Хабарҳо
Рӯйдодҳои илмӣ
БОЗЁФТИ ТАБАР - ТЕШАИ БИРИНҶИИ 4500 - 4600 – СОЛА
Бостоншиносони кишвар табар – тешаи биринҷиеро, ки охири моҳи сентябр сокини шаҳри Душанбе Турсунмурод Холбердиев аз шафати замини Институти геологияи АМИТ пайдо намуд, мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода, муайян намуданд, ки он таърихи 4500 – 4600 – сола дорад. Дар ин бора аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ ба мо иттилоъ доданд.
Бостоншиносон тахмин мекунанд, ки табари ёфтшуда ба охири ҳазорсолаи III ва аввали II то милод мансуб аст. Бозёфт далолат аз он аст, ки Душанбе макони таърихӣ мебошад. Ба таъкиди муаррихон то имрӯз аз ҳудуди кишвар 6 табари биринҷӣ пайдо шудааст. Табар – тешае, ки аз ҳудуди шаҳри Душанбе ёфт шуд, ба табари аз деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ пайдошуда шабоҳат дорад.
Зимнан, интизор меравад 16 октябр дар маконе, ки бозёфт пайдо шуд, ҳафриёти бостоншисӣ оғоз шавад.
НАВЗОДОН ПОТАНИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ПАЙДО МЕКУНАНД, АГАР…
Олимони амрикоӣ зимни гузарондани корҳои таҳқиқотӣ собит намуданд, ки дар навзодоне, ки модаронашон ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд, нишондоди баланди потан (антитела) дида мешавад, - хабар медиҳад сомонаи Фантанка.ру.
Тибқи иттилои сомона, коршиносон дар 36 кӯдаки навзод озмоиш гузаронда, дар 32 ҳолат итминони комил пайдо намуданд, ки кӯдакон маҳз туфайли модаронашон, ки ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд, потан пайдо кардаанд. Коршинсон ҳоло организми доираи васеи кӯдаконро мавриди омӯзиш қарор дода, донистан мехоҳанд, ки антитела дар кӯдакон чанд муддат мепояд.
БОЗЁФТИ ПАНОҲГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ ВА НИМПАЙКАРАҲОИ 11 000 – СОЛА
Бостоншиносони Туркия натиҷаи ду мавсими охири корҳои саҳроӣ – бостоншиносии хешро, ки дар мавзеи таърихии Қарахантапи ин кишвар анҷом доданд, ба доираи васеи тамошогарон пешниҳод намуданд. Дар ин бора сомонаи Сentralasia хабар додааст.
Тавре сомона иттилоъ медиҳад, бостоншиносон аз ин мавзеи таърихӣ натиҷаҳое ба даст оварданд, ки на танҳо ҷомеаи илмӣ, балки оммаи васеъ ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҷустуҷӯ нишон дод, ки дар ин макон тақрибан 11 ҳазор сол қабл шаҳрак маҷуд будааст.
Аҷиб он аст, ки миёни одамони давраи неолит, ки танҳо аз асбобҳои сангин ва устухонҳо истифода менамуданд, санъати рассомӣ ривоҷ ёфтааст. Бостоншинос Некми Карул дар шарҳи бозёфтҳо чунин гуфт: «Бозёфтҳо далели равшани онанд, ки қобилияти рассомӣ дар инсоният ҳанӯз замони неолит рушд карда будааст».
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 814