Хабарҳо
Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ
Ифтитоҳи се иншооти ҷашнӣ дар донишкада аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода ва раиси шаҳри Бӯстон Р. Ҳошимзода
Чанде пеш дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар робита ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бинои хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши теннис барои 200 нафар ба истифода дода шуд.
Ректори донишкада Маҳмадалӣ Бахтиёр ҳозиринро бо дастовардҳои донишкада шинос намуд. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф ҳозиринро бо 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, барои донишҷӯён ва омӯзгорону профессорон барору комёбиҳои навро таманно кард.
Сипас, аз бинои хобгоҳи рақами 1 дидан намуда, ба кори таъмиру таҷдид баҳои баланд доданд.
Парвизи МАШХУР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 822