сиёсат
РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНДОРӢ
Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, бешак, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
Даврони соҳибистиқлолӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият ба мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Соҳибистиқлолӣ барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Тоҷикистони озоду обод ва шукуфон мебошад.
Имрӯз сокинони кишвар ифтихор аз он доранд, ки 30 - сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро гузоштанд ва ба шарофати соҳибистиқлолӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.
Пас аз як соли эълони Истиқлолияти давлатӣ, 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ, вакилон сиёсатмадори ҷавону дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро Сарвари давлат интихоб намуданд, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ иртиботи ҳамаҷониба доранд.
Халқи шарифи тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият, таҳти роҳбарии Сарвари тозаинтихоби худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар раванди барқарорсозӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории навин, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош анҷом дода, ба хотири ободии Ватан раванди созандагиро пеш гирифт. Дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва Қушунҳои сарҳадиро таъсис дода, марзу буми Ватанро таҳти назорати доимӣ гирифтем.
Халқи шарафманди тоҷик 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатро қабул кард. Аз ҳамон сол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишоф фаро расид. Дар партави ин санади зиндагисоз, таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.
Давраи навини давлатдорӣ моро водор сохт, роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозорӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем. Албатта, раванди бонизоми пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза, асосан аз истиқлолияти энергетикиву коммуникатсионӣ ва вусъат пайдо кардани роҳсозӣ вобастагии амиқ дорад. Бинобар ин, нахустин иқдоми Ҳукумати мамлакат оғоз бахшидан ба сохтмони нақбҳо буд.
Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ, хатҳои интиқоли неруи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои замонавии мошингард ва даҳҳо иншооти азими иҷтимоӣ ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардидем. Дастовардҳои намоёни Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоду ягонагии халқ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ таҳти роҳнамоии Пешвои маҳбуби кишвар боиси нороҳатии душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик гардидааст. Мо инро дар амалкарди саркардагони ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ бараъло мебинем, ки феълан дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, кӯшиши ноором кардани вазъ дар Тоҷикистонро доранд. Вале, дигар ин талошу найрангҳо натиҷа нахоҳанд дод, зеро ин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ бо амалҳои ғайриинсонии худ ба нафрати халқ гирифтор шудааст.
Дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза бошад, халқи шарафманди тоҷик ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид менамоянд: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд хатари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намуда, барои бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешад. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мешуморем».
Яъне, дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир мо танҳо бо ваҳдату сарҷамъӣ, заҳмати аҳлона ва саъю талоши ватандӯстонаи тамоми сокинони кишвар метавонем истиқлолияти Ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаю шукуфон гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем.
Пешрафт ва монеаҳо доимо паҳлуи якдигаранд. Бо вуҷуди монеаҳои гуногун Тоҷикистон дар самти таҳкими истиқлолияти сиёсии худ гомҳои устувор мегузорад. Тоҷикистон, ҳоло ки зинаҳои аввали инкишофро бомуваффақият паси сар менамояд, ояндаи начандон дур ба давлати тараққикардае табдил меёбад. Мо ба ин умед дорем.
Ш. БОБОЕВ,
муовини ректори Донишгоҳи аграрии
Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.10.2021 №: 210 - 211 Мутолиа карданд: 669