logo

иқтисод

ДАНҒАРА. МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

Мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони ноҳияи Данғара, сӣ сол аст, ки бо ифтихору сарфарозӣ аз Истиқлоли давлатӣ корҳои азимро ба анҷом расонда, ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил гардиданд. Мусаллам аст, ки давоми се соли охир ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар кишвар марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ оғоз шуда, дар ин замина, коргоҳу корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави кор таъсис ёфтанд. 
Сокинони ноҳия дар пайравӣ аз иқдомҳои пешгирифтаи Сарвари давлат дар самти бунёдкорӣ ва рушди кишвар содиқона заҳмат кашиданд, то ҷашни миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки марҳилаи гузариш аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ бо иштироку дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳия зиёда аз 40 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар онҳо маҳсулоти ниёзи мардум истеҳсол мешаванд. Маҷмааи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Ҷунтай - Данғара - Син Силу Текстил» аз бузургтарини онҳост. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 15 ҳазор тонна нахи пахта ва 12 ҳазор тонна ришта мебошад. Ҳамчунин, дар заминаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳия корхонаи «Фарм Текс» ба истифода дода шуд, ки ба истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметикӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмуъ, 13 номгӯйи маҳсулот истеҳсол менамояд. Соли 2020 корхона истеҳсоли ниқобро ба 1 миллион адад расонд. 
Данғара яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатӣ дар вилояти Хатлон маҳсуб ёфта, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ имрӯз назар ба ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ яку ним баробар зиёд аст. Ҳамзамон, дар ноҳия, дар масоҳати 500 гектар Минтақаи озоди иқтисодӣ арзи вуҷуд дорад. Дар он 26 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 10 адад фаъолият дорад. 
Моҳи апрели соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» боз 4 корхонаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли рангҳо ва андоваҳои декоративии «Ғаюр саноат», ки аз ҷониби ҶДММ «Ғаюр саноат» дар масоҳати 1,36 гектар бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳбарии Акмал Ғуломов бо маблағи 2,3 миллион доллар сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсол ва маҳсулоти саноатии он дар як сол  135  ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Инчунин, корхонаи конструксияҳои металлии «Ауфен»,  ки  муҷаҳҳаз  бо  технологияи  навтарини соҳа, дар масоҳати 4 гектар бунёд шудааст, ифтитоҳ ёфт. Ҳаҷми сармоягузорӣ барои иншооти мазкур 15 миллион  долларро, ҳаҷми истеҳсоли  солонаи маҳсулот  100 000 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар минтақаи мазкур корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтилении «Тоҷпласт-1» низ мавриди истифода қарор гирифт. Корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуҷаббор Эсанов дар масоҳати 1 гектар сохта шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона дар як сол 50 ҳазор метр қубури гуногуни полиэтилении қутраш аз 16 мм то 500 мм-ро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин, 16 - 17 июни соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, як қатор иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59, бинои нави 5-ошёнаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Муассисаи таълимии ҳафтошёнаи Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар деҳоти Корез, коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти  Агентии таъминоти амволи махсус дар деҳаи Ғарғара, корхонаи равғани ҶДММ «Файзи Алӣ» дар деҳаи Ғарғара, муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб» дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинг, майдони Парчами давлатӣ ва бинои 5-ошёнаи беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ дар маркази ноҳия, бинои 5-ошёнаи маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ  дар деҳаи Файзбахш, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Боғпарвари деҳоти Оқсу ва боғи фарҳангӣ- фароғатии «Симурғ» дар деҳаи Баҳор ба истифода дода шуд. 
Инчунин, 28 августи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки Себистони ноҳияи Данғара Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ»-ро ифтитоҳ намуданд. Сарвари давлат дар шаҳраки Себистон нахуст шуда ба фаъолияти инкубаторӣ корхона оғоз бахшиданд. 
Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар он зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 миллион ба мурғхонаи дар шаҳраки Себистонбудаи Комплекси парандапарварӣ интиқол дода мешаванд. Боқимонда барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хушзоти гӯштӣ таҳвил меёбад. 
Мурғхона 22,75 гектарро  дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 бинои фермаи парвариши паранда ҳар кадом бо дарозии 96 метр, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 минтақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст. Дар ҳар як ферма то 30 ҳазор мурғ нигоҳубин мешаванд ва давраи парвариш 45 рӯзро дар бар мегирад. Истеҳсоли гӯшти мурғ солона ба 5 ҳазор тонна расонда шуда, воридот аз хориҷи кишвар якбора 40 фоиз коҳиш меёбад. 
Ҳамаи ин пешравиҳо самараи сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона шудааст.
 
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2021    №: 215    Мутолиа карданд: 3007
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед