logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Оғози сохтмони роҳи мошингарди Данғара – Оқмазор
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара – Левакант – Бохтар” (“Данғара – Оқмазор”) шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара – Левакант – Бохтар” се марҳиларо дар бар гирифта, марҳилаи якум 28,7 километр, марҳилаи дуюм 30,7 километр ва марҳилаи сеюм 9,7 километр мебошад. Роҳи автомобилии мазкур солиёни зиёд таъмири асосиро надида буд, аз ин рӯ, зарурати сохтмон ва навсозии он ба миён омад.
Тавре иттилоъ доданд, марҳилаи якум, ки роҳи мошингарди “Данғара – Оқмазор” ба шумор меравад, 28,7 километрро ташкил намуда, пас аз таъмиру навсозӣ ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ мешавад.
Тибқи лоиҳа, паҳноии хатти ҳаракат 3,5 метр ва паҳноии мумфарши роҳ аз 7 то 8,4 метр мебошад.
Дар иншоот бунёди панҷ пул бо дарозии 75 метр, 23 истгоҳи замонавӣ, хобондани 37 лӯла, равшаннамоии маҳаллаҳои аҳолинишин ва сохтмони дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Роҳи автомобилгарди Данғара – Оқмазор бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд эъмор мегардад. Дар ояндаи наздик бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ин роҳ тавассути ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ ба талаботи замон мутобиқ гардида, сокинон аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар мегарданд.
Пас аз соҳибистиқлолии мамлакат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ қабул гардида, дар доираи он роҳҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мешаванд.
Натиҷаҳои то имрӯз бадастомада дар соҳаи роҳу нақлиёт назаррас буда, бе ягон мушкилот дар ҳамаи фасли сол рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар сурат мегиранд.
Зимни шиносоӣ бо марҳилаи якуми лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара – Левакант – Бохтар” (“Данғара – Оқмазор”), Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, иншоотро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот ба истифода диҳанд, то солиёни зиёд ба сокинон хизмат расонад.
 
Ифтитоҳи корхонаи коркарди шир дар деҳаи Хуррамзамин 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин”-ро ифтитоҳ бахшиданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи коркарди шир, ки бо истифода аз технологияи муосир якчанд намуди маҳсулот истеҳсол мекунад, шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки барои таъмини бехатарӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намудани маҳсулоти тайёр ба аҳолӣ, аввалан махсулоти ширӣ дар ташхисгоҳи корхона, ки дорои дастгоҳҳои махсус мебошад, санҷида мешавад.
Корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидакбар Сиддиқов дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Комбинати шири Душанбе” ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 30 сокини ин деҳа бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Корхона дар як шабонарӯз 5 тонна ширро коркард менамояд. Он, инчунин, дорои коргоҳҳои хурди истеҳсоли панир ва яхмос мебошад, ки дар ин ҷо ҳамарӯза то 2,5 тонна шир коркард мешавад. Дар онҳо 10 нафар сокини маҳаллӣ, баъд аз омӯзиши нозукиҳои технологияи муосир, соҳиби кор гардид. Раванди истеҳсолот ба тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, коргарону мутахассисон ҳангоми истеҳсол бештар ба сифат ва таъми маҳсулот аҳамият медиҳанд.
Шир аз хоҷагиҳои чорводорӣ ва сокинони ноҳияи Данғара харид ва тавассути мошинҳои махсус ба корхона дастрас мешавад.
Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулот 3 сардхона ва як гармхона бунёд гардиданд.
Дар саҳни он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулотро муаррифӣ намуданд.
Бо истифода аз технологияи муосир, ки аз кишварҳои пешрафтаи дунё ворид ва насб гардидааст, сметана, қаймоқ, ҷурғот, панир, дӯғоб, творог, яхмос, ки дар умум беш аз 50 намуди маҳсулотро ташкил медиҳад, истеҳсол гардида, сифатнокии он кафолат дода мешавад. 
 
