Хабарҳо
КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ба маркази ёрии таъҷилии шаҳр ду нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ, ки бо тамоми дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд, тақдим гардид.
Нақлиётҳои тақдимшуда ҳамчун туҳфа аз тарафи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳр супорида шуда, баҳри ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустии шаҳр дар самти расондани ёрии саривақтӣ ва интиқоли беморон мусоидаткунанда аст.
Гуфта шуд, ки нақлиёти соҳавӣ имконият дорад, ки беморони вазнинро низ аз як беморхона ба беморхонаи дигар интиқол диҳад, зеро дар дохили он, дастгоҳҳои зарурӣ барои нафасдиҳии сунъӣ, сабти барқи кори дил ва дигар таҷҳизотҳо васлу насб шудаанд. Масъулони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки иқдоми мазкур шоистаи таҳсин буда, метавонад сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар кунад.
Инчунин, ба Маркази вилоятии ташхисию табобатии шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Роҳбари давлат як дастгоҳи томографияи магнитию резанансӣ, дастгоҳи рентгении рақамӣ ва дастгоҳи ташхиси ултрасадо тақдим шуд. Дастрасӣ ба чунин дастгоҳҳои муосири тиббӣ имконият медиҳад, ки минбаъд ташхиси мураккаби бемориҳои гуногун дар дохили шаҳр гузаронда шавад.
Дастгоҳи томографияи магнитию резанансӣ ягона дастгоҳ дар вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Ҳоло Маркази вилоятии ташхисию табобатии шаҳри Кӯлоб бо дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои дастгоҳи сабти барқии майнаи сар ва дигар таҷҳизотҳои замонӣ муосир аст.
Масъулони беморхона барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, дастрасӣ ба чунин дастгоҳҳоро омили муҳими болоравии сифати хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб маънидод намуданд.
Дилором ФАЙЗОВА,
мудири бахши матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 927