иҷтимоиёт
ҶАСОРАТИ ҶАСУР ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!
25 апрел рӯзи ба дунё омадани модари прапоршики Қӯшунҳои сарҳадӣ Ҷасур Сиярқулов аст. Ҷасур бо иҷозати роҳбарият ба хуҷастабодии модар, ба деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич омад. Пас аз рафтани меҳмонон, хоҳиш кард, ки болину бистарашро пеши модар андозанд. Мехоҳад шабро дар суҳбати ғанимати модар гузаронад.
То поси шаб модару писар розу ниёз карданд. Фарзандро дар ҳавои меҳрогандаи модар хоб бурд. Субҳи 26 апрели соли ҷорӣ Ҷасур ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба нуқтаи фаъолияти ҳарбӣ баргашт. Ҷасур шояд руҳан эҳсос мекард, ки ин дидори вопасин бо азизон, бавижа бо модари муштипараш аст.
Баъди чор рӯз – 29 апрел тақрибан соати 19:40 хабар расид, ки Ҷасур Сиярқулов ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба шаҳодат расид.
Падари ин сарбози диловар Нормат Сиярқулов воқеаро чунин нақл кард: «Ҳамсарам Манфиат Ҳасанова омӯзгор ва худам мудири хоҷагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 ҳастам. 29 апрел тақрибан соати 11:30 Ҷасур занг заду саросема ҳол пурсид. Мо, ки аз шабакаҳои интернетӣ хабарҳои мухталиф мешунидем, аҳвол чӣ хел гуфта пурсидем. Чун ҳамеша содиқ ба посдории сири ҳарбӣ, «Ҳеч гапе нест, тинҷист, ҳама мегузарад, хавотир нашавед», - гуфт. Охирин ҷумлае, ки аз ӯ шунидем ин буд: «Худатонро, модарамро эҳтиёт кунед…»
30 апрел намояндаи ҷамоат маро аз муассисаи таълимӣ ба комиссариати ҳарбӣ даъват кард. Азбакси ду рӯзи охир мардони то 40-сола дар омодабошии ҳарбӣ қарор доштанд, гумон кардам, ки боз барои ҳамин масъала бошад. Аммо он ҷо рафта, ҳуш аз сарам рафт. Чанд дақиқа беёд шуда, ба худ омадам, ки дар саҳни ҳавлӣ меистам. Ба тақдири илоҳӣ тан дода, зуд пайи ҷаноза шудем. Рафту омади мардум сар шуд. Аз хоҳари ҳамсарам, ки ӯ ҳам омӯзгор аст, хоҳиш кардем, ки вазъро оҳиста ба модари Ҷасур фаҳмонад. Сари модар табиб меистод, чун ӯ бемории ҷоғар дораду аз шиддати стресс метавонист ҳолаш бад шавад...».
Ҷасур соли 1993 дар Ҷамоати деҳоти Ғазантарак, деҳаи Қалъачаи Азим ба дунё омад. Баъди хатми синфи 9 ба омӯзишгоҳи ҳарбии Хуҷанд ба номи Суворов дохил шуду се сол таҳсил кард. Бо сабаби қатъ шудани фаъолияти омӯзишгоҳ, минбаъд таҳсилро дар пойтахт давом дода натавонист ва ба муҳоҷират рафт. Он ҷо ба фалокат дучор омада, ҷарроҳӣ шуд. Баъди барқарор кардани саломатӣ, ба комиссариати ҳарбии ноҳия ариза дода, ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафт. Ҳарчанд ки аз сабаби ҷарроҳӣ ӯро иҷозати пурраи хизмат надоданд, аммо ӯ бо пофишорӣ ба сафи Артиши миллӣ пайваст. Соли 2019 дар ноҳияи Дарвоз хизмати ҳарбиро ба анҷом расонда, тавассути шартнома он ҷо ба кор монд. Минбаъд шаш моҳ дар мактаби прапоршикии шаҳри Душанбе сабақ омӯхт. Як муддат дар ноҳияҳои Мастчоҳи Кӯҳӣ ва Панҷ хизмат кард.
Сарнавишт дар чанд соли охир ӯро чунон ба кори ҳарбӣ пайваст, ки дар ниҳоят ҷойи оромишаш низ майдони ҷанг гардид. Душмани нохалаф тавассути снайпер ба пешонияш тир зад.
Вақти дифои сарҳад, дар лаҳзаҳое, ки тир мисли борон аз сараш мерехт, аз дили ӯ, аз фикри ӯ чӣ гузашт, намедонем, аммо як чиз мусаллам аст, ки Ҷасур ва ҳамсангаронаш бе ягон дудилагӣ сина сипар карданду шаҳид шуданд.
- Дар шабу рӯзе, ки хонаводаи мо мусибат дошт, давлату Ҳукумат моро лаҳзае танҳо нагузоштанд. Бахусус, бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи мо 50 ҳазор сомонӣ ёрдампулӣ расонда шуд. Дар мотами мо раиси вилоят омад ва масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич низ дар бари мо истоданд. Аз нуқтаи охирини хизматаш чанде пеш паём расонданд, ки санги қабрашро омода мекунем. Сангро сари хоки писар гузоштем. Ҳамин тавр, тадриҷан бовар ҳосил кардем, ки ҷигарбандамон дигар намеояд, - афзуд падари қаҳрамони мо.
Ёрону дӯстонаш ҳамрӯза аз ҳоли падару модари Ҷасур мепурсанд, кӯшиш мекунанд, ки ба ҷойи писарашон писар бошанд. Чанде пеш қарори раиси ноҳия ба тасвиб расид, ки аз километри 1 то 4-уми деҳа бо фарогирии 160 хоҷагӣ ба номи Ҷасур Сиярқулов номгузорӣ карда шавад. Дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ прапоршик Ҷасур Сиярқуловро пас аз марг бо ордени Спитамен дараҷаи II қадр карданд.
17 сентябр бо иштироки васеи фаъолони ноҳия, намояндагони комиссариати ҳарбӣ, масъулони вилояти Суғд ва журналистон кӯчае ба номи сарбоз номгузорӣ шуд. Ҳама аз ифтихори ватандориву ҷасорати Ҷасур ҳарф мезаданд. Дар девори хона акси ӯ, ки дар санги мармар ҳаккокӣ шудааст, насб гардид.
Пас аз се моҳи марги қаҳрамон, дар хонадони ӯ духтарчаи ширинрӯе ба дунё омад. Номашро бо умед Ёдгора гузоштанд. Бале, Ҷасур ҷисман моро тарк гуфта бошад ҳам, ёду ёдгори ӯ бо мост. Маҳз ҷонфидойии ӯ буд, ки Тоҷикистон осуда аст, фардо Ёдгора низ сари ифтихор баланд медорад, ки қиблагоҳаш баҳри оромии ин миллат ҷон бохтааст.
Дар қабристони Хоҷаҳои деҳаи Қалъачаи Азим сари санги Ҷасур ин байт аст, ки ҳар як соҳибдилу ватандорро ба андеша вомедорад:
Дил метапад, гум мезанад бо ёди мардони Ватан,
Ҳар дам ба хотир мерасад рози шаҳидони Ватан.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2021 №: 208 Мутолиа карданд: 797