logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ” дар деҳоти Кангурт
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоӣ, саноатӣ ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Роҳбарият ва мардуми меҳмоннавози ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангуртро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Коллеҷи тиббӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуд.
Иншооти мазкур бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Муассиса имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад.
Коллеҷи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ва толори маҷлис барои 240 ҷойи нишаст мебошад.
Масоҳати умумии ҳудуди Коллеҷи тиббӣ 10 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмон 1125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Кушодашавии бинои нави Коллеҷи тиббӣ боиси фараҳмандии хурду калони ноҳия гардид.
Татбиқи ташаббуси мазкур нишонаи возеҳи ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илмомӯзии ҷавонон ва азхудкунии донишҳои муосир маънидод гардид.
 
Таъмиру навсозии Боғчаи кӯдаконаи “Бону”
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъд аз таъмиру навсозӣ Боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва маърифатнокии насли наврас мавриди таҷдид қарор гирифта, ба истифода дода шуд.
Таъмиру азнавсозии кӯдакистон аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардид.
Мавриди зикр аст, ки кӯдакистон ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, дар давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кӯдакони ин деҳот ҳам, соҳиби боғчаи зебо шуданд.
Боғчаи кӯдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудааст.
Давоми корҳои сохтмонӣ ҳамаи ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо рахтҳои наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо, ошхона бо тамоми лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.
 
Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чарм” бунёд гардид.
Масоҳати иншоот, ки аз 3 ошёна иборат аст, 786 метри мураббаъ мебошад.
Лозим ба зикр аст, ки Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” дар асоси супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар, сохта шуд.
Дар ошёнаи 1-уми бино коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки бо 30 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот барои дӯхти либоси занонаву мардона ва ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ 40 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Барои такмили ҳунари дӯзандагии онҳо масъулон мутахассисонро аз пойтахти кишвар ҷалб намуданд. Қисме аз кормандони ин коргоҳи дӯзандагӣ, ки сокинони деҳаи Кангурт ва деҳаҳои гирду атрофи он мебошанд, то ин вақт фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд. Акнун бо бунёди Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”, чеварони маҳаллӣ корро дар шароити беҳтару хубтар идома медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми 1 сол то 27 ҳазор либоси занонаву мардона ва низомӣ дӯхта мешавад.
Дар ошёнаи 2-юми иншоот истеҳсоли пойафзол ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ, асосан, пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ, пешниҳод мекунанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз аз 300 то 500 адад пойафзол мебошад. Роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар оянда истеҳсолотро дар ин самт афзун намояд.
Дар иншооти навбунёд дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик дар маҷмуъ, наздики 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. 
Қабати сеюми бино меҳмонхона аст, ки ҳуҷраҳои муосираш бо катҳои хоб, иншооти ёрирасон ва ғайра таъминанд. 
Дар ҳудуди иншоот толори намоиши маҳсулоти Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” бунёд гардида, дар он намунаи маҳсулоти корхона ба маъраз гузошта мешавад.
Дар қисми дигари корхона мағоза низ ҳаст, ки маҳсулоти корхона дар он ба фурӯш меравад.
Маҳсулоти корхона дорои сифати хуб ва рақобатпазир асту, содирот низ, мешавад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бобати афзудани ҳаҷми истеҳсолот ва ба ин восита саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Корхонаи истеҳсоли мебел дар деҳоти Кангурт фаъол шуд
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 Иншоот ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар, таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Мухаков сохта шудааст.
Масоҳати умумии иншооти навбунёд 6000 метри мураббаъро ташкил намуда, бинои асосӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Иншооти мазкур бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз мебошад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд буда, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст.
Самти асосии фаъолияти коргоҳи навро истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар корхонаҳо ташкил медиҳад.
Коргоҳи истеҳсоли мебел аз толори истеҳсолот, ҳуҷраҳои корӣ, ошхона, маркази хизматрасонӣ, нуқтаи фурӯши мебел, ашёи рӯзгор, мағозаи хӯрокворӣ ва дорухона иборат мебошад.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бо шуғли доимӣ фаро гирифтани бекорон пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Корхонаи истеҳсоли мебел 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
 
Ифтитоҳи бинои истиқоматии 8-ошёна бо филиали Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бинои истиқоматии 8-ошёна бо ҷойгиркунии бахши Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо имкониятҳои бахши Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар”, ки дар таҳхона ва ошёнаи аввали бинои нав ҷой дода шудааст, шинос гардиданд.
Зикр шуд, ки дар маркази нав барои ташхис ва табобати нафарони ниёзманд имконоти муосиру замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, таҳхонаи “Мадади Акбар” дорои ташхисгоҳ бо ҳуҷраи ултрасадоӣ, озмоишгоҳ бо лавозимоти корӣ буда, ҳамчунин, бахши ёрирасонӣ бо ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, варзишӣ ва маҳсдармонӣ таъмин гардидааст.
Маркази ташхисию табобатии “Мадади Акбар” дорои ҳуҷраи бақайдгирӣ буда, дар он барои ташхису табобати чашм, гӯш, гулуву бинӣ, дандон, дил ва асаб шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Марказ дорои ҳуҷраи ҷарроҳӣ буда, имкон аст, ки амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ дар ҳамин ҷо гузаронда шавад. Ҳамчунин, дар марказ ҳуҷраҳои алоҳида барои машварат ба ниёзмандон ва хатнаи кӯдакон сохта шудааст. 
Дар ин ҷо барои ба табобат фаро гирифтани беморон 12 кати хоб ташкил карда шудааст. Ҳуҷраҳои табобатӣ ва ташхисии “Мадади Акбар” бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадоӣ, оксигенераторҳо таъмин буда, имкон аст, ки сокинони ноҳия минбаъд дар ҳамин ҷо ташхису табобат гиранд. Дар марказ табобат бо усули гиёҳдармонӣ роҳандозӣ гардидааст.
Марказ дорои дорухона ва мағоза мебошад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур хизматрасонии муосири тиббиро барои сокинони ноҳия дастрас намуда, минбаъд табобату ташхиси нафарони бемор бо сарфаи маблағу вақт дар ҳамин ҷо гузаронда мешавад. 
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав 45 нафар, асосан, сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Нафароне, ки аз минтақаҳои нисбатан дуртар ба кор меоянд, дар ошёнаҳои болоии бинои мазкур бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, кормандони Корхонаи дӯзандагии “Меҳри Модар” низ дар бинои 8-ошёна бо манзил таъмин гардида, боқимондаи хонаҳо барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод мегардад.
Иброз гардид, ки дар маҷмуъ, бинои истиқоматӣ дорои 42 ҳуҷра буда, дар он шароити зарурӣ фароҳам аст. Иншоот дорои ҳуҷраҳои 1, 2 ва 3-хонагӣ буда, бо лифт ва дигар иншооти ёрирасон таъмин мебошад.
Иншоот дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд шудааст.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
 
Роҳандозии Маркази табобати дандон 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Кангурт Маркази табобати дандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки иншоот бо назардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба табобати дандон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази табобати дандон дорои шароити муосири хизматрасонӣ буда, дар он табибони соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд. Барои хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар иншоот дастгоҳҳои муосири тиббӣ васлу насб гаридааст ва дар як вақт дар ду ҳуҷраи корӣ ба ниёзмандон хизмат расонда мешавад.
Дар марказ ташхиси ултрасадоии дандон, гирифтани қолаб барои омодасозии дандон ва муоинаи решаву вазъи дандон роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин, минбаъд кандани дандон, шинондани дандони нав, тозакуниву табобати бемориҳои гуногуни вобаста ба дандон дар ҳамин ҷо амалӣ мегарданд.
Дар Маркази нави табобати дандон 5 нафар соҳиби ҷойи кор гашт, дар ошёнаи дуюми иншоот барои табибон манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит фароҳам аст.
Марказ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Шарифов сохта шудааст.
Намои берунаи бино бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида, гирду атрофи он мутобиқ ба талаботи замон сабзкорӣ шудааст ва ҳудуди иншоотро дарахтони ороишиву сояафкан зинат медиҳанд.
Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони марказ дастур доданд, ки ба сокинони ноҳияву дигар ниёзмандон бо сифати баланд ва бо назардошти қоидаҳои санитарӣ хизмат расонда, имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода баранд.
 
Оғози сохтмони варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик, дар маркази деҳоти Кангурт ба корҳои сохтмонии варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони варзишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншоот бо назардошти талаботи имрӯза бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Варзишгоҳ дар майдони наздики 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохт-мони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Иншоот аз ду минбар - ғарбӣ ва шарқӣ иборат аст.
Ҳамчунин, варзишгоҳ аз ҳуҷраҳои мураббӣ, назоратчӣ, ҷойи либосивазкунӣ, назорати допингӣ, нуқтаи тиббӣ, техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, мувофиқи нақша дар муҳлати кӯтоҳ бунёд хоҳад шуд.
Аснои шиносоии лоиҳаи иншоот Пешвои муаззами миллат ба сохт-мончиён дастур доданд, ки ба раванди корҳои бунёдӣ диққати ҷиддӣ дода, аз масолеҳи сохтмонии навъи аъло истифода намоянд, то ин ки варзишгоҳ солҳои дароз ба мардум хизмат расонад.
Ҳангоми муаррифии майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бунёд мегардад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот бо риояи талаботи муосири меъморӣ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб хоҳанд гашт.
Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 40 садяк замин сохта шуда, баландиаш бо сутунпоя 40 метрро ташкил медиҳад. Андозаи матои Парчам бошад, 14 ба 7 метр аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди майдони Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Кангурт нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хонда, қомат афрохтани онро дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ муҳим маъдидод намуданд.  
 
Кохи фарҳанг зеб бахшид деҳаи Кангурти деҳоти Кангуртро 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик дар деҳаи Кангурти деҳоти Кангурт бинои хуштарҳу замонавии кохи фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои муосир дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Пиров бо харҷи 14 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити кору фаъолият барои аҳли фарҳанг ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ фароҳам мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби 400 нафар бинокори ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидаанд.
Майдони умумии замини иншоот 5500 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи бино дар масоҳати 900 метри мураббаъ қомат афрохтааст.  
Кохи фарҳанг аз толори кинову консертӣ бо 600 ҷойи нишаст, толори хурд барои 50 ҷой, китобхона, 10 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст.
Толори асосии иншоот бо истифода аз санъати наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулкорӣ ва оинабандӣ оро дода шудааст, ки хеле диққатҷалбкунанда мебошад.
Толори кинову консертии бино бо дастгоҳҳои намунаи беҳтарини намоиш, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшанидиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои дар сатҳи баланд пешниҳод намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини аҳли ҳунар мусоид аст.
Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва пардозгарии кормандони кохи фарҳанг ва дигар иншооти ёрирасон дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Сутунҳо ва деворҳои бино дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ дар омезиш бо меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд ёфтаанд.  
Дар девору сутунҳои бино нақши “Коса”, “Рубоб”, “Шапарак”, “Ова” ва  “Каҷак” дар асоси омӯзиши чакандӯзиҳои сокинони маҳаллӣ бо усули гаҷкорӣ ҳаккокӣ гардидааст.
Дар девори оинабандии кохи муосири фарҳанг нақшу нигори миллӣ, ба мисли кохи “Ситорамоҳи Хоса”, ки дар Бухоро аввали асри ХХ сохта шуда буд, бо усули боз ҳам беҳтару рангин гаҷкорӣ шудааст.
Кори рассомон низ бо офаридани беҳтарин нигораҳои “Кундал”, расми гӯшаҳои табиати афсункори Ватан, акси абармардони сиёсат ва фарҳанги миллат  дар роҳравҳои бино мавқеи хос доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири фаъолияти аҳли фарҳанг дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати муваффақи фарҳангии Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар ошёнаи дуюми бино ду ҳуҷраи корӣ ва як толор бо 50 ҷойи нишаст барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва китобхона таъсис дода шудааст.
Китобхонаи замонавӣ бо мақсади рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб ташкил гардида, дорои беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад.
Дар китобхона гӯшаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки дар самти тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мусоидати зиёд мекунад.  
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави фарҳангӣ 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони кохи навбунёди фарҳанг суҳбати самимӣ анҷом дода, барои фаъолияти беҳтару хубтар ва пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ бо сатҳу мазмуни нав ва диди тоза ба онҳо 30 асбоби гуногуни мусиқӣ туҳфа намуданд.
 
