иҷтимоиёт
БАХТИ МИЛЛАТ
Сафар пеш омад. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ширкат дар ҳамоиши ҷамъбасти озмуни «Тоҷикистон- хонаи умеди мо» ба ноҳияи Данғара даъват карданд. Ҳама пурташвиш. Авҷи вируси зормондаи «COVID- 19». Созмондиҳандагони озмун ва мизбонон низ сахт нигаронанд, ки даъватшудагон мераванд ё не. Зимнан, кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо ташаббуси сармуҳаррирашон Қурбоналӣ Раҳмонзода чунин озмунҳои барои бедордиливу худогоҳӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷомеа басо муфидро дар минтақаҳои гуногуни мамлакат зебову бомуваффақият гузаронда, дар шинохту арҷгузории хизматҳои абармардони миллат қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода саҳми арзанда гузоштанд. Ин сафарҳо бо ширкати ҳам иштирокчиёни озмунҳо, ҳам кормандони рӯзнома сурат гирифта, ба мардум олам - олам таассурот бахшиданд. Шунидан кай бувад монанди дидан?
Ва инак, 5.09.20, соати шаши субҳ корвони мошинҳо аз саҳни Хонаи матбуот роҳи ноҳияи Данғараро пеш гирифт. Банда, Убайдулло Раҷаб (руҳаш шод бод!) ва Камол Насрулло «мусофир»-и савори мошини шиноси дерин Зафар – корманди оромтабиати рӯзнома будем. Бомдоди дилкушо. Осмони софу уфуқи гулобӣ нишонаи офтобиву гарм шудани рӯз аст. Вале аз ҳама асосияш дар пешорӯйи Ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз аз шоҳроҳу пул ва нақбҳои дар замони соҳибихтиёрӣ бунёдшуда гузаштану ранг- ранг созандагиҳоро диданамон фараҳбахш мебошад.
Дар анорбоғи Норак ҳайатро истиқбол гирифтанд ва барои як пиёла чой ба сайри боғ хонданд. Чанд сол пеш аз тариқи телевизион дида будем, ки бо пешниҳоди Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони пири ин боғро канда, харсангҳояшро шикаставу берун бароварда, заминро ҳамвор намуда, аз рӯйи тартиб он ҷо навниҳолҳои анор шинонданд. Ба ин амал ҳар кас ҳар хел баҳо медод: ҳайфи дарахтҳои пешина. Ин навниҳолон кай бузург мешаванду мева медиҳанд? Чун аз шоҳроҳи байни анорбоғ мерафтем, диққати маро аввал он ниҳолаконе, ки нӯги шохаҳояшон аз бори анорҳои арғувонии калон-калон ба замин мерасиданд, ҷалб кард.
- Ҳосил додаанд! Чи хубе. Нияти хайр. Аз нек боғ, - гуфтам ба худ.
Раиси шаҳри Норак М. Неъматзода бо хушгӯйӣ ҳайатро аз хиёбони сарвистон то соҳили рӯди Вахш ба пиёда рафтан ҳидоят кард. Росташ, ки манзараҳои дилкушои анорбоғ, хоса сафи сарвҳои ҳаррангаву гуногунсурат маро дар ҳайрат гузошт. Зеҳн, завқу ҳавас ва дасти кадом боғбони мумтозу муъҷизаофар ниҳолҳоро ба ҳар шаклу сурат: сарве шабеҳи духтари қадрас, ниҳоле монои ҷавони ошиқи беқарор, дарахте монанди дӯшизаи дар оғӯш тифли дилбанд, дарахти дигар дар шакли паҳлавони қавибозу, сарвҳое дар симои наврасони дилбохта, пирамардону пиразанҳои хамидақомати пурхаёлу ба андеша ғӯтавар. Оре, дарахтони гуногунсурат афсунгаранду ҳунари дасти боғбони зебопараст ҳайратангез. Офарин!
