logo

иҷтимоиёт

МУҶАССАМАИ ВАҲДАТ

...Баъд аз ҳазор сол, Истиқлоли деринтизор тоза насибамон гашта буд, хурду бузурги диёр шодӣ мекардем, зеро паёми хуши фардо ба гӯшамон мерасид. Мо аз он шумор мардумем, ки аз азал озода, озодихоҳ, истиқлолталаб ва саршор аз ифтихори ватандориву ватанхоҳӣ, аз ин лиҳоз  барои мо хеле мушкил омад, ҳазор соли беистиқлолӣ.  Истиқлоле, ки ҳазор сол интизораш будем, чун ҳадияи худовандӣ ба рӯзгори мо омад. Ёдам меояд,  он рӯзгорони  муниру хуҷаста, гӯё кӯчаю хиёбонҳои Ватан садои мутантани моро шунидаву ҳамроҳи мо шодмонӣ мекарданд, дар назарам баргҳои дарахтон рақс мекарданду моро зиндагӣ дар ҳалқаи муҳаббати хеш гирифта буд. Ҳарчанд фасли хазон буд, мо гӯё дар оғӯши баҳори пур аз гулу майсаву лолаву ёсуман шодмонӣ мекардем. Хаёламон дар таҷаллизори зебоӣ мисли кафтаре қум - қум мекард.
Аммо сад дареғ, ки ҷанги барандозанда Тоҷикистони азизро фаро гирифту гурӯҳҳои аз дунёву аз найранги сиёсат бехабар, ки наҷобату садоқату меҳрубонӣ аз вуҷудашон фирор карда буд, пушти сангар муқобили пайи ҷони ҳамдигар қарор гирифтанд. Гӯши ун бехабарон он рӯзгор  на нағмаву наво ва на садои дардрези касеро намешуниданд; на овои тифлону на модарон  ва на садои илтиҷои андешмандонро. Шайтанат дар хуну дар ниҳоди онҳо ҷой гирифта буд. Пеши чашмашон ба ҷуз сиёҳӣ рангҳои дигарро намедиданду нури  гарми хуршедро ҳам эҳсос намекарданд. 
Он рӯзгор Ватани азизи мо дар коми оташ афтодаву месӯхт ва фарёд мезад: “Эй ватандорон, эй фарзандон, дар коми оташам, наҷотам диҳед!”.  Ҳама тамошобин буд. Баъзе зиёиёну равшанфикрони миллат Ватанро тарк намудаву дунболи зиндагии орому осуда  ба чор тарафи олам фирор карданд.  Ва, хушбахтона,  дар ин миён танҳо гӯши як Бузургмарде садои нолаҳои Меҳану мардумро шунид. Ба гуфти Саъдии бузургвор:
Аз ҳазорон дар яке хезад наво,
З-он  ки ҳар кас маҳрами асрор нест.
Дар он рӯзгори бедодӣ ва дарҳам - барҳам, ки дар Ватани нозанини мо рӯй дода буд,  Бузургмарди оқилу бошараф ва банангу баномус  бо кӯлвори пур аз меҳру садоқату сулҳу сафо ба зиндагии беруҳу беофтоби мардуми дарду аламдида ворид шуд. Оре, Бузургмарде омад,  бо шонаҳои паҳни Рустамона, ба қомати чун сарв баланд. Бале, Бузургмарде, ки дар  авроқи нигоҳаш акси меҳру вафову дӯстдорӣ  нақш баста буд, Бузургмарде, ки воқеан  обу гилашро ба риштаҳои заррини қаҳрамонию садоқат сиришта буданд. Дар тамоми пиндору гуфтору рафтораш самимият, ростиву покизагӣ эҳсос мешуд. Оре, дили ӯ  саршори покиву  меҳрубонӣ буд ва чун муҷассамаи накуӣ ба чашмҳо менамуд. Ӯ ба зиндагии мардум аз даричаи  ҳақиқат ва воқеият назар андӯхт. Соҳибдилонро пазируфту бо онҳо машварат орост,  ба мардум аз ҳақиқати зиндагӣ ва озодиву озодагӣ суҳбатҳо намуд. 
Оре, бо хираду тафаккури густурда, ки  ба ҳам таъсиргузоранд,  тавонист ба ҳадафи хеш бирасад. Мавсуф аз оғоз эҳсос менамуд, ки  ҳарфу нидояш  ба дилҳои хаставу бемори мардум ҳатман шифо меорад. Бояд дарк кард, ки Бузургмарди  хушқаду хушқадаму хушпаём аз рӯзи нахуст дар пеши  худ  вазифа гузошт, ки дару дарвозаҳои оинаи худбинию худхоҳӣ бишканад ва онҳоеро, ки дар дунёи торикӣ вомондаанд, ба сарманзили рӯшанӣ бозгардонад. Он рӯзгорон ҳамвора дар хеш месӯхт, мисли ҳезуми тар дарун - андарун месӯхт, аммо медонист, бо ин сӯхтанҳояш метавонад рӯзе  роҳи мардумашро рӯшану сафед намояд.  Дар он рӯзгори сардаргум мардумро ба сӯйи бедорӣ ва ба истиқболи офтоби меҳрубонӣ мехонд, ҳарчанд барг - барги танаш пур аз фарёд буд...
Бидуни тардид Бузургмарде омад аз табори Сулҳу Ваҳдат ва фидокорӣ. Ва бо хитоб гуфт: 
 
Тоҷикистони маро дигар наозоред, 
Модари ҷони маро дигар наозоред.
Ин дили афтодаашро, эй ватандорон,
Бо кафи дасти савоби хеш бардоред! 
 
Ва афзуд; Мардуми азизи сарзаминам, бо шумо будан бароям нахуст масъулият асту пасон ишқу меҳру вафо, мо ба зоти  худ миллати нодирем ва беҳамдигар будану зистан наметавонем. Ҳеч пайванде болотар аз пайванди инсонҳо нест, мо ба дунё ба он хотир омадаем, ки ҳамдигарро эҳтиром кунем, зеро зиндагӣ гузаргоҳи дӯстдоштану нусрату саодат аст. Ҳамаи мо ба он хотир ба дунё омадаем, ки ҳамдигарро бишносем, ба рӯйи ҳамдигар лабханд бизанем, Тоҷикистон интизори лабханди ваҳдати мост. Мо ҳамеша ба ҳамдигар ниёз дорем. Мо ба эҳсосамон, ба андешаамон ва ба донишу бинишамон ба ҳамдигар ниёзмандем. Ман ҳатман марҳамеро дармеёбам, ки сӯзиши ҷароҳати шумо шифо бахшад.
Ақлу хирад калиди кушоиши дари ҳамаи дарду аламҳои мост, он калидро бояд дарёфт ва дохили хонаи ободу озод гашт. Ва ман ваъда медиҳам калиди дари Сулҳу Ваҳдатро дармеёбам ва қалбҳои шуморо ба ҳам пайванд мезанам. Калиди ваҳдати мо дар қаъри дарё фурӯ нарафтааст, балки  дар  қалбу  ману мову шумост.  Мо ҳамон тоҷикем, ки ба неш заданҳои хешу бегона ҷавоби нӯш медиҳем. Мо аз он тоифа мардумем, ки ба хотири Сулҳу Ваҳдат ҳатто душмани хешро дӯст медорем. Мо ба хотири Ватан, Истиқлол аз гуноҳи душмани худ мегузарем.   
Бо чунин ниятҳои неку орзуҳои созанда Тоҷикистонро аз вартаи заволу фаношавӣ раҳо намуда, ба сӯйи шукуфоӣ ҳидоят кард.
Ҳамбастагӣ, ягонагӣ ва ваҳдату иттифоқи назар, ҳамдардӣ ва раҳму дилгармӣ аз асилтарин хислатҳои Сарвари дурандеши мо мебошанд, аз ин рӯ, тавонистанд мардумро ба ҳам оварда, беҳтарин давлате ба номи Тоҷикистон бисозанд, то мардумаш битавонад саломи хешро ба фардо бирасонаду алайки фардоро шунавад.
 Оре, Сарвари кишвари азизи мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чун Офтоби дурахшон раҳнамо шуданд ва зеҳну ҳуши моро ба сӯйи ҳамбастагӣ ва ваҳдату сарҷамъӣ ҳидоят карданду Ватани вайронаро иморат:
Ҳама ниюшаи Хоҷа ба некуию сулҳ аст,
Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.
Ман дар ин меҳрномаи кӯтоҳ танҳо аз ҳазорон амалҳои некуи Сарвари Тоҷикистони азиз як пораашро овардам ва номаш гузоштам: “Муҷассамаи Ваҳдат”. Зеро ҳамин ваҳдат аст, ки ба хотири буданаш ба фардои сабзу зебои зиндагӣ имону эътиқод дорем. Ҳамин ваҳдат аст, ки марбут ба номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст!
 
Шаҳрия АҲТАМЗОД,
дорандаи Ҷоизаи адабии 
ба номи Мирзо Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 461
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед