logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

 
Қонун дар бораи забони тоҷикӣ санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардида, дар муддати 20 соли амали худ дар рушду шукуфоии забон нақши муҳим гузошт. Вале бо назардошти он, ки бархе аз муқаррарот ва меъёрҳои он, ки дар замони шуравӣ таҳия гардида, бо гузашти замон наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони истиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд, зарурат пеш омад, ки ба хотири ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад. Ҳамин тариқ, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, ин сана дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун «Рӯзи забони давлатӣ» эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.
 
Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нав ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, забон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сайри таърихии забони тоҷикиро аз замони қадим то имрӯз дар  бар гирифтааст, бори дигар собит сохт, ки давлату Ҳукумат нисбати тақдири забони давлатӣ бетаваҷҷуҳ набуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳангоми ироаи паёмҳои маъмулии хеш ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтаанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад.
Боиси ифтихор аст, ки бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғагон, аз ҷумла Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Ҳаким Саноӣ, Хоқониву Саъдиву Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхиву Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, дурри макнуни сухан суфта, осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд, ки мо - ворисон онро осонӣ ва бе луғат мехонему мефаҳмем. 
Дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳалаҳои тулонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, имрӯз низ дар даврони истиқлол ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун як аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ идома дода истодааст.
Боиси таъкид аст, ки забон дар масири рушду таҳаввули худ пайваста дар такомул буда, аз ҳисоби калимаҳои нобу сараи тоҷикӣ, ки аксаран дар забони мардум мавриди истифода мебошад, ғанӣ мегардад. Аз ин лиҳоз, яке аз сарчашмаҳои инкишофи забони модарии ҳар халқу миллатро забони шеваю лаҳҷа ташкил дода, он ҳамчун ганҷинаи бебаҳои халқ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон хизмат мекунад. Зеро дар лаҳҷаю шева бисёр дурдонаҳои номакшуф нуҳуфтаанд, ки шинохт ва ба хидмати забони адабӣ истифода бурдани онҳо барои инкишофу такмилу вусъати имконоти забони адабӣ кумак мерасонад. 
Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд: «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».
Дар замони мо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани  шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо эҷод мекунад. Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, таъкиди ин нукта, ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардондани забон муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат чанд пешниҳоди судмандро баён намуданд, ки воқеан ҳам, татбиқи амалии он барои ғанӣ гардондани шабакаҳои иттилоърасонии тоҷикӣ ва гузашта аз он, ҳамчун забони илм мавқеи мустаҳкам пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши равшан хоҳад бозид. Аз ҷумла:
1. Зарурати таҳияи барномаи компютерии «санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ».
2. Феҳристбандии электронии тамоми калимаҳо бар мабнои муҳимтарин сарчашма ва маъхазҳо.
3. Ба барномаи компютерӣ ворид намудани тамоми калимаҳои забон, бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид намудани шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ… 
Дар ҳақиқат, имрӯз вақти он расидааст, ки дар воситаҳои электронии хабаррасон ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумоти муҳими соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мероси гаронбаҳои ниёгон, осори адабию бадеӣ, девонҳо, осори адабиётшиносӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва ғайра, ҷой дода шаванд, то ин ки хонандагон битавонанд аз шабакаҳои иттилоърасонӣ ҳамчун сарчашмаи маърифатомӯзӣ баҳраманд гарданд.
Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки ба сатҳи саводнокии мардум ва, бахусус насли наврасу ҷавон, латма ворид месозад, ҷой доштани камбудиву духӯрагиҳои ҷиддиест, ки дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ба назар расида, дар байни аҳли илму адаб, олимону забоншиносон ва қишрҳои дигари ҷомеа баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овардааст. Чунин нуктаҳои баҳсбарангезу мутаноқиз дар  фарҳангҳои соҳавии марбут ба забон, аз ҷумла «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» низ, зиёд ба назар расида, ба сатҳи забондонию маърифати хонандагон таъсири манфӣ мерасонанд. Пешвои миллат дуруст ишора карданд, ки имрӯз зарурати ҳар чи зудтар таҳия намудани луғати имлои забони тоҷикӣ эҳсос мегардад, зеро «қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ танҳо барои олимон нест, балки дастури амалиест, ки ҳадафи он саводнок кардани тамоми мардум буда, бояд ба ҳамаи табақаҳои ҷомеа дастрасу фаҳмо бошад». 
Дар робита ба ин, санаи 30-юми июни оли 2021 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои  китобати забони тоҷикӣ» ба тасвиб расид, ки имрӯз мавриди амал қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ба яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукумат -  эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳалу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимаи Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд. Дар сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳим тарбияи насли ҷавоне мебошад, ки илова ба хуб донистани забони модарии худ бо назардошти талаботи  ҷаҳони муосир бояд ҳадди ақал се-чор забони хориҷиро донанд. Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ, моро зарур аст, ки баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, барои пешрафти забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтазам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем». Зеро, чунонки бузургон таъкид мекунанд, забони худро надониста, аз бар намудани забонҳои дигар имкон надорад.
Дар ин бора, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва мулоқотҳои худ пайваста бар он таъкид медоранд, ки муаррифии дастоварду муваффақиятҳои кишварамон ба мутахассисони соҳибихтисос ва дар айни замон забондон вобастагии калон дорад. Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. Бахусус, тавассути ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо бо ҷалби олимону адибони маъруф, омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ, аз бар намудани шеърҳо, байтбарак ва ғайра, ки имконияти бештари бедор намудани завқу шавқи ҷавононро дар пай доранд, барои қавӣ гардондани ҳофизаи таърихии хонандагону донишҷӯён зарур мебошад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ  мақоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио, дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ниҳоят калон аст, зеро ҷомеаи имрӯзаро бидуни ин воситаҳои хабарӣ тасаввур кардан имкон надорад.  Зеро мақоми телевизион дар ҳаёти имрӯзаи мо, махсусан дар ташаккулу такомули тафаккури афроди ҷомеа, ниҳоят бузург мебошад. Бар дӯши кормандони телевизион масъулияти хеле ҷиддӣ гузошта шудааст, зеро дар инкишофи забону маданият, санъату фарҳанг нуфузи телевизион бештар буда, арзишҳои фарҳангии мо тавассути он тарғибу ташвиқ мегарданд. Оид ба риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои телевизиону радио андешаҳои зиёди аҳли илму адаб баён гардида, имрӯз зарур аст, ки дар назди ҳар як муассисаи иттилоотӣ шуъбаи таҳриру таҳлили матнҳо бо ҷалби донандагони хуби забон таъсис дода шавад, ташкил намудани курсҳои доимоамалкунандаи бозомӯзии забон барои кормандони ВАО, аз нигоҳи мутахассисон гузарондани матни суруди ҳофизон, риояи усули навишти сатрҳои равон  барои ҳифзу ҳимояи забони ноби тоҷикӣ, асолат ва покизагии он ҳамчун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ ба манфиати кор мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми солонаи худ низ дар робита ба гиромидошти забони модарӣ таъкид намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем». Дар ҳақиқат, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он  инъикос мегардад ва, аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку муназзаҳ нигоҳ доштани он зарур мебошад.
 Забони мо, сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо - соҳибони ин забон мебошад.
 
Тоҷибой СУЛТОНӢ,
доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 485
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед