сиёсат
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДӮСТИ ДЕРИН ВА СОБИТҚАДАМИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД
Дар замоне, ки шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, бо душманони дохиливу хориҷии худ дар набард буд, "Толибон" бори аввал Афғонистонро гирифтанд, ноумедӣ дар вуҷудаш чира мешуд, руҳану ҷисман ба як ёри қавӣ ва дӯсти наздики сиёсӣ дар хориҷи кишвар шадидан ниёз дошт.
Махсусан, аз тоҷикони беруназмарзи кишвараш як рафиқу муттако мехост.
Ба толеи миллати тоҷик, ки дар ҳар ду кишвар паҳну парешон буд, чунин фарди наҷиб, инсони ҳувиятсоз Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон зуҳур карданд.
Он замон ҳам баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон яке паси дигаре ин гурӯҳро ба расмият шинохтанд. Аҳмадшоҳи Масъуд ба танҳоӣ натавонист ба кишварҳои ҷаҳон бифаҳмонад, ки "Толиб" кист, чӣ гурӯҳе аст, асосаш чист? Баъд аз панҷ соли ҷанг тавонист бифаҳмонад, ки "Толиб" як гурӯҳи террористӣ ва хатари бузург барои ҷаҳон аст. Ёри вафодор ва содиқаш Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар он замон аз ҳеҷ талош дареғ накард ва хеле содиқонаву дӯстдорона талош меварзид, то ёрмандие карда тавонад, ба дарди Аҳмадшоҳ ва мардуми Афғонистон марҳам шавад. Бесабаб нест, ки Аҳмадшоҳ ва ёрони ӯ зуд-зуд ба Тоҷикистон меомаданд ва, ҳатто, дар рӯзи шаҳодат ҳам ӯро ба хоки Фархори кишвари тоҷик оварда буданд.
Ҳар замоне Қаҳрамони миллии Афғонистон дар мавзуъҳои сиёсӣ бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон табодули назар мекард, ҳадафашон ягона буд: аз нобудӣ эмин доштани тоҷикон.
Ёдам намеравад, тифл будем, пайваста дар хонаводаи мо, дар шаҳри мо ва дар рустои мо аз шахсе ном мебурданд, ки номаш Эмомалӣ Раҳмон ва кишвараш Тоҷикистон аст. Дар охирин пайраҳаи интизор, ки қарор доштем, мардум ба як умеде мегуфтанд: «Агар мо - тоҷикҳо дар ин замони ноором аз байн равем, шукр, ки тоҷикҳои Тоҷикистон метавонанд баъд аз мо иқтидор ва ғурури аҷдоди моро нигаҳ доранд ва қасди хуни моро посух бидиҳанд. Ба дунё навои мазлумони мо – тоҷиконро бирасонанд».
Мо – тоҷикони Афғонистон тақрибан 255 сол мешавад, ки бо аз даст додани ҳукумат ва салтанат, бинобар иштибоҳи Собиршоҳи Кобулӣ, ки ҳукумати тоҷикҳоро ба гурӯҳи дигаре дод, ба хотири тоҷик будан, дар ҷидолҳои сахте қарор дорем. Тарафи муқобили тоҷикони Афғонистон аз ҳар найранг барои мағлубияти мо истифода мебаранд. Аз дор задани Ҳабибуллоҳи Калаконӣ ва муҳр кардан ба Қуръон, то ҷанг барои ормонҳои шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд ва то билохира таслим додани Афғонистон ба як такқавмии худашон ҳоло мо - тоҷикони ин кишвар дар ҷанги танготанги қавмӣ қарор дорем.
Аз байн бурдани Қалъаи Бусти вилояти Ҳилманд, то манораи ҷоми чандин вилоят, таркондани бутҳои Бомиён, ҳафзи номи забони форсӣ ва бегона хондани он, ҳафзи миллияти тоҷик дар асноди давлатӣ ва тазкираҳо (шиносномаҳо), тағйири номи маконҳои илмиву таърихӣ, кӯч додани мардуми тоҷик аз марказҳои бузургтарин, ба мисли Қандаҳор, Пактиё, Пактико, Ҷалолобод, Лугар, Кунар, Лағмон, Ҳилманд, Фароҳ, Нимрӯз, Кундуз…
Хушбахтона, дар як замони муайян ба шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд пирӯзӣ ва нусрати Илоҳӣ насиб гардид ва тоҷикон сарфароз шуданд. Падарам – Аҳмадшоҳ Кӯҳистонӣ, ки ёри вафодори Аҳмадшоҳ дар бахши истихборот буд, бо ин ки ду бор зиндон шуд, аз дасти мухолифони ҷабҳаи муқовимат шиканҷаҳои шадиде дид ва асароташ то ҳол дар вуҷудаш мушоҳида мешавад, аммо ғуруру ҳувияти миллияш баҷост. Ҳар гоҳе, ки ба он қисматҳои бадани маҷруҳаш менигаристам, ашк чашмонамро фаро мегирифт, вале падар ҳамеша аз корҳояш розӣ буд ва мегуфт: «Мо ба хотири бақои насли худ, яъне барои тоҷикон, мубориза бурдем, то битавонем худро собитқадам кунем ва баъзе авқот, дар ҷаласоти хонаводагӣ, дар замоне ки ҷанг ҷараён дошт, менишастем, падарам мегуфт: «Мо як ҳамсояи нек дорем, ки агар ояндааш мутараққӣ шавад, метавонед чатри умеди тоҷикон аз ҷангу хатар гардад. Бовар дорем, ки Аҳмадшоҳи Масъуд танҳо нест!».
Ҳоло, ки бузург шудаму ақли кофӣ барои дарки авзои кишварҳо дорам, мебинам: ҳама сарони тоҷик ба хотири пулҳо ва сармояҳояшон, ки аз хуну рими тоҷикон ва савдои хуну ормони Аҳмадшоҳи Масъуд ба даст оварданд, ҷигаргӯшаи Қаҳрамони миллии моро, Аҳмади ҷавонро танҳо гузоштанд ва тоҷиконро, ки қувваи камарашон қаламу дафтар, донишу айёриву ҷавонмардист, шикастанд, халқи ночорро дар авҷи ноумедӣ қарор доданд. Вале дар ин саҳнаи асосӣ фақат як ёри вафодор ва ёри дерини Аҳмадшоҳ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон боқӣ монданд, ки имрӯз ҳам Аҳмади ҷавон ҳамсадову ҳаморомони ин бузург аст.
Маҳз Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ тавонист бо матонати комил кишварҳои ҷаҳонро бифаҳмонад, ки пазируфтани гурӯҳи "Толиб" як иштибоҳи маҳз аст. Инчунин, тавонист ҷомеаи ҷаҳониро бо як ҷони танҳояш қонеъ кунад, ба рағми бузургтарин давлатҳо, ки таҷрибаи даҳшатафканиро доранд, дар саҳнаи сиёсат панҷа нарм кунад ва шикасти мавқеиятӣ барояшон бидиҳад. Ба ҷаҳониён собит сохт, ки тоҷикон ҳаққи тамаддун ва ҳукумати содиқонаро дар Афғонистон доранд. Нуфуси тоҷикон дар ин кишвар 46 дарсад аст ва бояд саҳми қобили мулоҳизаро дошта бошанд. Ин бор Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои шаҳиди роҳи озодӣ Аҳмадшоҳи Масъудро ҳатто дар набуданаш таҳаққуқ бахшид. Руҳу равони дӯсти қадимашро роҳат ва ором сохт.
Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хуб медонам, ки Пешвои шумо дар қалби так-таки тоҷикони Афғонистон ва ҷаҳон султонӣ дорад, чатри умед аст. Ҷолиб ин ҷост, ҳамон гуфтаҳои бист сол пешро, ки падарам ва мардуми мо мегуфтанд, имрӯз дидам ва шоҳиди он шудам.
Мо хуб медонем, ки Пешвои миллати Тоҷикистон дар давоми сӣ соли роҳбарии хеш равобити иқтисодии Тоҷикистонро бо ҷаҳон мустаҳкам ва поядор сохт. Зербиниҳоро барномарезӣ барои сад сол ва болотар аз он дорад. Дар инкишоф ва навовариҳо наслҳои худро ташвиқ ба сармоягузорӣ дар дохили кишвараш мекунад. Маъданҳо ва зерсохтҳоро бо меъёр истеҳсол мекунад. Бунёди шаҳр ва сарбандҳои обиро дуруст таҳлил ва пешбинӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки дунёро камбуди оби нӯшиданӣ ва хушксолӣ таҳдид дорад. Эшон барномаи обии қавӣ барои сад соли ояндаро дорад. Дар муваффақияти иҷроияаш чашмбиност. Ҳамаи мо инро мебинем, ки дар парвариши қувваи кор бо эҳсоси содиқ, дар насли кор барои иқтисод дуруст тартиб додааст. Роҳбурдҳои дақиқаш боиси тамҷид аст. Истифодаи даштҳо ва маконҳои бекорхобидаро барои деҳқонон сода ва осон кардааст. Дар сохти зербиноҳои шаҳрӣ як намунаи ҷаҳонист. Масалан, Душанбе ба номи шаҳри гулҳо мусаммо мебошад, ки асоси тамаддуни тоҷикҳоро ифшо мекунад.
Дар сиёсат шахсияти дилсӯз ва шикебост. Ҳатто барои рақибони сиёсияш дар робита ба ному насабаш раҳмону раҳим аст. Дар сиёсати дохилӣ бунёдгузори таҳкими равобити дохилӣ ва асосгузори сиёсати давомдор баҳри таҳаққуқи пешрафтҳост ва дигар кишварҳо аз он пайравӣ мекунанд.
Дар қалби мардумаш ҷо дорад, ӯро ватандӯст ва садоқатпеша меноманд. Нияташро, ки хайр ва ободонӣ аст, ҳама медонанд ва ба он арзиш қоил ҳастанд. Ҳатто, рақибони сиёсияш ба ӯ байъат доранд ва борҳо ба иродаи Ҷаноби Олӣ қоил шудаанд. Ҳар касе, ки соҳибқаламу боимон аст, медонад, ки Пешвои миллат як шахси ҳалим ва сабур аст.
Дар бахши сиёсати хориҷӣ аз дидгоҳи мо – мардуми Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон як шахси усулгаро аст. Ин таърих дар ҳеч шароите тарк ва ҳатто як қадам ба қафо барнамегардад. Ҳангоми истода шудан байни рақибони хориҷияш устувор ва боғурур аст, рақибонаш дар созмонҳои ҷаҳонӣ медонанд, ки Сарвари кишвари тоҷикон бунёдгузори як сиёсати собит мебошад. Ин кору ибтикори ӯро эҳтиром қоиланд ва аз чеҳраи дӯстони хориҷияш пай бурдан мумкин аст, ки Пешвои миллатро дар ҷаласаҳои байналмилалӣ чӣ гуна мушоҳидаву суханонашро мулоҳиза мекунанд.
Дар асри мо, ҳатто, бузургтарин мамлакатҳо ба ҳарфу қавлҳои Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба диди қадр нигоҳ карданд, дар тарҳи пешниҳодҳояш ҷаласаҳои стратегӣ ташкил доданд. Ҳама дар канори ҳам ҷамъ шуданд ва рӯйи пешниҳоди Пешвои миллат файсала доранд, то "Толиб"-ро ба расмият нашиносанд. Яке аз онҳо Фаронса аст. Дарк карданд, ки ҳанӯз барвақт аст ва бояд сабр кунанд, қавмҳои дигари Афғонистонро эҳтиром намоянд, барои онҳо ҳақталош бошанд. Ин дар ҳолест, ки оламиён сукут карда буданд, аз тарс ё барои манфиати худ ба хунрезии "Толибон" чизе нагуфтанд. Вале Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо як баёнияи мардона, ки лаёқати ҳар тоҷики асил аст, дунёро ларзонд. Оре, ин аст ғуруру шукуҳи тоҷикон! Бояд 95 миллион тоҷикони ҷаҳон бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд.
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ,
намояндаи ҷавонони вилояти Кописои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.10.2021 №: 213 - 214 Мутолиа карданд: 982