Лекин манзараҳои анорбоғ дар соҳили Вахш дилангезтар менамоянд: чаману сабзазор, гулзору обшор ва гулбуттаву дарахтони пуршукуфаи нодир, пайроҳаҳои пурпеч, кӯшку иморатҳои чӯбкории дилрабо, пайкара ва тасвирҳои мурғони хушхону ҳайвонҳо олами афсонаанд. Ба ростӣ, банда боғҳои дилкушои муъҷизамонандро дар соҳили Баҳри Сиёҳ ва ҷазираи Гоаи Ҳиндустон – Боғи Ширин дидаам, ки садҳо намуд гулу дарахту бутта доштанд. Аммо аз гӯшаи хаёлам намегузашт, ки дар соҳили саросар сангзори рӯди Вахш дар замони озодӣ ё Истиқлоли давлатиамон дасти муъҷизаофари тоҷике чунин боғи озодаи тамошо ва сайру сайёҳатбобро бунёд карда бошад. Акнун бубину лаззат бубар ва бовар бикун, ки тоҷики даврони соҳибистиқлол бо раҳнамоии Президенти дурандешаш ба ҳама созандагиву бунёдкориҳо қодир аст. Зимнан, чунин мавзеъҳое, ки ҳанӯз сангистонанду хорзор, дар сарзаминамон афзунанду интизори дасти инсонҳои созандаву гулкору зебопараст.
Рӯди нилфоми Вахш, ки солҳост агрегатҳои НБО "Норак" - ро чархонда, ба хонадони мардум нур мебахшад, дар ин росто басо орому асрорангез ҷорист ва гӯё чун пири хастаи хуфтаи фурӯтан ба сайру гуфтугӯйи пурҳаяҷон, аксбардориву шӯхиҳои рӯзноманигорон менигарад. Ёдам омад, ки шоири нахуствахшсаро зиндаёд Мирсаид Миршакар дар шеъри «Вахш»-аш гуфта буд:
Маънии номи туро, эй рӯди Вахш,
Ҳар касе аз рӯи ақлу фаҳми худ
Шарҳ дод.
Он яке «ваҳшӣ» туро номида буд,
Дигарӣ «пурхашм»,
Сеюмӣ «бадниҳод»...
Бишнав аз ман маъниятро:
- Рӯди Вахш-
Ганҷбахшу
Хайрбахшу
Нурбахш!
Зимнан, чанде пеш хабари расмии бо сабаби камобии обанбори Норак аз рӯйи реҷа додани барқ мардумро дар ташвиш гузошта буд. Боз аҳволи сокинони деҳот фасли зимистон бад хоҳад шуд. Афсӯс. Лекин алҳол зимни суҳбат раиси шаҳри Норак бо хушнудӣ гуфт:
- Муъҷиза ва эҳсони табиат! Дар чанд рӯзи охир обанбори Норак пур шуд ва аз меъёр чанде боло ҳам баромад.
Аз ин хушхабар кӣ шод намешавад? Ин мужда қалби миллионҳо сокинони мамлакатро равшанистон мекунад. Ин навид, бешак, дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатиямон беҳтарин армуғон мешавад. Ин ҳадияи беминнати обанбори НБО "Роғун" аз баракати ҳамин рӯди Вахш аст, ки ба хонадони мардум нуру гармӣ мебахшад.
Бо хотираҳои нек болидаруҳ аз анорбоғи нозанини Норак баромада, роҳи Данғараро пеш гирифтем. Данғарае, ки солҳои охир чун зодгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳри навбунёди замони Истиқлол машҳур шудааст. Бе гумон, шукуҳи шаҳри Данғараи имрӯза аз манзараи маркази ноҳияи оғози солҳои 90-уми асри бист дидаам аз замин то осмон тафовут дорад, балки муқоисанашаванда мебошад.
Ёдам омад, ки баъди барқарор шудани Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ҷашни Наврӯзи бостон дар ҳамин Данғара баргузор шуд. Он замон пиру барно пазмони ҷашну шодӣ буданду бо баҳонае аз пойтахт берун рафтан. Пархошу носозиҳо одамонро дилтангу аз якдигар ҷудо карда буд. Бо Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон бо чархбол ҳайате аз арбобони собиқадору аҳли илму адаб ба Данғара рафтем. Вақти офтоббаро буду дашту даман сабзапӯш. Истиқболи гарму пурнишот. Осмон ҷо-ҷо хирман - хирман абр дошту гоҳ-гоҳ борони найсон низ меборид. Вале ин ба кайфият ва нишоти меҳмонон халал намерасонд. Ҳавои хушу манзараҳои дилкаши наврӯзӣ. Аммо такудаву ташвиши мизбонон аз чашм ниҳон намемонд. Пазироии аввалашон ин қадар меҳмони муътабарро дар куҷо шинонанд ва эҳтиромашонро чӣ хел ба таври шоиста ба ҷо биёранд? Пас аз субҳона меҳмононро ба тамошогоҳи дилхоҳашон бузкашӣ, аспдавонӣ ва гӯштигирӣ хонданд. Бештари меҳмонон дидани зӯрозмоии паҳлавононро интихоб карданд, ки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар он ҳузур дошт. Гӯштигирӣ дар ҳавои кушод, дар ҳамвории байни ду теппа, ки ба варзишгоҳ шабоҳат дошт, сурат мегирифт. «Варзишгоҳе монанди амфитеатри табиӣ. Хурду бузург дар домани теппаҳо саф-саф нишаста, қувваозмоии паҳлавонони номдори аз саросари Тоҷикистон омадаро дар майдони болояш коҳпӯш бо шавқу сурур ва баъзан кафкӯбӣ медиданд. Меҳмони олиқадр ва ҳамроҳонашро аз ҳама боло дар зери чодари аз борон ҳифзкунандаи муваққатан сохта ҷо доданд, ки тахтафарш низ дошт. Ҷуз рост истода мусобиқаро тамошо кардан чорае набуд. Чун борон бошаст мебориду бод тунд мевазид, намнокиву сардӣ меафзуд, баъзан шуълаҳои гарми хуршедӣ аз паси абр чашмкушоии наврӯзӣ сарулибосҳои тарро мехушконд. Билохира бо сабаби афзудани боду борон мусобиқаи гӯштигирӣ поён ёфт. Ва роҳбаладон меҳмононро ба маркази ноҳия ба зиёфат оварданд. Ин пазироӣ дар зери хаймаи бузурги бризентӣ бо шарофати дидору сарҷамъии наврӯзӣ хеле гарму хотирмон баргузор шуд. Он замон биноҳои маъмурии маркази ноҳияи Данғара назарногир буданду аз ҳамдигар дур ҷо доштанд.
Чаро ман он замону он манзараро ба ёд овардам? Акнун маркази Данғара ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ, дорои корхонаву қасрҳои фарҳангӣ, донишгоҳҳо, биноҳои муҳташам, муассисаҳои тиббиву таълимӣ, варзишгоҳ ва хиёбону гулгаштҳои дилрабо табдил ёфтааст. Ва ин ҳам ҳақиқат аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ дар дурдасттарин рустову ноҳияҳои Тоҷикистон вусъати чунин созандагиву бунёдкории фараҳбахш ба чашм мерасад, ки ин ҳама самараи ҳидоятҳои пайвастаи самарабахши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ва боз ёдам омад, ки даҳсолаҳо пеш ба муносибати аз Бойғозӣ ба воситаи нақб ба заминҳои ташналаби ноҳияи Ёвон баровардани оби рӯди Вахш шоири зиндаёд Ғоиб Сафарзода дар «Дӯстӣ» ном шеъраш башорат дода буд:
Данғара сарсабз фардо мисли Ёвон мешавад,
Сабзаву себарга рӯйи об ғелон мешавад.
Имрӯз аз баракати оби ҷонбахши Вахш ва ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарсабзии боғу роғ, киштзорони даштҳои Данғара ва ободии деҳаҳо, ба қавле, рашки гулистонҳост.
Ибтидо моро ба тамошои осорхонаи мактабе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро хатм кардаанд, бурданд. Росташ, ки банда ҳангоми иншои мақолаҳо оид ба кору пайкори сиёсиву давлатдории Президент, махсусан вақти тарҷумаи китоби рӯзноманигорони маъруфи рус В. Сухомлинов, Т. Шалаев «Роҳ ба сӯйи созиш» (наш: «Собеседник», 2002, Москва, «Ирфон», 2003), ки оғози шиносондани шахсияти ояндадори Эмомалӣ Раҳмон, то ба мансаби пурмасъулияти Сарвари давлат роҳи пуршебу фарози зиндагӣ ва дар солҳои пурошӯбу гирудорҳои хунрез чун вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани низоъҳо, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва билохира дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудану ба арсаи сиёсати бузург қадам ниҳодани эшон бо ҷузъиётҳои ҷолиб ба хонандаи русзабон маълумот додан буд. Ман борҳо ин таълимгоҳро пеши назар меовардам. Мактаби рақами ҳафт, саҳну синфхона, курсиҳову тахтаи навиштану омӯзгорон. Инак, бо ҳамсафарон ба ин мактаб ворид шудам. Даҳлези барқад ва айвону ҳуҷраҳои таълимӣ бо нигораҳо ороста шудаанд. Нигораҳое, ки аз аксу макони зист, рӯзгори падару модар, манзараи онзамонаи мактаб, овони наврасиву таҳсил дар омӯзишгоҳ, даврони маллоҳӣ бо сарулибосҳо, синфхона бо ҳамон нишастгоҳҳои аслии тахтагии дурушт. Роҳнамо бо шавқ парта, яъне курсии Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад. Нишастгоҳи панҷум. Ман инро медонистам, лекин акнун бо чашм дидам. Дӯсти ҳамсинфаш аз хӯву хислати айёми бачагӣ ва таҳсили Президент ҳарф мезанад. Меҳмонон ба курсии акнун таърихӣ бо навбат нишаста, барои хотира акс мегиранд. Воқеан, ин лаҳза барои ҳама аҷибу хотирмон хоҳад буд.
Озмун дар толори пуршукуҳи Қасри навбунёди фарҳанг бо ширкати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, сиёсати сулҳу фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷолибу хотирмон ва пуртантана гузашт.
Дигаронро намедонам, аммо банда он соат солҳои барои китоби дуюми романи «Гардиши девбод» борҳо ба Данғара сафар кардану зиёрати оромгоҳи бузургвор Мавлоно Тоҷиддинро пеши назар меовардам. Ҷавоне ҳушманду зирак, дилбохтаи саводу илму дониш асрҳо пеш аз ҳамин мавзеъ бо фотиҳаи пирони рӯзгор барои таҳсил дар мадрасаҳо пиёда Бухорои шариф рафт. Ва ба андозае ҷиддӣ ба таҳсил андӯхтану дониш камар басту ба мақсад ноил шуд, ки шахсияти номвари руҳонии он замон – Амир Кулол ӯро ба муридӣ пазируфт. Ва боз аз хандаи бахт вай бо шарофати пири руҳонияш бо Баҳоуддини Нақшбанд, ки шогирди Амир Кулол ҳам буд, ҳусни дӯстӣ пайдо кард. Бешак, ҳамаср будан, балки ҳамнишину ҳаммаҳфил шудан ба ин абармардони нотакрори олами илму ирфон ва аз хазинаи пургуҳари маърифати эшон баҳраманд гардидан атои Худованд, шаъну шараф ҳисоб меёфт. Ва он ҷавон пас аз солҳо чун марди баркамолу донишманд хати иршод дар даст бо хурҷин - хурҷин китобҳои пурҳикмати нодир ба зодгоҳ баргашт. Росташ, ки ин бахти мардуми Хатлон низ буд, чунки пас аз бозгашти Мавлоно Тоҷиддин ба зодгоҳ чароғи донишу ирфон бо шарофати ӯ дар ин диёр бештар нурафкан шуд. Ва боиси ифтихору сарфарозист, ки меҳру эҳтироми ҳазрати Баҳоуддини Нақшбанд ба Мавлоно Тоҷиддин чунон баланд будааст, ки вай ба пайрави ҷавонтари хеш, пасон шахсияти муътабари руҳонӣ Мавлоно Яъқуби Чархӣ зимни сафараш сӯйи Балх мефармояд: «Зинҳор зиёрати Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кӯлакиро дарёбӣ, ки аз авлиёаллоҳ аст». Ин сухани бофта набуда, дар «Сафарнома»-и Мавлоно Яъқуби Чархӣ сабт шудааст. Ман аз назди марқади Мавлоно Тоҷиддин, ки фарози баландтарин теппаро ҳусн мебахшад ва аз он ҷо паҳнои дашту дамани Данғара то дуриҳо чун дар кафи даст менамояд, ба атроф нигариста, меандешидам: руҳи поки Мавлоно асрҳои аср аз ин «минбар» ин водии ҳосилхезу файзбахшро назора мекарду мекунад. Вале дар айёми соҳибихтиёрӣ ва Истиқлоли давлатиамон фарзанди барӯманду некноми миллати тоҷик, зодаи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Сарвари давлат, кафили оромиву осудагии миллату марзу буми мамлакат бо иродаи қавӣ, дили бедор, хираду дурандешӣ барои шукуфоии сарзамин, пайваста беҳтар шудани зиндагии шоистаи мардум, аз минбари бузургтарин созмонҳои байналмилалӣ, дар радифи роҳбарии давлатҳои абарқудрат аз номи миллати тоҷик ва давлати озоди Тоҷикистон ҳарф мезанад, барои густариши сулҳу ҳамгироӣ дар минтақа шабу рӯз талош меварзаду нақши сазовору мондагор мегузорад. Ин ҳам бахти миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик асту ҳам шаъну шарафи Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон дар ин замони мураккаб.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2021 №: 210 - 211 Мутолиа карданд: 543