила, 80 хоҷагӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гашт.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори муваффақ Муҳиб Бобоҷонов дар шаҳраки Навобод, деҳоти Нусратулло Махсум ва Боқӣ Раҳимзода 5 чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд.
ТОҶИКОБОД. БУНЁДИ ДУ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ
Сокинони деҳаҳои Сумандара ва Мазори Болои деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод, ки бар асари заминларзаи 10 июли соли равон зарари ҷиддӣ дида буданд, соҳиби ду мактаби наву замонавӣ гардиданд. Биноҳои хуштарҳу замонавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 18 ва 22 бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ қомат афрохтанд.
Тибқи супориши Пешвои миллат, 10 июл, зимни боздид аз иншоотҳои зарардида Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи фаврӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо ҷиҳати дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дода буд.
Фармоишгари бунёди мактабҳо Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро ҶДММ “Саховат – 2005” ва КВД “Тоҷик – Сохтмон” бо ҷалби 120 нафар бинокори маҳаллӣ ба анҷом расонданд. Маблағи умумии сохтмони муассисаҳо беш аз 5 миллион сомониро ташкил дод.
Биноҳои таълимӣ бо усули меъмории муосир бунёд ёфта, синфхона ва утоқҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевон ва асбобҳои аёнию компютер, таъмин шуданд. Шароити хуби таҳсил пурра фароҳам оварда шуда, муассисаҳои таълимии №№ 18 ва 21 мутаносибан барои 240 ва 144 хонанда пешбинӣ гардидаанд.
Сокинони деҳоти осебдида зимни суҳбат сипосу миннатдории самимии худро ба Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин армуғони гаронарзиш дар доираи таҷлили Ҷашни Истиқлоли давлатӣ баён доштанд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 785