logo

иҷтимоиёт

СУЛҲ ВА ВАҲДАТ МУҲИМТАРИН ДАСТОВАРДҲОЕ, КИ БА ШАРОФАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ДАСТ ОМАДАНД

Агар дар бораи хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  навиштан хоҳем, саҳифа болои саҳифа зам шудан мегирад. Чунин хидматҳо, ҷоннисориву аз худ гузаштанҳо ба хотири рушди кишвар, саодати миллат ва фархундагии мардуми сарбаланди тоҷик, чунон зиёданд,  то ба ҳаддӣ бешуморӣ. Аммо, ба андешаи ман, ба мардум сулҳ овардан ва ба ваҳдати комил расидан муҳимтарини он аст. 
 
ЧАРО МУҲИМТАРИН?
Мардуми кишвар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро аслан замоне шинохтанд, ки  зимоми давлатдорӣ ба даст гирифт. Он ҳангом  пояҳои давлати тозаистиқлоли мо фалаҷ, миллат пароканда, кишвар ноамн буд. Ман 6 сол доштам ва  ин айёме буд, ки бо ҳамсолонам шикамсерӣ қанду шоколаду дигар анвои лазиз, ки ҳоло фаровон аст, як тараф истад, ақаллан нон бояд мехӯрдем. Аммо… 
Ман ҳанӯз қобилияти дарки воқеаҳои замонро надоштам ва дар мизони ақли кӯдакиам ҳаводиси даврро баркашида, неку бадашро ҷудо ва дуруст хулосабарорӣ карда наметавонистам. Аммо эҳсос менамудам ким - кадом омиле боис шуда, ки нон - неъмати ба ҷон баробар камчин гардидааст. Шикамсерӣ нахӯрдани нон замони кӯдакӣ дар лавҳи хотирам чун нақш дар санг боқист ва ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Эҳсос менамудам ҳамин омил, ҳамчунин боиси марги бародарони чанде аз дугонаҳои ман ва оҳу фиғони модаронашон гардида. Акнун ҳоло мефаҳмам ва дарк менамоям, ки ин ҳамаро сабаб  ҷанг ва набудани ваҳдати комил миёни мардуми кишвар будааст. Дар кишваре, ки он ҷо сулҳ, ваҳдати комил пойдор нест магар модарону  кӯдакон шоду беғаманд? Ҳаргиз! Ба таъбири устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода танҳо «Сулҳ шакарханди лаби кӯдакон» аст. 
Миллате, ки аҳлона зиндагӣ дошт, чаро якбора  шӯриду хуни ҳамдигарро рехт, чӣ ва ё кӣ ба ин сабаб шуд, гунаҳкор кист? Ростӣ намедонам, аммо ҳар ки ба ин амал даст зад ё барои чунин ранг гирифтани кор мусоидат намуд, яқин мақсадаш парешонии миллати тоҷик буд. 
Парешонӣ муҳимтарин иллатест, ки миллатро ба нестӣ мебарад ва дар таърих миллатҳои зиёд ба ин сабаб давлатдории хешро аз даст додаву то ҳол миллати бе давлат ёд мешаванд. Ин хатар 30 сол қабл миллати моро низ таҳдид намуд, аммо хушбахтона мо ба шарофати Пешвои миллатамон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳал ёфтем. 
 
«МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ»
Ин иқтибос аз суханрониҳои нахустини Пешвои миллат аст, ки ҳанӯз 30 сол қабл аз минбари баланд садо дода буд ва то имрӯз вирди забонҳост. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон, қавл доданд, ки сулҳ меоранд. Осоиш муҳимтарин чизе буд, ки мардуми он замон ҷангдидаву ба хуни худ оғӯштаи тоҷик баъд аз сари қудрат омаданашон аз ӯ интизорӣ доштанд ва ин интизориҳо бар боди фано нарафтанд. Ӯ аз миёни мардум омад ва ба дарди мардум  малҳам шуд, барои бунёди давлати навин санги асос гузошт, пояҳои пӯсидаву фалаҷгаштаи давлатро таъмир кард,  коми мардумро аз шаҳди сулҳ ширин намуд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшид. Ӯ тавонист! 
Худо накарда, ин ду арзиши барои миллат муҳимтарин, яъне сулҳ ва ваҳдати миллӣ намедоштем, шояд имрӯз дар кишвари мо мисли Афғонистон ҳанӯз ҷанг идома дошт. Охир, омили асосии ҷанги дурудароз дар он сӯйи сарҳади кишвари мо - Афғонистон маҳз набудани ваҳдати миллӣ мебошад, на чизи дигар. Аммо сад шукр, ки чунин нест. Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки тоҷикон ба шарофати ҷоннисории Пешвои миллат соҳиб шуданд, таҳкурсии мустаҳкам барои рушди  соҳаҳои гуногун - иқтисод, илму фарҳангу маориф гардид. Ва тавре Шарл Мишел, Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо таъкид намудааст: «Дар тули 30 сол Тоҷикистон дар давлатсозиву миллатсозӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида, барои сулҳ, субот ва рушди иҷтимоӣ заҳмати зиёд ба харҷ додааст».
Воқеан, ҳама он дастоварде, ки имрӯз Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ дорад, ба шарофати сулҳу ваҳдатест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин миллату давлат бахшиданд. Ва барои «Дирӯзи аламдору, имрӯзи гуворо»  - ро надидан кӯр бояд буд.
Агар андеша доред, ки ин барои ҳар роҳбари давлат вазифаи  аввалиндараҷа маҳсуб меёбад, дар ин маврид бо шумо - хонандаи азиз, комилан мувофиқ нестам. Албатта, тамоми роҳбарон - сиёсатмадорони дунё назди худ ваколату рисолати касбӣ доранд. Аммо гап сари он аст, ки то куҷо аз уҳдаи ваколати базиммадоштаашон мебароянду дар рисолати роҳбарии худ устуворанд. Ва ҳам таърих роҳбарони зиёдеро дар хотир дорад, ки  дар лаҳзаҳои барои миллату давлат ҳассос на дар андешаи наҷоти миллат, балки ҷони худ, кишварашонро ба ихтиёри душман гузоштаву фирор кардаанд. Дар ин росто, Пешвои миллати  мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардонавор аз миллату ҳастии он ҳимоят карданд агарчи борҳо ба ҷонашон таҳдид намуданд. Баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, ки замонати амнияти ҳар давлат мебошад, корҳои чашмрасе анҷом доданд. Аз ҷумла, ба ин хотир, миёни минтақаҳои гуногуни кишвар даҳҳо роҳу нақбҳои пайвандгар сохта шуд, ки  дар натиҷа мардумони манотиқи гуногуни кишвар рафтуо намуданд ва ба ҳам  пайвастанд. Дигар миёни кӯлобиву бадахшониву  зарафшонӣ фарқе нест. Ҳама зери рукнҳои давлатдорӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки замони роҳбарии Пешвои миллат таҳия ва қабул гардиданд,  муттаҳиданд. 
 
ҶАҲОНИЁН ТАҶРИБАИ СУЛҲИ ТОҶИКОНРО МЕОМӮЗАНД
Ҳоло сулҳу ваҳдати тоҷикон, ки ба шарофати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаву пойдоранд, дар меҳвари таваҷҷуҳи бузургтарин марказҳои пажӯҳишии ҷаҳон қарор доранд.
Тибқи маълумоти дастрас таҷрибаи сулҳу ваҳдати  тоҷикон дар беш аз 200 мақолаи илмии  бузургтарин сиёсатшиносони ҷаҳон, ва институтҳои таҳлиливу таҳқиқотии машҳури ҷаҳонӣ нишон дода шудааст.
Институти тадқиқотии стратегии назди Президенти Қазоқистон ҳанӯз 11 сол қабл таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намуна хонда, чунин таъкид намуда буд: «Саҳми Президенти муҳтарами Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани сулҳу субот ва  амнияти минтақаи Осиё хеле бузург буда, сулҳи Тоҷикистон бо роҳбарии ин шахсияти хирадманди таърихӣ эътибори тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардоштааст. Маҳз талошҳои ватанхоҳонаи ин роҳбари хирадманд ва дурандеш буд, ки сулҳу субот дар минтақа устувор гардида, барои пешгирӣ аз фоҷиаҳои қавмиву этникӣ ва диниву мазҳабӣ институтҳои ҷомеашиносӣ фаъол гардида, ин ниҳодҳо дар  конфронс ва симпозиуму мизҳои мудаввари хеш таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро намунаи барҷастаи баҳамоии ҷомеаи мардумсолорӣ ном бурдаанд».
Дар ин росто, мо - мардуми  кишвар, худ бояд ин ду дастоварди муҳимтарин  - сулҳ ва ваҳдати миллиро, ки яке бе дигаре пойдор буда наметавонад ва омили асосии пешрафти кишвар маҳсуб меёбанд, нигоҳ дорем. Набояд фаромӯш намуд, ки сулҳ ва ваҳдати миллии мо, пеш аз ҳама, барои худи мо заруранд ва агар ин бор низ аз даст раванд, Худо медонад, ки ба сарамон чи балоҳо меоянд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2021    №: 210 - 211    Мутолиа карданд: 584
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед