иҷтимоиёт
ОИНИ ҶАВОНМАРДӢ
Чанде пеш, олиме савол дод, ки дар бораи Истиқлолияти давлатӣ сухани тозае гуфта метавонӣ? Аз он ёдовар шуд, ки дар ин мавзуъ ду диссертатсия навиштааст...
Дар посух ба он, ки, аслан, бемавқеъ ва то андозае содалавҳона низ буд, иброз доштам: воқеан ҳам, дар бораи Президенти ҷумҳуриамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифоти зиёде шудааст. Ҳар кадом симои ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳи тоҷикон ва шахсияти хирадманду дурандешро бо сабку услуб ва назокати хос бозгӯйӣ намудаанд. Вале мадди назар бояд дошт, ки ҳар дақиқаи фаъолияти Пешвои миллат ба маънои томаш қаҳрамонӣ буда, ҳар як марҳила арзандаи ҳазорҳо шеъру достон, манзума, матолиб ва рисолаҳои илмӣ мебошад. Табиист, ки то чи андоза комёб будани муаллиф дар бозгӯйӣ намудани шахсияти Пешвои миллат ба донишу касбият вобаста буда, аз садоқату самимият, эҳсоси ватандорӣ, ҷасорат, азми қавӣ ва нияти нек маншаъ мегирад. Матолиби дар ин мавзуъ иншошуда дар сурате нишонрас ва ташаккули афкори ҷомеа саҳим мегарданд, ки ба аҳли ҷомеа ҳаводиси қаблиро ёдрас намуда, далелу рақамҳо дар заминаи қиёс пешниҳод гарданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиён гуфта буданд, ки мо бояд мафҳумҳои «миллати тоҷик», «забони тоҷикӣ», «таърихи тоҷикон», «фарҳанги тоҷикӣ» ва «адабиёти тоҷикӣ»-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон орем.
Аз ин нуқтаи назар, мо муваззафем, ки неруи зеҳнии хешро барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу ваҳдат равона намоем. Хосса дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз ба рӯз шадидтар мешавад, таъмини амнияти иттилоотӣ хеле муҳим мебошад.
Ба касе пӯшида нест, ки дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфтааст ва дар сурати оқилона ва фаврӣ истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба зиёиён ва олимони кишвар дастур додаанд, ки бетараф набошанд ва назару мавқеи худро равшану боҷуръатона баён намоянд. Андешаву назари онҳоеро, ки дину мазҳаб ва имону миллати худро ба бегонагон фурӯхтаанду ҳаққи маънавии тоҷик буданро надоранд, қотеона маҳкум кунанд.
Дар шароити кунунӣ мо - аҳли зиё вазифадорем мардумро талқин намоем, ки он замон бо вуҷуди соҳибистиқлолӣ, ҳатто рамзҳои давлати соҳибистиқол – Парчам ва Нишони давлатӣ надоштем ва дар мамлакат Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки он вақт на ҳар кас қудрат ва хоҳиши мансаб гирифтан дошт. Қобили зикр аст, ки интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Раиси Шурои Олӣ аз ҳазор қаҳрамониҳои ин абармард маҳсуб мешавад.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе ҳамсоя-кишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор, бинобар надоштани шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд. Касе наметавонад инкор кунад, ки Тоҷикистон он айём ба «киштии шикаста» шабеҳ буд, ки ба капитани ҷасур ва сарсупурда ниёз дошт.
Иштирокчиёни ҳаводис нақл карданд, ки шахсони дар мактаби сиёсат обутобёфта ва дар мансабҳои баланд фаъолияткарда вазифаҳои калидиро рад мекарданд. Гуфта буданд, ки: «ин Ҳукумат умри 7-рӯза дорад».
Таҷрибаи ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудияти мухолифони Ҳукумат дар тамоми давлатҳо зуҳуроти маъмул буда, бо вуҷуди ихтилофи назарҳо доир ба масъалҳои ҷузъӣ, дар масоили миллӣ ҳукуматдорон ва мухолифин мавқеи яксон доранд. Ҳарчанд ҳадафи ниҳоии ин тоифа расидан ба қудрат аст, вале дар ҷомеаи пешрафта дар ин ҷода аз рақобати солим ва усулҳое, ки ба қонунгузорӣ зиддият надоранд, кор мегиранд. Бо ибораи дигар, дар ин давлатҳо «мухолифати сиёсӣ» ҳаргиз ба маънои «хостори расидан ба қудрат» тафсир намешавад.
Ба ин монанд танқид низ рукни асосии фаъолияти мухолифони Ҳукумат ба ҳисоб мераваду аз зовияи далелу арқоми асоснок ироа шуда, рабте ба афсонапардозиву сафсатпароканӣ надорад.
Мутаассифона, нотавонбинони Пешво, миллат ва давлати мо бӯе аз муқаррароти зикршуда набурдаву бо амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриинсонӣ ва бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ мехостанду мехоҳанд ба қудрат расанд. Ин «аллома»-ҳо, ба ҷойи он ки дар заминаи далелҳои асоснок сиёсати Ҳукуматро ба чолиш кашанд ва гӯянд, ки шумо дар фалон маврид хато мекунед (агар иштибоҳ ҷой дошта бошад), ба эҷоди тавтеа машғул шуданд.
Агар иқдомоти амалинамудаи ин тӯдаро ба риштаи таҳлил кашем, аён мегардад, ки онҳо саропо муғризона буда, аз аҳдофи нопок маншаъ гирифтаанд. Илова бар ин, «муколама»-и ин ашхос, матолиби иншонамудаи думравону обсофкунакҳояшон аз лиҳози моҳият ва мазмун бамаротиб пасттар аз ғайбати «занҳои лаби об» аст. Ҳазёнгӯии ин тоифа гумонро дар бобати руҳан носолим буданашон шакл медиҳад…
Хуб дарк менамоям, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои инҳо мисли кордест, ки ба гӯшту нохунашон расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулуяшон дармонда. Табиист, ки онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд «интиқод» кунанд. Миёни мардум маҳбубияти зиёд доштани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси рашкашон аст.
Дар ҳамин ҳол чаро нотавонбинон эътироф ва арҷгузорӣ намекунанд, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши мамлакат аз як сохт ба сохти дигар рост омада буд?
Магар фаромӯш кардаанд, ки дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард?
Оё метавонанд нодида гиранд ва ҳуқуқи маънавӣ доранд инкор кунанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо, аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омаданд ва ба ин васила, ягонагӣ ва тамомияти давлату миллатро ҳифз карданд?
Чаро эътироф намекунанд, ки маҳз дар ин марҳилаи тақдирсоз обрӯву эътибори мавсуф афзуд ва дар ниҳоди сокинони ҷумҳурӣ эътимоду боварӣ ба роҳе, ки ин абармард интихоб кардааст, мустаҳкамтар гардид?
Нотавонбинон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд нодида гиранд, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин абармард сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид.
Ҳамзамон, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.
Тоҷику тоҷикистониён аз он ифтихорманданд, ки саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаклгирӣ ва такомулу самтгирии ҷаҳони муосир муассир аст. Пешниҳодҳои Пешвои миллат, ки дар суханрониҳояшон зимни баргузории чорабиниҳои гуногун дар ақсои олам ироа шуданд, барои болоравии мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҳалли мушкилоти обу энергетика, мубориза бар зидди терроризм, ифротгаройӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра таҳрик бахшиданд.
Ибрози андешаҳои Роҳбари давлати мо ба замоне иттифоқ афтода буд, ки аксар кишварҳо ба вазъи баамаломадаи геополитикӣ “аз паси панҷа менигаристанд” ва пайомади онро ҷиддӣ қабул намекарданд. Ба ибораи дигар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар ва бештар аз дигарон дарк кардаанд, ки дунё дар шароите қарор дорад, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳокими раванди таҳаввулоти сайёра мубаддал гардидааст. Муҳимтар аз ҳама, дар муддати кӯтоҳ воқеияту муҳимияти суханони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит гардиданд.
Месазад фахр намоем, ки давлати ҷавони мо ба созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва ғайра шомил ва хеле фаъолу ташаббускор аст.
Зиндагиву «фаъолият»-и ин нотавонбинони миллат ва давлати мо «як бому ду ҳаво»-ро монанд аст. Мунтазам аз эҳтиром қоил будан ба арзишҳои милливу инсонӣ ҳарф мезананд, вале дар асл ин муқаддасот барояшон як фулус арзиш надорад. Ба тамоми баҳсу қазия, ки ба кишвари мо рабт дорад, «равған мерезанд»-у мехоҳанд дар замони «ҳафт шаҳри ишқро гаштани Аттор» моро «андар хами як кӯча қарор диҳанд».
Ин тоифа гӯё фаромӯш кардаанд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо ҷурми онҳо ва «доҳӣ»-ҳояшон ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро маҳдуд ва ба хотири «дигарандешӣ» қисме аз онҳо қатлу беватан шуданд.
Бидуни шубҳа ин «дилсӯзон»-и миллати тоҷик барои ба вуҷуд омадани нооромӣ ҳавасманданд. Барояшон бефарқ аст, ки дар ин сурат нафарони зиёде ба мотам мешинанд ва фарзандони ятиммондаи тоҷикро на дигарон, балки модаронашон бо оби чашм ба воя хоҳанд расонд.
Ҳама медонанд, ки (ҳатто онҳое, ки вонамуд мекунанд, ки намедонанд) нотавонбинони мавриди назар тасмими бо роҳи ғайриқонунӣ расидан ба қудратро доштанд. Биноан, аз имконоти фароҳамбуда суиистифода карда, бозии хатарнокро оғоз карданд.
Зарур ва ногузир аст, ки насли ҷавон аз ҳодисаҳои фалокатбори ибтидои солҳои навадуми қарни рафта сабақ гиранд. Фаромӯш накунанд, ки солҳои навадуми асри гузашта давлати мо, ки бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми маҳалу манотиқи ҷумҳурӣ ободу шукуфон шуда, шуҳрати хосса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт.
Аз ҷониби дигар, таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора-пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар давоми давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои созандаашон дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқи худро ёфта, ин раванд бардавом аст. Маҳз ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд.
Мо бояд ба ин ҳама пешравиҳо воқеъбинона баҳогузорӣ намоем, зеро эътироф ва арҷгузорӣ намудан оини ҷавонмардист.
Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2021 №: 215 Мутолиа карданд: 974