иҷтимоиёт
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТ. АЗ ДАФТАРИ ХОТИРАҲОИ ҶАВОНДУХТАР
Соли 2013 дар синфи 9-ум мехондам. Аз оғози соли нави таҳсил қариб як моҳ гузашта буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд. Ва табиист, ки бо расидани қудуми мубораки Пешвои миллат корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб мекунанд. Сарвари давлат дар доираи сафари корӣ иншоотро дар маркази ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Мо, як гурӯҳ духтарон, дар тан куртаҳои атлас барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷаноби Олӣ ҷамъ омада будем. Чун анъана ба меҳмони олиқадр гулдаста тақдим гардид. Президенти маҳбубамон бо як самимияти хос гулдастаро қабул карданд ва онро ба ман дода, гуфтанд: - “Духтарҷон гулҳоро миёни ҳам тақсим кунед”. Пас аз гирифтани гулдаста ҳиссиёти аҷибу пурифтихоре маро пахш кард...
Аз ин воқеаи хотирмон 8 сол гузашт. Вале то ҳол гуле, ки Пешвои миллат ба мо - духтарон дода буданд, маҳфуз аст. Он дастагул гули одӣ не, балки ҳамчун як падида ва ҳикмате бароям арзишманд буд, ки бӯйи баҳори ояндаи нек ва хушбахтиро меорад. Он гулҳоро то ба ҳанӯз ҳифз намудаам. Ҳар лаҳзае, ки онро бинам, ҳамон саҳна пеши назарам ҷилвагар мешавад...
Баъд аз буридани лентаи рамзӣ ва ба истифода додани яке аз биноҳои ҷашнӣ Сарвари давлат ба назди мо омада, барои пешвозгирии самимӣ сипос гуфтанд. Аз муносибати хуби падаронаашон мо бори дигар самимият ва таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллатро нисбат ба ҷавонон эҳсос намудем. Президенти маҳбубу мардумиямон бо як меҳрубонӣ гуфтанд, ки агар касе як шеър хонад, ӯро туҳфа интизор аст. Аммо мо аз шиддати ҳиссиёт ҳарчанд шеърҳои зиёд донем ҳам, ба забон оварданаш мушкил буд. Ва, нохост аз байни мо як духтар, ба қавле ҷуръат пайдо карда, гуфт:
- Ҷаноби Олӣ, дар васфи Модар шеър хонам, мешавад?
- Албатта, беҳтарин аст, - хитоб карданд Сарвари давлат.
Пас аз қироати шеър Пешвои миллат аҳсанаш хонданду ба ӯ туҳфа доданд. Воқеан, гирифтани туҳфа аз дасти мубораки Сарвари давлат барои ҳар нафар ифтихори бузург аст.
Ин рӯйдод дар ҳаётам ҳамчун беҳтарин лаҳза дар лавҳи хотирам маҳфуз мондааст. Аз ин мулоқоти начандон тулонӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ бардоштам ва он дар зиндагиям саҳифаи наверо рақам зад.
Бори дигар итминон ҳосил намудам, ки Пешвои миллат бо хиради азалиашон доимо ғамхори халқи азизи Тоҷикистонанд. Ва тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат ҳомӣ ва пуштибони қудратманди худро пайдо карданд.
Албатта, ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони азизи мо аз файзи ваҳдати миллӣ ва иттиҳоди халқи шарафманди тоҷик дар атрофи сиёсати созандаю бунёдкорона ва дурбинонаи Пешвои миллат аст. Гузашта аз ин, Президенти мардумиамон пояҳои худшиносии миллиро устувор намуда, мардумро ба созандагию ҳувиятсозӣ ҳидоят менамоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки пайгирӣ аз ин сиёсат ояндаи боз ҳам дурахшони Ватани маҳбубамонро таъмин менамояд.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.2021 №: 213 - 214 Мутолиа карданд: 470