logo

иҷтимоиёт

МАСНАДУ ҶАЛОЛ ҲАЛОЛАТ БОД!

Ҳанӯз шаббодаҳои Душанбе болои баргҳо ба пешвози офтоб менишастанд, ки корвони мошинҳои мо ба роҳ баромад. Ин бор роҳамон дароз буд: роҳ сӯи "Боми ҷаҳон" – Бадахшони лаълхез доштем, ки то имрӯз ҳар касе он ҷо расид, аз бузургиву шаҳоматаш ба ваҷд омад. Офтоб аз хонааш мебаромаду мо аз қалби Тоҷикистон – Душанбеи азиз. Нурҳои пурҷилои шамси саҳарӣ аз самти шарқ нурафшонӣ мекарданду мо низ рӯ сӯи офтоб, балки хонаи офтоб доштем...
Корвони мошинҳо роҳ мерафту қаторкӯҳҳои Ҳисор пеши назар ҷилва мекард. Манзараҳои нотакрори Норакшаҳр чун ҳамеша чашми маро асир карда буданд. Даштҳои паҳновари Данғара вусъати кишвари азизамро бозгӯӣ мекарданду қалъаи «Ҳулбук»-и Восеъ қисса аз қаъри таърих менамуд. 
Ба Кӯлоби бостонӣ расидем, зиндагӣ дар ҷӯш: ҳама ҷо тозаю озода. Роҳҳои фарохи обзада. Ба чашми хеш бовар намекардам, чун ҳамагӣ чанд моҳ қабл ҳангоми селфуроӣ бо гурӯҳе аз ҳамкорон ба назди зарардидагон омадем. Ин кӯчаҳо вайрону валангор буданду мардум дар сӯги гумкардаҳои хеш ошуфтаву парешон. 
- Моҳи май ин кӯчаҳо ғарқи селоба буданд. Ина бинед-а, аллакай, аз он ному нишон нест, - гӯё фикри маро хонд ҳамкорамон Бузургмеҳри Баҳодур. 
- Бале, ҳама барқарор шуд. Ҳукумат ёрии беҳисоб кард. Акнун, фардо, 5 октябр, Ҷаноби Олӣ ба Кӯлоб меоянд,- гуфт намояндаи вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода, ки моро ҳамроҳӣ мекард. 
Як лаҳза пеши чашмам чеҳраи нуронии сокини маҳаллаи Даминзодаи шаҳр бобои Раҷабхони 90-сола намудор гашт, ки он рӯзҳо рӯй ҷониби қибла даст ба дуо мебардошт ва дар ҳаққи Сарвари давлат дуои хайр мекарду мегуфт: "Риштаи умр дароз бошад, инсон аз тамоми офатҳо мераҳад. Селҳои зиёдеро дидем. Даҳшатнокаш соли 2010 буд. Он вақтҳо дар маҳаллаи Чармгарон мезистем. Ҳукумат моро ба ин ҷо кӯчонд. Хона сохта, зиндагӣ дорем. Чӣ кунем, ки дар пеши табиат оҷизем? Боз сел омад. Вале, агар Президент дар сари халқ бошад, ин рӯзҳо ҳам мегузаранд". Имрӯз медидем, ки ниҳоли бовари бобои Раҷабхон самар додааст ва муҳтарам Ҷаноби Олӣ кулбаи эҳзони ӯву ҳамшаҳриёнашро ба гулистон табдил додаанд. 
Ба Шурообод, ки расидем, аллакай, офтоб рӯйи дашту даман зарпошӣ мекарду табиат ҷилванамоӣ: акси офтоб дар роҳ оинаи пурҷилоро мемонд. "Мегӯянд, ки роҳҳо оинаи кишваранд. Инро бубин, дар ҳақиқат, мисли оина",- гуфт ҳамсафари дигарамон апаи Барноз. 
Ӯ, ки фарзанди Бадахшон асту азобу машаққати ин ҷодаҳоро зиёд дидааст, дар ҳар қадам роҳҳои шишамонандро нишон додаву аз гузашта ёд меовард, ки чи гуна аз тариқи ноҳияи Тавилдара меомаданд. Ба ӯ гӯш додаву медидем, ки булдозеру тракторҳо дар равуою ҷо-ҷо сохтмон идома дорад. 
Ағбаи Шуроободро ҳам гузаштаву ба «дарвозаи тиллоӣ»-и Бадахшон – Дарвози хушобу ҳаво расидем. Табиист, ки акнун кӯҳҳои азимҷусса моро ба бар мегирифтанд. Миёни шахҳои бадҳайбате расидему дилам гувоҳӣ дод, ки ин ҳамон Девдара аст. Апаи Барноз ба гумони ман муҳри тасдиқ зад. Ин ҷо Девдараи касногузаре буд, ки ҳоло Гулдара шуда. Суханҳои Ҷаноби Олӣ дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар гӯшам садо доданд: "Вақте мо гуфтем роҳи Девдараро месозем, касе розӣ нашуд. Мутахассисони дохилию хориҷӣ санҷидаву иҷозат надоданд. Он солҳо техникаи пешрафта ҳам надоштем. Як трактор буд. Худам рафта, бо як бел корро оғоз кардам. Билохир, ин  роҳ бунёд шуду Гулдара номаш ниҳодем". Ва ҳам арза доштанд, ки барои расидан ба пешрафти иқтисодӣ мо бояд аввал роҳ бунёд мекардем, Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебаровардем, ки ба ин ҳадаф даст ёфтем. 
Дар ин масир "симфониёи меҳнат" садо медод. Яке булдозерсавор роҳро асфалт мекарду гурӯҳе бо кадом дастгоҳи ба ман ношинос андармон буд. Синаи санг шикофта роҳ месохтанд… 
Ба ҳамин тариқ, то ба маркази ноҳияи Дарвоз роҳҳо чун кафи даст ҳамворанду чун оина рахшон. Ноҳамвориҳои ҷо-ҷо боқимонда имрӯзу фардо рост хоҳанд шуд. 
Аз Дарвоз муъҷизаи дигаре маро тасхир кард: дарё. Дарёе, ки ормони моро бо худ мебарад. Панҷи хурӯшону сокит. Панҷи гавҳарафшон. Панҷе, ки олам-олам роз дорад: аз дирӯзу имрӯз. Дарё маро ба гузашта мебурд. Гузаштае, ки доғе дар дили ҳамватанон боқӣ гузошта. Гузаштае, ки як саҳифаи дардноки таърихи миллат аст. Гузаштае, ки бо гузашти сӣ сол аламҳояш дар кунҷи дил забона мезананд... Пеши назар ҳамдиёроне меомаданд, ки сӣ сол муқаддам дар талоши ҷон роҳ сӯи дарё гирифта буданд. Басеро ин дарё ба соҳили мурод  расонд,  вале  чи  касонеро  фурӯ  бурд... Дасти дарё низ барои наҷоти даступохӯрдагон кӯтаҳӣ кард... Ин дарё ҳам шоҳиди рӯзҳои пурмоҷарою ҳам шоҳиди даврони босалоҳи кишвар аст. Бо тақдири як миллион гуреза ошност. Садои тифлакону модарону хоҳарони ба соҳил нарасида, то ҳол аз қаъри дарё бадар меояд. 
Ба ин хаёл будам, ки, тасодуфан, ин матн бо мусиқӣ садо дод: "Худам ин сӯ, дилам он сӯи дарё…". Ин суруд маро ба ёди Афғонистони имрӯза овард. Кишваре, ки ҳамакнун қисмате аз он пеши чашми ман аст. Қуллаҳояш ҳамнавои қуллаҳои Ватанам. Боз ҳам Панҷ моро бо ҳам мепайвандад. Боз ҳам барои сарнавишти талху печидаи мардуми афғон ҷо-ҷо шару шӯр дорад, дарё. Ҳамчуноне ки тамоми мардуми Тоҷикистон имрӯзҳо руҳан бо ҳамсоягонанд… 
- Охир, чӣ гуна ба сарнавишти ин мардум бетафовут будан мумкин, дар ҳоле ки миёни мо ҳамагӣ ин дарёст? Воқеан, тоҷик будан дар ин саро душвор аст. Дар ҳоли ҳозир тоҷикон ягона халқеанд, ки барои ҳамсояи дарёдармиён овоз баланд мекунанд. Аввал, офарин ба Пешвои миллат, ба ҷасорату матонаташон. Хомӯш наистоданд, дар саҳнаи муборизаҳо яккатозӣ мекунанд, ки ин берун аз ҳарфу ҳиҷост,- рози дил ба забон овард Бузургмеҳр.  
Гоҳе чунин суҳбатҳо дар миён гузошта мешуданду гоҳе манзараҳои нотакрори Бадахшонзамин моро асири хеш мекарданд ва сукут муҳитро пахш менамуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳар касе Бадахшонро надидааст, Тоҷикистонро надидааст. Ин ҷо табиат ба инсон ҳазору як роз дорад. Фуромадани офтоб аз қуллаи кӯҳҳои қабат-қабат, ки гӯё  ишваву нозкунон поён меояд, абри сари пуштаҳо, дарёи сокиту ороми бо ҳазорон армон, насими оғушта бо таровати гулу гиёҳ, оби сарду зулоли чашмаҳо ҳар кадоме як олам асрор доранд. 
Самимияти мардум ҷаҳони дигар аст. Онҳо зебо зистанро аз манзараҳои беназири атроф омӯхтаанд. Зери навои дафу чанг ҳар рӯзро истиқбол мегиранд. Ба лаб оёти шукр аз имрӯзи фирӯзи Ватан меболанду ҳама шукуфоиро аз файзи қадамҳои Пешвои миллат медонанд. 
Бо тамошои ин манзараҳо кӯфти роҳ ҳам эҳсос нашуд, ки ба Поршнев расидем, ба макони таваллуди фарзанди қаҳрамони миллат – Шириншоҳ Шоҳтемур. Деҳаи сабзе дар оғӯши кӯҳҳои бузург. Гирду бари хона – осорхонаи ӯро дарахтони себ иҳота кардаанду сарсабзии атроф нишона аз номи ҷовидонаи қаҳрамонанд. 
- Номи неки Шириншоҳ Шоҳтемурро Сарвари маҳбубамон дар ҳофизаи таърих ҷовидонӣ карданд. Ба ӯ унвони қаҳрамонӣ доданд, ки қадршиносӣ аз ин зиёд намешавад. Ин хона – осорхона гарчанде пештар таъсис ёфта бошад ҳам, ба шарофати Истиқлоли давлатӣ навсозиву эҳё гашт,- қаноатмандӣ кард директори он Давлатбегим Саломатшоева. 
Маркази ноҳияи Шуғнон шаҳраки муосиру замонавиест, ки ободкориҳояш давоми бист соли ахир ба вуқуъ пайвастаанд. Биноҳои хизматрасонӣ дар хизмати мардум, сокинони озодаву перостааш ҳар сӯ дар гаштугузор. Шиору овезаҳо ба пешвози Пешвои миллат кӯчаҳоро зеб додаанд. 
- Ба баракати ташрифи Ҷаноби Олӣ Шуғнони мо тамоман дигар шуд. Ин бино, ана онро низ Пешвои миллат кушоданд,- сохтмонҳои азиму бошукуҳеро нишон дода, мегуфт масъули мақомоти маҳалии ноҳия, ки моро роҳбаладӣ мекард. 
Дар Хоруғ – қалби Бадахшон ҷои поймонӣ нест гӯем, хато намешавад. Сохтмонҳои бисёрошёна ҳамрадиф бо сафедорони қоматрасои Хоруғ аз замин сар бардошта истодаанд. 
-Ин қадар биною ин қадар одамро бинад-а... Хоруғ тамоман дигар шудааст. Соли 2005 омада будам. Назди бозори марказиаш як-ду нафар гаштугузор дошту халос. Ҳоло замин кафида, одам баромадааст. Ин хуб аст. Нишон аз ҳаёти осоишта. Дирӯзро бо имрӯз муқоиса кунем, фарқ аз замин то осмон. Дар кӯчаҳои шаҳр мошин набуд, ҳоло тамбашавӣ маҳтал кардааст, - аз тамошои шаҳр ба ваҷд омад пири матбуоти тоҷик Қурбон Мадалиев. 
Хоруғ чун нигине андаруни кӯҳсор ҷило медод. Бо ҳазору як ранг. Шаҳри сабзи орзуҳои пиру барнои Бадахшон, ки фарзандон дар оғӯшаш шоду масруранд. 
Ҳини бозгашт чашмам ба доми кӯҳҳо афтоданд. Ин кӯҳҳо бо роҳгузарон сухан мегуфтанд: “Истиқлолият – сари баланду хонаи обод”, “Роғун – ояндаи Тоҷикистон”, “Озодӣ – ободӣ” дар танаашон сабт шуда буданд. Кӯҳҳо ба роҳгузарон ҳадиси дӯстдории Ватан меомӯхтанд ва ҳам китф ба китфу даст ба даст зери гунбади нилӣ саф кашида, иттиҳоду ягонагиро таҷассуму тарғиб менамуданд. 
Раҳораҳ ҳама аз ободкориҳои бесобиқаи солҳои охир гуфтанд. Роҳҳо – шоҳрагҳои рушди кишварро мисол меоварданд, ки Тоҷикистони воҳид сохтанд. “Хоҳӣ Бадахшон меравӣ, хоҳӣ, Суғд, ё Хатлон. Президент ба халқ хизмати бузург кард. Офаринаш! Дар сурудани достони роҳсозиаш қалам оҷизӣ мекашад”, - қаноатмандӣ мекард яке ҳангоми убури қитъаи ба наздикӣ мавриди истифода қарор гирифтаи Шкев – Қалъаихумб.
-Бар замми ифтитоҳи роҳи Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин  боз 38 километр роҳи Шкев – Зиғар бозсозӣ мешудааст. Дар мавзеи Ширговарди ноҳияи Дарвоз барои ҳимоя аз тарма то ҳамин мавсими соли оянда нақби 360-метра месохтаанд. Пулҳои зиёдеро дар ноҳияҳои Ванҷу Рӯшону Мурғоб ба истифода медиҳанд. Агар роҳи ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ҳам сохта шаванд, аҷаб коре мешавад. Вазнинӣ аз байн меравад... 
Ин гуна суҳбатҳо дар миён чи гуна ба Душанбе расиданро ҳам пай набурдем. Аз даромадгоҳи шаҳр, ки ворид шудем, Қурбон Мадалиев гул-гул шукуфтанд: “Мани 70-сола аз 17-солагӣ дар Душанбеам. Душанбе бӯи оғӯши модарам мекунад. Ин ҷо хондам, кор ёфтам, рӯзе шуд, ки дар навбати нон ҳам истодам, серию пуриашро ҳам дидам. Душанбе мисли тифле пеши чашмонам ҷавону бузургу зебо шуд. Ба ҳама нафароне, ки хизмат карданд, маснаду ҷалол ҳалол бод. Хосса, ба Сарвари маҳбуби кишвар”.  
Аз қалби Бадахшон – Хоруғ боз ба дили Тоҷикистон – Душанбеи гулпираҳан расидем. Кӯлбори сафар пур аз хотироти нек. Бовар кунед, зебоиҳою ободкориҳои Ватан зеби тамошо доранд. Ин ҳамаро дида, чӣ гуна ба меъмори Тоҷикистони навин – Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санову сипос нагӯем, ки пойдории ин сарзамин бо номи некашон сахт алоқаманд аст? 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед