logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – НАМУНАИ ОЛИИ ТАҶАССУМИ СИРИШТИ МИЛЛӢ

Яке аз қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи на танҳо сохтори давлати навини тоҷикон, балки таъриху фарҳанг ва, махсусан, сиришти тафаккури миллӣ ва Ватану Ватанхоҳӣ дар замири тоҷикон мебошад. 
Мо Пешвои худро чун эҳёгари таъриху фарҳанг ва тафаккури миллӣ мешиносем, зеро танҳо шахси ботини миллӣ дошта, бо худшиносии баланд, барои тақвияти Истиқлоли давлатӣ, Ватану ватанхоҳӣ ва рушди илму фарҳанг, иқтисодиёти ватанӣ заҳмат мекашад. Дар робита ба ин масъала, таърих дар солҳои 90 – уми асри гузашта, бар дӯши Сарвари ҷавон Эмомалӣ Раҳмон вазифаи басе душвор, вале пурифтихор: эҳёи тафаккури миллӣ ва Ватану ватанхоҳиро гузошта буд. Таърих шахсиятҳоро ҳамчун наҷотбахши халқу миллати худ шакл мебахшад. Дар замири онҳо қудрат, ҷасорат, биниш, фаҳмиш, созандагӣ, офарандагӣ, ободкунандагӣ, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, дӯстдории халқу Ватан ниҳонанд, ки онҳо дар вақти муҳиму зарурӣ рӯй мезананд, то сарвар корҳои бузургро анҷом бидиҳад. Дар ҳамин гуна ҳолати наҷотбахш барои халқи куҳанбунёди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Душманони миллат ин вазъиятро махсус ба вуҷуд оварда буданд. Ҳолати аз байн рафтани миллати тамаддунофари Осиёи Марказӣ - тоҷикон ба миён омада буд. Роҳи наҷот ёфтан, мардумони дастбагиребону силоҳбадастро ба мувофиқа овардан кори осон набуд, ҷасорати Рустамона ва ҷоннисориҳову азхудгузаштанҳо зарур буданд, ки Эмомалии бузургвор онҳоро анҷом бидод. 
Яке аз муҳимтарин корнамоиҳои Пешвои миллат ба даст овардани сулҳу салоҳ дар байни ҷангиёни курситалаби яроқнок, махсусан, намояндагони ҳизби исломӣ буд, ки сулҳро намехостанд. 
Корнамоии дигари Сарвари давлат ба Ватан баргардондани гурезаҳое, ки зери фишори душманони миллат маҷбур шуданд Афғонистонро маҳали сукунат қарор диҳанд. Баргардондан ва дар хонаҳояшон ҷо ба ҷо кардану фароҳам овардани шароити зист ҳадафи асосиашон буд. 
Пайваст намудани ду бахши муҳими мамлакат – Суғду Бадахшон, ки асрҳо фасли зимистон онҳоро аз  марказ  ҷудо менамуд, корнамоии дигари Пешвои миллат аст.  
Артиш ва милитсияи миллӣ ба вуҷуд омаданд, то ки Ватанро аз таҷовузи бегонагон ҳимоя намоянд. Пешвои миллат ба қабули Конститутсияи нав ва ташкили сохтори маъмурии давлатӣ талош варзида, қаҳрамонона дар чорчӯбаи қонун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро сохтанд.  
Пешвои миллат дарк намуданд, ки сатҳи худшиносии мо поин рафта истодааст ва зарурати эҳёи он зарур мебошад. Сарвари давлат дар ҳамаи суханрониҳо аз боби худшиносӣ ва эҳёи миллату фарҳанг ҳарф мезананд. Китобҳои чоргонаашон: “Тоҷикон дар оинаи таърих: китоби якум “Аз Ориён то Сомониён” (Лондон, 1999), пеш аз ҳама, дастури эҳёи худшиносӣ, худогоҳӣ ва тафаккури миллӣ  мебошанд. Масалан, дар китоби якум Пешвои миллат менависанд: “Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахуст аҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй овардем. Дар китоби дуюм менависад: «Агар бихоҳӣ ояндаро бубинӣ, ба гузашта назар намо ва бурду бохти онро ба инобат гир». Ҳамаи китобҳои Пешвои миллат, аз ҷумла “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Фарҳанг ва ҳастии миллат”, “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат”, «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯйи тамаддунҳо», «Забони миллат ҳастии миллат» (дар ду китоб), “Чеҳраҳои мондагор”дар руҳияи худшиносию ташаккули маниши миллӣ ва ватанхоҳӣ нақши носутурданӣ доранд.
Ман ҳамчун муаррих ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва минбаъдаро дида, ба хулосае омадам, ки мо бояд тафаккури миллиамонро аз нав созем, тоҷикеро ба вуҷуд биёрем, ки дар вай ҳисси миллӣ, ватанхоҳӣ, поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ, эҷодкорӣ, бо меҳнати ҳалол зистан, дар мағзу хунаш ҷой дошта бошанд, мувофиқи суханони асосгузори Ориён Зардушт «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» амал намоянд. 
Инсон бояд фаъолияти худро дар асоси комёбиҳои илм равнақ диҳад, зеро танҳо илму дониш ободӣ ва беҳбудии зиндагонии одамонро фароҳам меоранд. Аз ҳамин лиҳоз, маҳз бо ҳадафҳои фардонигар ба омӯзиши илм, аҳамияти махсус дода Пешвои миллат Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро пиёда карданд. 
Танҳо тани солим ақлро солим медорад ва кас ба корҳои манфиатовар шуғл варзида метавонад. Бинобар ин, инсон бояд ба тарбияи бадан, покии он ва сарулибос, хӯрок аҳамият бидиҳад. Ӯ бояд хӯроки ғизонок бихӯрад, ба варзиш пайваста машғул бошад. Аз ин рӯ, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ҳамаи ноҳияҳо, мактабҳо, маҳаллаҳо майдонҳои варзишӣ сохтанд, то ҷавонони солиму неруманд ба камол расанд.
Яке аз хислатҳои ҷавонмардон эҳтиром ба олимон аст. Дар гузаштаи дур шахсони донишмандро валӣ, фиристодаи Худо мепиндоштанд ва ба онҳо таъзим менамуданд. Ин анъана дар мардумони ориётабор ҳама вақт буд. Шоҳони сомонӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, ба пешвози олимон аз ҷояш мехест ва дар ҷойи ифтихорӣ менишонд ва гусел менамуд. 
Навиштаанд: “Чун Абдуллоҳи Тоҳир ба подшоҳии Хуросон омад, дар Нишопур ҷой гурифт, аъёну ашроф ба саломи ӯ омаданд. Баъди як ҳафта пурсид, ки: «Ҳеҷ кас мондааст дар ин шаҳр, ки ба саломи мо наомада бошад?» Гуфтанд: «Ду олим Аҳмади Ҳарб ва Муҳаммад Аслами Тӯсӣ, ки уламои раббонианд ва ба даргоҳи салотин наоянд». Абдулло гуфт: «Агар эшон ба саломи мо наомаданд, мо ба саломи эшон равем». Абдуллоҳ Тоҳир арбоби давлатӣ, лашкаркаши номӣ ва асосгузори аввалин давлати тоҷикон буда, барои поягузории адолат корҳои зиёде ба анҷом расондааст. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди душвориҳои зиёд, ки ба сари давлат ва халқи Тоҷикистон омаданд, Академияи илмҳоро (имрӯза АМИТ) нигоҳ дошт ва ҳатто академияҳои соҳавӣ таъсис дод.
Пешвои муаззами миллат дар асари худ “Тоҷикон дар оинаи таърих”, китоби аввал аз Ориён то Сомониён” менависанд: “Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз нишебу фарози миллати хеш огоҳии комил медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мебардоштем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки ба сари халқи тоҷик омад, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихи наслҳои оянда хизмат мекунад”.
Ташаккули тафаккуру ҳувияти миллӣ аз оғоз асоси фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва, воқеан ҳам, ин марди бузург эҳёгари асили маниши миллист.
 
Юсуфшоҳ ЁҚУБШОҲ, академики АМИТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 710
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед