logo

Хабарҳо

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан мулоқоти фосилавӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳамкории низоми бонкии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Ҳоким Холиқзода ба сатҳу сифати ҳамкории бонкҳо баҳои баланд дода, ҷаноби Томас Ҷордан ва ҳамроҳони ӯро бо вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкии кишвар шинос кард.
Зикр гардид, ки новобаста ба таъсири амиқ ва номуайяниҳое, ки бар асари пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омаданд, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо тадбирҳои андешидаи Ҳукумат рушди муътадили иқтисоди кишварро таъмин созад.
Давоми моҳҳои январ - августи соли 2021 ММД-и кишвар 56,3 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 8,7 фоизро ташкил дод, ки рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 банди фоизӣ зиёд мебошад.
- Дар шароити кунунӣ пешгӯйӣ кардани санаи дақиқи бартараф намудани пайомадҳои вазъи мураккаби ҷорӣ, ки дар натиҷаи паҳншавии пандемияи COVID-19 ба миён омадаанд, ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемия ба бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар татбиқи чораҳои заруриро идома медиҳад,- иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Ҷордан огоҳии хешро аз чораҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиши таъсири манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар иброз дошта, зикр кард, ки тадбирҳои андешида имкон доданд, то соли молиявӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст шавад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо як қатор сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои Швейтсария ҳамкории босамарро ба роҳ мондааст ва ин боиси қаноатмандии ҳар ду ҷониб мебошад. Аз ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таъмини устувории суботи молиявӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи сиёсати монетарӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) равобити судмандро роҳандозӣ намуда, дар ин замина ҷиҳати рушди низоми бонкии кишвар аз кумакҳои техникӣ ва машваратии ниҳоди мазкур бархӯрдор гардидааст. Томас Ҷордан барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои зикргардида ҳавасмандӣ зоҳир намуд.
Мулоқоти мазкур дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки 11 - 17 октябри соли 2021 дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардида, дар он вазирони молия, роҳбарони бонкҳои марказӣ ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд, баргузор шуд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 865
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед