сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПИРЯХҲО ТО ТАСМИМҲОИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ин омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди “сабз” мебошад. Чун Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ нуқтаи бузурги пиряхҳо ба шумор меравад ва пиряхҳои мо барои минтақа на танҳо махзани бузурги об маҳсуб меёбанд, балки манбаи мувозинати табиат низ мебошанд, ба ин хотир, Пешвои миллат зарур мешуморанд ва ҳам таъкид менамоянд, ки пиряхҳо бояд пайваста мавриди омӯзиш қарор бигиранд. Чунин тасмимгирии Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон ба масъалаи тағйрёбии иқлим на танҳо дар дохили кишвар, балки дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон бетафовут нест.
Ин буд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2018 дар назди Академияи миллии илмҳои кишвар Муассисаи давлатии илмии маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд, ки дар ҳаёти стратегии кишвар воқеан рӯйдоди фараҳбахш ва ниҳоят муфид ба ҳисоб меравад. Ва ҳоло мехоҳам корҳои бунёдие, ки марказ бо роҳнамоиву дастури Пешвои миллат дар самти омӯзиши пиряҳо ва тағйирёбии иқлим анҷом додааст, манзури хонандагон созам.
Таъсиси марказ пеш аз ҳама имкон фароҳам овард, ки ҳолат ва масоҳати пиряхҳои ҳудуди кишвар комилан зери назорат қарор дода шаванд ва дар ҳудуди кишвар дар самти омӯзиши пиряхҳо таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии ҷавобгӯ ба сатҳи ҷаҳонӣ гузаронда, манбаҳои асосии обҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2019 зимни ироаи Паём доир ба гармшавии иқлим ва таъсири он ба кишвар сухан ронда, аз ҷумла, таъкид намуданд: «Ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи пиряхҳо тадбирҳо андешида шаванд».
Дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти стратегӣ доштани пиряхҳои кишвар дар сатҳи минтақа ва иҷрои бандҳои асосии “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” Муассисаи давлатии илмии маркази омӯзиши пиряхҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Яке аз дастовардҳои назаррас ин аст: марказ соли 2019 ба Системаи ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо шомил гардид. Ин нишони он аст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлате эътироф гардида, ки оид ба криосферӣ ва яхшиносӣ таҳқиқотҳои бунёдӣ анҷом медиҳад. То ин замон дар сомонаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ аз сабаби набудани маълумот, ҳатто миқдори пиряхҳои Тоҷикистон нишон дода нашуда буд. Марказ, инчунин, ба Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба криосфера шомил аст.
Дастоварди дигар ин аз ҷониби олимони марказ омода шудани лоиҳаи “Атласи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” иборат аз 12 ҷилд мебошад. Дар он мавқеъ ва ҷойгиршавии пиряхҳо ва шумораи онҳо муайян шудааст, инчунин аввалин маротиба расми рангаи ҳар як пиряхи коҳишёфта бо нишондоди ҷуғрофӣ бо формати HD оварда шудааст. Инчунин оид ба ҳолати пиряхҳо, шумора ва ҷойгиршавии онҳо дар ҳавзаҳои дарёи Оби Хингоб, Сурхоб, Панҷ, Зарафшон, Кофарниҳон, Ғунд, Бартанг, Ванҷ, Мурғоб, Язгулом, Панҷ - Қизилсу, Муксу, Маркансу ва ҳавзаи кӯли Қароқӯл маълумоти умумӣ оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби кормандони марказ дар натиҷаи таҳлили аксҳои дастрасшудаи моҳвораӣ ва экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пиряхҳои нав, ки қаблан дар атласи таҳияшудаи замони Иттиҳоди Шуравӣ набуд, ошкор гардид. Муҳтавои маҷмуи маълумотҳо дастурест барои огоҳ намудани аҳли ҷомеа, сохторҳои давлатӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳолати пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйирёбии иқлим.
Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат дар самти омӯзиши пиряхҳо таваҷҷуҳ менамояд, истифодаи технологияи муосир мебошад ва мақсад аз истифодаи технологияи навин ин ба даст овардани маълумоти илман дақиқ мебошад. Ин буд, ки марказ бо таҷҳизоти нави муосир таъмин гардид. Ҳоло экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин аҷом мепазиранд. Ин технологияи инноватсионии муосир барои гузарондани амалиётҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати муайян намудани ҳолати пирях хеле муфид мебошад. Ҳамчунин, дар ҳамаи бахшҳои марказ ГИС-технология роҳандозӣ шудааст. Одатан муайян намудани динамикаи пиряхҳо маҳз бо ҳамин усул, бо истифодаи ГИС-технологияҳо сурат мегирад ва дар ин замина хусусиятҳои пиряхҳо ғафсии пирях, ҳаҷм, минтақаи забонаи он, нуқтаҳои аблятсионӣ ва аккумулятсионӣ омӯхта мешаванд. Омӯзишҳо тариқи ГИС-технологияҳо имкон медиҳанд, ки андозаи пиряхҳо дақиқтар ва бо моделҳои махсус, инчунин ҳаҷми ҷисми ях чен гардад, ҳатто ғафсии ях ва шакли пирях тавассути маълумотҳои дурдаст муайян карда шавад. Ҳамин тавр, марказ дар тули фаъолияти худ, бо истифода аз технологияи навин солҳои 2018-2019-2020 28 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, дар ин росто ба натиҷаҳои барои илми на танҳо кишвар, балки минтақа назаррас анҷом дод.
Мувофиқи феҳристи пиряхҳои Иттиҳоди Шуравӣ аз 65 пиряхи ҳаракаткунанда, ки дар кӯҳҳои Осиёи Миёна вокеъ гардидаанд, 35 пирях дар Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Омӯзиш нишон дод, ки дар раванди тағйирёбии иқлим шумораи пиряхҳои ҳаракаткунандаи кишвар зиёд шуданд. Ҳавзҳои яхини болои пиряхҳо ва назди пиряхҳо нисбат ба солҳои гузашта миқдоран ва ҳаҷман зиёд шуданд, ки хавфи зиёдеро ба минтақаҳои кӯҳӣ эҷод месозанд. Онҳо, инчунин, нишони боришоти аз ҳад ками барф дар ин минтақаҳо ва коҳишёбии пиряхҳои ин масирро дар раванди гармшавии глобалӣ муқаррар мекунанд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки Пешвои миллат барои рушди минбаъдаи кишвар муҳим мешуморанд, истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ мебошад, ки он ҳадафҳои стратегии давлат муайян шудааст. Дар ин масир омӯзиши ҳолати пиряхҳои мамлакат аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Маврид ба зикр аст, ки намояндагони дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон музокиротро доир ба бунёди муштараки неругоҳи барқи обӣ дар қаламрави Тоҷикистон оғоз намуданд. Мавзуи аҳамияти стратегидоштаро сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар мулоқоташон моҳи августи соли 2018 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон матраҳ намуданд. Гуфтушуниди гурӯҳҳои корӣ оид ба сохтмони неругоҳ дар дарёи Зарафшон дар Тошканд сурат гирифта, лоиҳаи созишнома миёни ду кишвар ҷиҳати шартҳои иштироки саҳомӣ дар сохтмон ва истифодаи неругоҳҳо мавриди баррасӣ қарор дорад. Ба ин хотир, олимони маркази омӯзиши пиряхҳо давоми се соли охир барои омӯхтани ҳолати пиряхҳои водии Зарафшон дар минтақа экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом дода, иқтидори захираҳои обии дарёи Зарафшонро меомӯзанд. Яъне, марказ дар муносибатҳои минтақавӣ вобаста ба обҳои сарҳадгузар ва манобеи он бе тафовут нест.
Олимони марказ азм доранд бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ дар бораи пиряхҳо, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро оид ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд. Инчунин, дар асоси таҳлилҳо баҳодиҳии нав ба ҳолати пиряхҳои ҳаракаткунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро коркард намуда, ҷараёни коҳишёбии пиряхҳоро муайян намоянд. Маврид ба зикр аст, ки бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ, инчунин, бо мақсади табодули маълумоти нави илмӣ ва истифодаи онҳо, бо Маркази умумиҷаҳонии пиряхҳо мубодилаи иттилоот барпо карда мешавад, ки барои равобити оянда дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ заминаи хубе хоҳад дошт. Зимнан, ҳама он корҳое, ки Маркази омӯзиши пиряхҳои назди АМИТ то имрӯз анҷом додаанд, дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат аст.
Абдулмаҷид ҚАЮМОВ,
директори Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2021 №: 210 - 211 Мутолиа карданд: 732