logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ВА СИЁСАТИ ОЯНДАСОЗИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

12-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид, ки он дар фазои суботи сиёсӣ, якдилӣ, самимият, иттиҳоду дӯстӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ баргузор гардид. 
 
Ҳамоиши мазкур ҳамчун рӯйдоди фараҳбахш ва воқеаи нодир дар таърихи мавҷудият ва фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тавонист дар хотироти иштирокчиён таассуроти амиқ боқӣ гузорад. Бахусус, барои инҷониб баробари иштирок дар ин ҳамоиш саҳифаҳои хотироти гузашта, замоне ки ба Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пайвастам ва дар ин мактаби бузурги омӯзиш ба камол расидам, обутоб ёфтам, ҳамчун лаҳзаҳои таърихӣ пеши назар омад. 
Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниро ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши ҷавонон дар ҷомеаи муосир суханронӣ намуд. 
Таъкид гардид, ки таҷрибаи солҳои охир дар ҷаҳони муосир нишон медиҳад, ки ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, аз имкониятҳои фаровони ақлонӣ ва ҷисмонии онҳо самаранок истифода кардаанд. Воқеан, дар ҷомеаи муосир нақши ҷавонон беш аз пеш муассиру амиқ мегардад. Дар ин замина Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсис ва фаъолият ҷиҳати сарҷамъ ва муттаҳид намудани ҷавонони мамлакат саҳми арзишманд мегузорад. 
Лаҳзаи аз ҳама муассиру хотирмони ҳамоиш ироаи номаи табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буд, ки бо як эҳсоси воло ба самъи ҳозирон расонда шуд. 
Пешвои миллат дар Паёми шодбошии хеш аз ҷумла чунин зикр намудаанд: “Ман ҳаргиз фаромӯш намекунам, ки дар вазъияти ниҳоят сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ҳеҷ кас ба фардои Тоҷикистон бовар надошт, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аввалин шуда номзадии маро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд. Тайи сӣ сол ҷавонон ҳамчун неруи муттаҳидкунанда барои барқарорсозии сулҳу субот, бунёди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кишвар, рушди илму техника ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳим саҳми хеле назаррас гузоштанд”.
Аз таъкиди ин нуктаи Роҳбари олии мамлакат иштирокдорони ҳамоишро эҳсоси ифтихор аз имрӯзи обод ва умед ба фардои дурахшони Тоҷикистони азиз фаро гирифт. Гузашта аз ин, дарки амиқи мазмуну моҳияти паёми шодбодии Пешвои муаззами миллат масъулияти ҳозиринро беш аз пеш афзун сохт.
Инчунин, Асрор Латифзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қосим Раҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба таърихи таъсисёбӣ ва нақши ин ташкилот ҷиҳати тарбияи кадрҳои лаёқатманду арзанда, ибрози назар намуданд. 
Ҳамзамон, таъкид доштанд, ки имрӯз кадрҳои бонуфузи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои соҳибэътибори ҷамъиятиро парвардагони ҳамин мактаби бузург ташкил дода, онҳо дар мансабҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ адои вазифа менамоянд. Инчунин, аз як қатор иштирокдорони ҳамоиш, кадрҳои соҳибмансаби сатҳи ҷумҳурӣ, ки дар мактаби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тарбия ёфта, имрӯз барои давлату миллати тоҷик хидмат доранд, ном гирифтанд. 
Имрӯз бо итминон гуфтан мумкин аст, ки ҳамчун ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ — Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон як қатор ҳадафҳои олии миллиро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, иштирок дар тарбияи насли наврас, мусоидат ба пешрафту тараққиёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, пешгирии зиддиятҳо ва ихтилофоти сиёсии дохилӣ, бедории ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи Истиқлолияти Тоҷикистон ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамаддинро аз мақсадҳои асосиву калидии хеш муқаррар намудааст. 
Дар маҷмуъ, яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон бо амалӣ гардидани мақсадҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушди такомули ҷавонон маҳсуб меёбад. 
 
Фаридун ҲОДИБОЕВ, 
сардори Маркази иттилоот ва таҳлили 
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2021    №: 213 - 214    Мутолиа карданд: 1054
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед