Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Eur Asia Daily. 27 октябр дар Теҳрон вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон масъалаҳои кумак ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт,- хабар медиҳад сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
ТАСС. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бар ин бовар аст, ки тақсимоти нобаробари ваксинаҳои бар зидди коронавирус дар ҷаҳон боиси рушди штаммҳои нав ва идомаи таназзули иқтисодӣ мегардад.
Лента. ру. Залмай Халилзод, намояндаи махсуси Амрико оид ба масъалаҳои оштии Афғонистон, аз мақомаш истеъфо дод.
Блинкен ба Халилзод барои даҳсолаҳои кораш ба манфиати мардуми Амрико изҳори сипос кард. Вай афзуд, ки вазифаи холишударо муовини Халилзод Томас Уэст ишғол хоҳад кард. Дар бораи сабабҳои ин тасмим маълумот дода нашудааст.
ТАСС. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки қатънома дар бораи истифодаи киберфазоро, ки якҷо бо Россия омода шудааст, дастгирӣ кунанд. Дар ин бора намояндаи махсуси президенти ИМА оид ба паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ Ҷеффри Эберхардт зимни суханронӣ дар ҷаласаи Кумитаи якуми Ассамблеяи генералии СММ оид ба халъи силоҳ изҳор дошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 829