logo

иқтисод

БАЛҶУВОН. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ…

Ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи мавзеъҳои бостонии кишварамон буда, дорои таърихи қадима, имкониятҳои табииву истироҳатӣ, расму оини хосcаи меҳмоннавозӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Мавҷудияти чунин захираҳо, инчунин, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои кӯҳӣ, гиёҳҳои нодиру шифобахш ва мавзеъҳои истироҳатӣ дар ҳудуди ноҳия ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат менамоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН
 
Сокинони заҳматқарини ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар ҳамватанон ҷиҳати истиқболи сиюмин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба ин муносибат 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду азнавсозӣ карданд ва дар даҳҳо иншооти дигар корҳои бунёдкорӣ идома доранд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 780 миллион сомонӣ равона шудааст. Дар ин давра дар ноҳия 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 248 миллион сомонӣ амалӣ шуда, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 5 лоиҳаи дигар идома дорад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои таъмини беҳтари мардум бо неруи барқ дар ҳудуди ноҳия неругоҳҳои хурди барқи обии «Ҳорма» ва «Пушти боғ» бо иқтидори умумии 360 киловатт сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани шабакаҳои барқӣ 25 трансформатори гуногуншиддат насб ва 70 километр хати интиқоли барқ бунёд гардид.
Ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ба маблағи 190 миллион сомонӣ таҷдид гардида, соли 2019 ба истифода супорида шуд. Ҳамчунин, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ба маблағи умумии 85 миллион сомонӣ оғоз гардида, то имрӯз дар доираи ин лоиҳа 43 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.
 
ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ  БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
23 сентябри соли равон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон якчанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ  бахшида, бо сокинони ноҳия мулоқот карданд. Сарвари давлат, аз ҷумла бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Он аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 1841 метри мураббаъ сохта шудааст.
Саҳни бино дар масоҳати 431 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, бо мақсади ободу зебо нигоҳ доштани атрофи он дар масоҳати 680 метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфтааст. Инчунин, дар атрофи иншоот ниҳолҳои ороишию сояафкан ва наздики 4000 дона гулҳои мавсимӣ шинонда шудааст.
Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр мебошад ва он бо сифати баланди меъморӣ бунёд гардидааст. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад. Масоҳати умумии майдони Парчам ва Нишони давлатӣ 7200 метри мураббаъро ташкил дода, барои сайругашт ва истироҳати сокинону меҳмонон, инчунин, гузарондани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ - фароғатӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ мусоид мебошад.
Иншоот бо зиёда аз 500 ниҳоли гуногуни ороишию ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг оро ёфта, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шудааст. Роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш шуда, дар маркази майдон фаввораи рангоранги диққатҷалбкунанда бунёд гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 6 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Он аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ  ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ буда, масоҳаташ 3,68 гектарро ташкил медиҳад. Ҳуҷраҳои кории маъмурият, нозир, доварон, ҷойи либосивазкунӣ, ҳуҷраи мураббиён, нуқтаи тиббӣ ва назорати допингии иншооти муосири варзишӣ бо беҳтарин шароит дар қисматҳои зери нишастгоҳҳо сохта шудааст.
Майдони бозии футболи варзишгоҳ 105 ба 68 метр буда, масоҳати 13 ҳазору 944 метри мураббаъ сабзазор гардидааст. Ҳамчунин, як қисмати иншоот дар масоҳати беш аз 2400 метри мураббаъ  сафолакпӯш  ва  атрофи он  ба андозаи 7 ҳазор метри мураббаъ сабзкорӣ шудааст.
Инчунин, Президенти кишвар Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд. Он аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд. Ҳоло дар хазинаи осорхонаи навбунёд зиёда аз 1500 нигораи таърихӣ гирд оварда шудааст.
Осорхона аз 5 шуъба иборат мебошад, ки ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозанд. Бо бунёди осорхона 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
 
НАҚШАИ ИНШООТИ ҶАШНӢ БАРЗИЁД ИҶРО ШУД
Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Балҷувон, дар суҳбат ба “Ҷумҳурият” гуфт, ки ноҳия зодаи даврони истиқлол буда, соли 1996 таъсис ёфтааст. Дастовардҳои дар замони соҳибистиқлолӣ ноилшудаи ноҳия нишон медиҳанд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи пешрафту ободии ноҳия диққати махсус зоҳир карда, барои расидан ба ҳадафи олӣ - баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода менамояд.
Бо мақсади таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва беҳтар гардондани рӯзгори сокинон дар 24 соли охир тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузории асосӣ дар самти бунёдкорию созандагӣ беш аз 390 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамчунин, дар 20 соли охир даромади буҷети маҳаллӣ 288 ва қисми хароҷоти буҷет 124 маротиба афзоиш ёфт.
Дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёду азнавсозӣ шуд ва дар ин замина беш аз 1643 ҷойи нави корӣ ташкил гашт, ки теъдоди иншооти ҷашнӣ аз нақшаи пешбинишуда зиёд аст.
Аз 380 иншоот, аз ҷумла сохтмону навсозии 9 муассисаи таълимӣ, кӯдакистон, 4 корхонаи саноатӣ, 2 коргоҳи истеҳсолӣ, қасри фарҳанг, гулгашт, боғи фарҳангии кӯдакона, маркази бонувон, 11 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази саломатӣ, дорухона, толори варзиш, 10 майдончаи варзиш, майдончаи бозии кӯдакон, 6 меҳмонхона, 8 сартарошхона, 4 ҳаммом, 3 кошонаи ҳусн, 34 маркази савдо, 17 маркази хизматрасонӣ, 2 коргоҳи дӯзандагӣ, дукони ҳунармандӣ, 3 пул, дар 84 қитъа таъмиру барқарорсозии роҳҳо, дар 61 қитъа кашидани хатти оби нӯшокӣ, чароғонсозии кӯча, дар 6 мавзеъ шинондани трансформатор ва 104 иншооти гуногун мебошанд, ки дар рушди инфрасохтори соҳаҳо ва беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинони ноҳия нақши муҳим доранд.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 189 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо гузаронда шуд. Дар ин давра 102 километр роҳ ва 16 пулу қубур таъмиру навсозӣ гардид. Аз ин саҳми соҳибкорону аҳолӣ 45 километрро ташкил медиҳад. 
 
КИШОВАРЗӢ ВА ЧОРВОДОРӢ – ШУҒЛИ АСОСИИ МАРДУМ
Балҷувон минтақаи аграрӣ ба ҳисоб рафта, шуғли асосии мардумро зироаткорию чорводорӣ ва боғдориву картошкапарварӣ ташкил медиҳад. Соҳаи кишоварзии ноҳия сол то сол рушд ёфта, дар заминаи истифодаи имкониятҳои мавҷуда, заҳматкашони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст оварда истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия тамоюли болоравӣ дошта, соли гузашта кишоварзон ба маблағи беш аз 211 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки дар муқоиса бо соли 1996 - ум 189,3 миллион сомонӣ беш аст. Чунин натиҷаҳо самараи тақсимоти 440 гектар замини президентӣ ва 1371 гектар замини наздиҳавлигӣ ба аҳолӣ мебошанд. Инчунин, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар доираи барномаҳои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғоти ноҳия ба 1514 гектар расонда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар 25 соли охир 1273 гектар ё беш аз 6 баробар зиёд мебошад. 
Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ ба таври назаррас рушд ёфта, саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб ду баробар, чорвои майда панҷ ва паранда даҳ баробар зиёд гардидааст. 

РУШДИ СОҲАИ САНОАТУ СОХТМОН
Соҳаи саноат дар ин ноҳияи кӯҳистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар низоми муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда метавонад дар беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нақши муносиб гузорад. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1996 – ум 5,4 баробар таъмин гардида, саноатчиёни ноҳия ба маблағи 17,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. 
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, соли 1996 дар ноҳия ҳамагӣ ду корхонаи саноатӣ фаъолият менамуд, ки ин соли гузашта ба 6 адад расид. Дар самти сохтмон фондҳои асосии ба корандохташуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ 214,7 миллион сомониро ташкил медиҳад. Агар соли 1996 - ум 57 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда бошанд, соли гузашта 34,7 миллион сомониро ташкил дода, маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар соҳаи сохтмон танҳо дар 24 соли охир аз 391 миллион сомонӣ зиёд гардид. 
 
