logo

Хабарҳо

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

ТАСС. Неруҳои дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ   дар чаҳорчӯбаи машқҳои амалиётӣ - стратегии «Иттиҳоди ҳарбӣ» машқҳои низомиро дар қаламрави Тоҷикистон мегузаронанд. 
«Дар машқҳои ҳарбии «Эшелон-2021»,  «Ҷустуҷӯ-2021», «Ҳамкорӣ-2021», ки дар машқгоҳҳои «Момирак» ва «Ҳарбмайдон» дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, чаҳор ҳазор низомӣ ва беш аз 500 таҷҳизоти ҳарбӣ ширкат хоҳанд кард», - гуфта мешавад дар хабар. 
Зикр мешавад, ки дар машқҳои «Эшелон» ташкили таъминоти моддию техникӣ ҳангоми омодагӣ ва амалиёти муштарак тамрин хоҳанд шуд. Омӯзиши махсуси «Ҷустуҷӯ» ба ташкил ва гузарондани иктишоф ба манфиати амалиёт нигаронда шудааст. Дар машқҳои «Ҳамкорӣ-2021» масъалаҳои гузарондани амалиёти муштарак оид ба бартараф намудани муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ, ки бо кӯшиши вуруд ба қаламрави кишвари узви СААД аз ҷониби ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ алоқаманд аст, роҳандозӣ мешаванд.
 
 
Миссияи ИДМ: «Маъракаи интихобот дар Ӯзбекистон бо рақобати солим хоҳад гузашт»
Мир24. «Ба андешаи миссия, дар маҷмуъ, маъракаи интихоботӣ дар фазои ором, дар руҳияи рақобати ошкоро ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мешавад», - омадааст дар изҳорот барои ВАО пас аз натиҷаҳои мониторинги муваққатии интихобот.
Миссия моҳи сентябри соли равон ба кори назорат бар интихоботи президентии Ӯзбекистон шуруъ кард. Он 162 нозирро дар бар мегирад. Ситоди гурӯҳи пешҳангом дар пойтахти Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Миссияро котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев роҳбарӣ мекунад. Тибқи маълумоти мониторинг, комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавӣ барои кори худ тамоми шароити заруриро доранд. Онҳо бо нақлиёт, компютер, алоқа, инчунин, адабиёти ҳуқуқии дахлдор таъмин шудаанд.  
 
 
ИА таҳримҳои зидди ДИ ва «Ал-Қоида»-ро то октябри 2022 тамдид мекунад
ТАСС. Шурои Иттиҳоди Аврупо режими таҳримҳоро алайҳи гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» (мамнуъ дар Тоҷикистон), инчунин, шахсони алоҳида, созмонҳо ва корхонаҳои марбут ба он то 31 октябри соли 2022 тамдид кард. Дар ин бора дар изҳороте, ки Шурои Иттиҳоди Аврупо интишор кард, гуфта шудааст.
Чораҳои маҳдудкунанда, аз ҷумла манъи вуруд ба Иттиҳоди Аврупо ва муваққатан боздоштани дороиҳо, ба шаш нафар дахл дорад. Тавре дар изҳорот таъкид шудааст, шаҳрвандон ва созмонҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳуқуқ надоранд, ки ба онҳо ёрии молиявӣ расонанд.
Тавре ки дар Шурои Иттиҳоди Аврупо таъкид шуд, режими кунунии таҳримҳо ба Брюссел имкон медиҳад, ки нисбат ба шахсоне, ки ҳамлаҳои террористӣ анҷом ё онҳоро таҳрик медиҳанд, инчунин, ба террористон  ёрӣ мерасонанд, аз ҷумла кумак ба ДИ, «Ал-Қоида» ва сохторҳои марбута дар ҷалби аъзои нав, маҳдудиятҳои мақсаднок ҷорӣ намояд.
Рӯйхати сиёҳи зиддитеррористии Иттиҳоди Аврупо бар зидди ДИ ва «Ал-Қоида» яке аз кӯтоҳтарин рӯйхатҳои таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дар даҳсолаи охир мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 809
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед