сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи ин кишвари дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуданд.
Зимни суҳбат, ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди гуфтугӯ қарор гирифта, дурнамои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи онҳо дар руҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ шуданд.
Пешвои миллат, зимни ёдоварӣ аз ҷараёни рушди бомароми ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ба саҳми арзандаи муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар пешбурди ин раванд баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ изҳори бовар намуда, омодагии худро барои ғанигардонии муносибат ва ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар бо мазмуну мундариҷаи бештару созанда таъкид доштанд.
Миёни мусоҳибон, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2021 №: 215 Мутолиа карданд: 651