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Темурмалик
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо роҳбарону фаъолон мулоқоти судманд доир карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ватандӯст ва меҳмоннавози ноҳияи Темурмаликро бо Ҷашни миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми ноҳия барои истиқболи самимӣ ва ба соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Таъкид шуд, ки дар асри ХХ дар ҳаёти Кангурт мисли дигар ноҳияву мавзеъҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Рушди дубораи иқтисодиву иҷтимоии Кангурт ба шарофати соҳибистиқлолӣ оғоз гардида, ҳоло қариб 19 000 нафар аҳолии Кангурт иборат аз 2354 хоҷагӣ дар ҳайати ду деҳот - Кангурт ва Ҳусайнобод зиндагӣ дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба шарофати даврони соҳибистиқлолии кишвар имрӯз Кангурт дорои роҳҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, иншооти зиёди хизматрасонӣ, бозори муосир, беморхонаи ноҳиявӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки раванди неки ободии Кангурти бостонӣ минбаъд низ идома меёбад ва соҳибкорону сармоягузорон бо ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барои пешрафти диёри худ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ боз ҳам бештар саъю талош мекунанд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, Сарвари давлатро ба ноҳияи Темурмалик хайрамақдам гуфтанд. Баромадкунандагон ба Роҳбари хирадпеша ҷиҳати таъмини сулҳу суботи пойдор ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.
 
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ"-и Вазорати корҳои дохилӣ  дар ноҳияи Данғара
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Темурмалик ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корези ноҳияи Данғара нахуст, Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супурданд.
Иншооти калони таълимӣ дар доираи тантанаҳои Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 2,8 гектар бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, барои қабули 760 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бино аз 6 ошёна, 39 синфхонаи барҳавои техникӣ ва электронӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти муосири дарсӣ, китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёди адабиёти илмӣ-бадеӣ ва китобҳои тозанашри соҳавӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, 25 ҳуҷраи корӣ, хобгоҳ барои омӯзгорону курсантон, толори варзиш, маҷлисгоҳи васеъ барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ, таваққуфгоҳ, мавзеи кушод барои гузарондани машқгоҳи тактикӣ, бозиҳои футболи хурд, баскетбол, волейбол ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.
Коллеҷи оташнишонӣ – техникӣ дар ноҳияи Данғара аввалин таълимгоҳи махсуси давлатӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи энергетика дар иншооти хоҷагии халқ ва неругоҳҳои барқи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То ин вақт мутахассисон дар ин соҳа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар хориҷи кишвар мехонданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону курсантон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи шароиту имкониятҳои мусоиди таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ошёнаи 4-ум ва 5-уми бинои таълимӣ хобгоҳ барои омӯзгорону курсантон бо 260 ҷой муҳайё шудааст.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмат мерасонад.
Дар шафати Муассиса бинои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара сохта шудааст, ки дорои шароити арзандаи кору хизматрасонӣ мебошад.
Бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ дорад. Дар ошёнаи якуми он қисми навбатдорӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд.
Инчунин, дар бинои хуштарҳу замонавӣ хобгоҳ барои 100 нафар ҳайати шахсии қисми оташнишонии ноҳия сохта шудааст.
Минбаъд кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара бо истифода аз шароити баланди фароҳамгардида фаъолияти худро ба роҳ монда, барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар бинову иншооти таъиноти гуногун фаъолияти назаррас хоҳанд кард.
 
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара соҳиби бино шуд
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Данғара бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои навтаъсис бо иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд бунёд гардида, барои кормандон туҳфаи арзанда ба ҳисоб меравад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2020 бо ҷалби беш аз 80 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ бунёд шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муосир дар масоҳати умумии беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии корӣ бунёд ёфта, аз 24 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона, китобхона, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Бино аз 6 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он барои ҷалби коргарону мутахассисон ба китобхонӣ, аз ҷумла мутолиаи асарҳои бадеӣ, илмӣ ва соҳавӣ, китобхонаи замонавӣ ва дар қисми дигар равзанаи ягона ҷиҳати қабул ва сари вақт анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ ташкил гардидааст, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин мебошанд. 
 Бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Данғара бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин буда, дар фасли зимистон тавассути ангишт гарм карда мешавад.
 
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2021    №: 212    Мутолиа карданд: 4041
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед