барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ
25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Шавкат Миромоновичи гиромӣ!
Мояи хушнудии ман аст, ки ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек фиристам.
Ба Шумо саломатии бардавому рифоҳ ва фаъолияти самарабахши минбаъдаи давлатӣ ба манфиати рушди устувор ва пешрафти Ӯзбекистони дӯст, ба халқи бародари ӯзбек сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам.
Пирӯзии эътимодбахши Шумо дар интихоботи президентӣ боз як далели равшани дастгирии умумимиллӣ аз роҳи сиёсии Шумост, ки ба рушди босуръати кишвар ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст. Итминон дорам, ки дар давраи ояндаи роҳбарии Шумо Ӯзбекистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав хоҳад расид.
Ман саъю кӯшиши пайвастаи Шуморо ҷиҳати рушду густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ баланд арзёбӣ мекунам.
Бовар дорам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо минбаъд ҳам ба манфиатҳои халқҳои кишварҳоямон ва тамоми минтақа ҳамкории самарабахши байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро пеш хоҳем бурд.
Бо истифода аз фурсат, омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда ҷиҳати ғанӣ гардондани мундариҷаи муносибатҳои ду кишвар бо иқдомҳои амалан нав изҳор медорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2021 №: 215 Мутолиа карданд: 4298