Кушодашавии Боғи Парчами давлатӣ 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Боғи Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Онро сохтмончиёни маҳаллӣ бо маблағгузории соҳибкор Саидакбар Султонзода дар масоҳати як гектар бунёд намудаанд. Боғи Парчами давлатӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта шуда, дорои шароити хуби истироҳату фароғат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ Парчами давлатиро партавафшон намуданд.
Баландии сутунпояи Парчам 30 метр буда, матои ин рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.
Дар боғ ду фаввора бо усули муосир бунёд гардида, зиёда аз 500 дарахти нодири ороишӣ ва гулу буттаҳои ҳамешасабз парвариш мешаванд. Гулҳои рангоранги мавсимӣ низ ба атроф ҳусни дигар зам мекунанд.
Барои таъмини мунтазами гулу дарахтон ва майдони сабзазор бо об, чоҳи амудӣ ва обанбор бо ғунҷоиши 70 метри мукааб бунёд гаштаанд. Боғ тавассути обпошакҳои худкор обёрӣ мешавад.
Эъмори чунин иншооти замонавии фарҳангӣ ва партавафшон шудани Парчами давлатӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф аз як ҷониб, фароғати сокинонро таъмин намояд, аз тарафи дигар, эҳсоси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллиро дар қалби наврасону ҷавонон бештар месозад.
Дар Боғи Парчами давлатӣ 8 суҳбаткада ва 12 нишастгоҳ мавҷуданд. Барои истироҳату фароғати сокинон дар шаб низ шароит мавҷуд аст. Равшании боғро 50 чароғ дар сутунпояҳои гуногун таъмин менамояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати бунёди чунин иншооти замонавии фарҳангӣ-фароғатӣ изҳори сипос намуда, иқдоми созандаи ӯро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд.
 
Бинои маъмурӣ ба истифода дода шуд
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.  
Иншоот дуошёна буда, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳу намои муосир ва санъати баланди меъмории миллӣ бунёд шуд.
Бино дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, дар он китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷои нишаст  мавҷуд мебошад. Дар ҳуҷраҳои корӣ шароити мусоиди фаъолият барои кормандон фароҳам буда, бо техникаи муосири компютерӣ таъминанд.  Китобхона зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ дорад. 
Саҳн ва атрофи онро  дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ ва 20 сутунпояи чароғ оро медиҳанд.
Сохтмони иншоот соли 2020 оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд ба анҷом расид.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар бино баҳои баланд доданд.
 
Маркази фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт 
21 октябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Он солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкор  Суҳроб Таваралиев ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мутобиқ ба замони муосир навсозӣ шуд.
Марказ дуошёна буда, дорои 220 ҷои нишаст мебошад, ки дар он барои гузарондани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ  карданд.
Саҳн ва атрофи марказ чароғон ва сабзу хуррам буда, ба макони ободу зебо табдил ёфтааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Марказ созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим намуданд.
Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёду навсозии иншоот деҳоти ба номи Исмат Шариф ободу зебо гардида, барои сокинон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ фароҳам оварданд. 
 
Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ва маҳсулоти кишоварзӣ 
21 октябр дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш ҷиҳати кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дастовардҳои назаррас доранд.   
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 38 419 гектар зироат киштанд. 
Дар ноҳияи Данғара истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то якуми октябри соли равон ба 1 миллиарду 99 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда, 22 фоиз ба чорводорӣ ва 78 фоиз ба рустанипарварӣ рост меояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз ҳолати кунунии ҷаҳон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, кишоварзонро дар асоси таҷрибаи муосири кишту парвариши зироат барои аз як қитъа гирифтани 3 – 4 ҳосил ва, ба ин васила, боз ҳам баланд бардоштани самаранокии замин вазифадор намуданд.
Имсол меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар майдони 4 680 гектар пахта киштанд. Ба ҳолати 20 октябри соли равон 10 195 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки аз нақша 1127 тонна зиёд аст.
Истифодаи муфиди имкониятҳои табиии ноҳияи Данғара барои бунёди боғу токзор ба афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли мева мусоидат намудааст. Дар ин давра аз ноҳияи Данғара ба дигар давлатҳо 3 ҳазору 575 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 548 тонна беш мебошад.
Зимни пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ бонувони ноҳияи Данғара маҳорати баланди ҳунармандии худро муаррифӣ намуданд.
Ҷашни Меҳргон натиҷагирӣ аз рӯёндани ҳосил, захираи маводи ғизоӣ ва табодули таҷриба байни кишоварзон мебошад, аз ин рӯ, хоҷагидорони ноҳияи Данғара кӯшиш доранд, то ҳосили дар саҳро бударо пурра ҷамъ оваранд ва кишти тирамоҳиро бо риояи талабот ба анҷом расонанд.  
 
Бунёди бинои иловагии МТМУ № 8 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
Он аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ мешавад.
Бо сабаби фарсуда будани бинои қаблӣ, барои ба таълим фаро гирифтани наврасон шароити таҳсил ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Бинои иловагии МТМУ № 8 ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва баҳри фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон аз тарафи соҳибкорон сохта шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда, омӯзгоронро барои дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.
Дар муассиса 288 хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешавад.
Бинои иловагии МТМУ № 8 баҳри татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини пешрафти соҳаи муориф ва фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш бунёд гардид.
 
Баистифодадиҳии майдони варзиш 
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамин майдони варзиширо бо 2500 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Масоҳати варзишгоҳ ду гектар буда, он ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд шудааст.
Масоҳати майдони футбол 102 метр бар 70 метр буда, пурра майсазор мебошад. Ҳамчунин, дар атрофи майдон имкони мусоид барои бо варзиши сабук машғул гаштани сокинон фароҳам мебошад.
Дар ошёнаи якуми иншоот ҳуҷраҳои кормандон, варзишгарон, мураббиён, назорати допингӣ, таҷҳизоти варзиш, техникӣ, либосивазкунӣ, ошхона ва ғайра ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои меҳмонон, истироҳат, беҳдоштӣ, толори саққобозӣ ва варзиш мавҷуданд.
Варзишгоҳ аз ду минбари нишастгоҳ ва макони махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.
Гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ атрофи биноро оро медиҳанд.
Соҳибкори ватанӣ дар шафати майдони варзиш қаҳвахона низ сохтааст.
Дар заминаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ пас аз ифтитоҳи иншоот як зумра сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
 
Бинои шуъбаи “Муҳофиза” эъмор гардид
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 15-уми деҳоти Корези ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилиро ба истифода доданд. 
Иншоот аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 40 ҳуҷраи корӣ барои кормандон, шуъбаҳои назорати ташкилӣ, техникию муҳандисӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, анбори сарулибос ва дигар лавозимоти низомӣ мебошад.
Дар ошёнаи чорум чор ҳуҷра барои меҳмонон ва ошхона ҷойгиранд.
Дар назди бино таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти хизматӣ, майдончаи варзиш, ошхона, суҳбаткада ва иншооти ёрирасон бунёд гардиданд.
Он дорои системаи гармидиҳӣ мебошад, ки тавассути ангишт фаъолият менамояд.
Сохтмони бино моҳи августи соли 2019 оғоз гашта, барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додан, 40 мутахассиси ватанӣ ҷалб шуд. Ҳамчунин, атрофи бино ободу зебо ва иншоот чароғон шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати шахсии шуъбаи мазкур беш аз 90 нафарро ташкил медиҳад.
Зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо ҳайати шахсии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат баҳри муҳайёсозии имкони фаъолият, зиндагӣ ва қадршиносии кормандони сохторҳои қудратӣ ёдовар шуда, ба онҳо барои бо ҳисси баланду худшиносӣ хизмат намудан ба нафъи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дастуру ҳидоятҳо доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 3770
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед