Хабарҳо
БОКС
Ширкати 8 варзишгари тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон
Боксчиёни тоҷик Хисравхон Раҳимов (57кг), Абдураҳмон Ёқубов (60кг), Баҳодур Усмонов (63,5кг), Саидикром Амонов (67кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Шаббос Негматуллоев (80кг), Парвиз Каримов (92кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (+92кг) кишвари моро дар Чемпионати ҷаҳон (24 октябр – 6 ноябр, Белград, Сербия) намояндагӣ мекунанд.
Бар пояи иттилои сомонаи Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA) дар мусобиқот 650 варзишгар аз 105 давлати дунё иштирок мекунанд.
Тавре аз Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ доданд, варзишгаронро дар ин сафар мураббиён Мирзо Шамсиев ва Хуршед Ҷӯраев ҳамроҳӣ мекунанд. Инчунин, довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов қувваозмоиҳоро ҳакамӣ менамояд.
Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон 2,6 миллион доллари ИМА буда, ғолибони ҳар вазн 100 000 доллар, барандагони медалҳои нуқра 50 000 ва нишонҳои биринҷӣ 25 000 доллар ба даст меоранд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ варзишгарони мо дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс 3 медали биринҷӣ гирифтаанд: Абдусалом Ҳасанов (соли 2003, Бангкок,Таиланд), Шералӣ Достиев (2005, Мйанян, Чин) ва Анвар Юнусов (2011, Боку, Озарбойҷон).
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021
Ҷуфтҳои даври нимниҳоӣ маълум гардиданд
Дар бозии охири даври чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон – 2021 дастаи «Истиқлол» ба дарвозаи «Файзканд» панҷ голи беҷавоб зад.
Ҳамин тариқ, дар нимфинал «Истиқлол» бо «Эсхата» ва «Равшан» бо «Хуҷанд» нерусанҷӣ мекунанд.
Рақобатҳои аввал 6 – 7 ноябр ва бозиҳои ҷавобӣ 27 – 28 ноябр доир мегарданд.
ТЕННИС
Дар «Мастерс» - и Индиан-Уэллс киҳо ғолиб омаданд?
Дар финали мусобиқоти Индиан-Уэллс (ИМА) Кэмерон Норри (Британияи Кабир) бар Николоза Басилашвили (Гурҷистон) пирӯз гардид.
Миёни бонувон бошад, Паула Бадоса (Испания) тенисбози украинӣ Виктория Азаренкоро шикаст дод.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 820