АЗ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ ТО КУМАКПУЛӢ БА БЕКОРОН
Бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳрвандон, расондани ёрии молиявӣ ба шахсони бекор ва ташкили ярмаркаҳо аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Мудири бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия Раҷабалӣ Миралиев оид ба тадбирҳои дар самти мазкур татбиқшаванда чунин гуфт:
Тайи нуҳ моҳи аввали соли равон 842 шаҳрванд ба бахши агентӣ барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат карда, аз онҳо 536 нафар (152 зан), мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра 178 шаҳрванди бекор дар соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, сохтмон, савдо, саноат ва дигар бахшҳо бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид. Тибқи нақша, то охири сол таъсиси боз беш аз 200 ҷойи кор дар назар аст. 
Дар асоси шартномаи тарафайн 50 корҷӯйи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар ва 342 кас ба корҳои мавсимӣ ҷалб гашт. Инчунин, 69 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногун соҳиби шаҳодатнома ва 70 шаҳрванд тариқи худмаблағгузорӣ соҳибкасб гардид.
Тавассути 10 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 136 кас соҳиби кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ гардида, шаҳрвандони зиёд, хусусан бонувону ҷавонон, барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор ба 16 кас ба маблағи 48 ҳазору 500 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд. Онҳо айни замон дар самти ҳунарҳои мардумӣ, чорводорӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд. Инчунин, 86 кас ба маблағи беш аз 41 ҳазор сомонӣ ёрипулӣ гирифт.
 
БУНЁДИ 45 БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Соҳаи маориф, ки ҳадафи умдаи он тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони оянда ба ҳисоб меравад, пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, хусусан Сарвари давлат, қарор дорад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз тайёр кардани кадрҳои баландихтисос вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, ҳамасола барои бунёди муассисаҳои таълимӣ, биноҳои таълимии иловагӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити мусоид барои донишандӯзии хонандагон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. 
Бояд эътироф намуд, ки дастоварду пешравиҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳиму калидӣ давоми беш аз ду даҳсола бесобиқа арзёбӣ мегардад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 45 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 5250 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд, ки ба беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Сохтмони 4 муассисаи таълимии дигар барои 1700 хонанда ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар ду соли охир 12 бинои нави муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 9 муассисаи таълимӣ бевосита аз ҷониби соҳибкорон барои 1900 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Рамазон Сайдалиев, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия, гуфт, ки ҳоло дар ноҳия 50 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияи давлатӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 2 боғчаи кӯдакона, фаъолият менамояд. Ҳамзамон, дар назди 17 муассисаи таълимӣ марказҳои инкишофи кӯдакон таъсис дода шудааст.

25 МЕДАЛ ДАР НУҲ МОҲ
- Ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон яке аз самтҳои асосии фаъолияти Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳа бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ноҳия мактаби варзишӣ фаъолият дорад, ки дар он 7 мураббӣ аз рӯйи 4 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштии тарзи ҷудо, миллӣ, футбол ва шашкаи русӣ ба 173 нафар тамрин медиҳанд, - иброз дошт Аҳрор Сангов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва илова кард, ки дар ноҳия 3 толор ва 40 майдончаи варзиш мавҷуд буда, аз ин 18 майдончаи футбол, 22 майдончаи волейбол аст. 
Ба гуфтаи ӯ, дар нуҳ моҳи сипаригардида, дастпарварони мактаби варзиши ноҳия дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 4 медали тилло, 18 нуқра ва 3 биринҷӣ, дар маҷмуъ, 25 медал ба даст оварданд.
Итминон дорем, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Балҷувон бо шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардондани Ватани маҳбубамон чун ҳарвақта сарҷамъу аҳлона ва бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ саъю талош мекунанд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”,
Душанбе – Балҷувон – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.10.2021    №: 208    Мутолиа карданд: 3544
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед