logo

иҷтимоиёт

ПОЯГУЗОРИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

Тоҷикон як қавму як миллатанд, аз қабилаву ҳалқҳои гуногун таркиб наёфтаанд, аммо афсӯс сӣ сол муқаддам ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд, ки дар натиҷа маҳалгароӣ ҷойи ифтихори миллиро гирифт. Ин боиси кашмакашиҳои зиёд гардид ва қариб буд миллат пароканда гардад. Аммо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама носозгориҳо анҷом бахшиданд. Миллатро аз парешонӣ наҷот доданд ва ифтихори миллиро дар дили мардуми тоҷик бедор  ва таҳким бахшиданд.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаби дар он шабу рӯз ба гурӯҳҳо тақсим шудани миллатро дар ноогоҳӣ ва хештаншинос набудан шарҳ додаанд. Ба ин хотир, баробари ба сари қудрат омадан гурезагонро ба Ватан баргардонда, баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллӣ корҳои зиёде анҷом доданд. Бо мақсади худшиносу худогоҳ ва бедору ҳушёр намудани миллат рӯ ба оинаи таърих оварданд. Гуфтанд: “Ба таърихи миллати худ чун ба оинаи поку муқаддас назар бояд кард. Оинае, ки акси халқро танҳо бо ҳама шукӯҳу ҷамол ё айбу нуқсон нишон медиҳад… Ин барои худшиносии ҷомеа дар ин айёми мураккаб, пурмоҷаро ва ихтилофи назарҳо хеле зарур аст”.
Дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худашон корҳои арзишманде анҷом доданд. Ба хотири худшиносии миллат ва ҳам ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани тоҷикон ба иншои китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён», «Забони миллат-ҳастии миллат», «Куруши Кабир», «Чеҳраҳои мондагор» пардохтанд. Китобҳо ба зудӣ мақбули хонандагон гардиданд ва  дар омӯзиши дурусти таърих саҳми созгор гузоштанд. Ҷавонони  зиёд бо мутолиаи китобҳои мазкур иттилоъ пайдо намуданд, ки гузаштагонашон киҳо буданд, аз қуҷо омадаанд ва акнун онҳо куҷо бояд раванд. Китоби «Аз Ориён то Сомониён» -ро дар ин самт метавон дастурамал шумурд. 
«Тоҷикон дар оинаи таърих» яке аз арзишмандтарин китобҳо ба шумор рафта, барои бедор кардани ҳисси миллии халқ хизмати арзанда намуд. Мавриди зикр аст, ки чаҳор ҷилди китоби мазкур ба забони арабӣ тарҷимаву нашр гардида. Маросими муаррифии тарҷумаи арабии он дар толори бузурги меҳмонхонаи "Шератон"-и шаҳри ал-Қувайт бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати зиёди алоқамандони таъриху фарҳанги миллати бостонии тоҷик баргузор гардид. Ба забони арабӣ тарҷума ва чоп шудани чор ҷилди китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» рӯйдоди басо муҳиму муфид дар самти муаррифии миллати тоҷик аст. 
Зимнан, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои ба оламиён сазовор муаррифӣ намудани тоҷикон то имрӯз корҳои назаррас анҷом пазируфт. Ба ин хотир, аз ҷумла соли 1999 1100-солагии давлати Сомониён ва соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ эълон гардид. Дар ин замина, ҳамчунин 2500 - солагии шаҳри Истаравшан, 2500-солагии шаҳри Хуҷанд, 2700-солагии «Авасто», 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 1310-солагии Имоми Аъзам, 1200-солагии Имом Бухорӣ, ҷашнвораҳои Устод Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони оламшумули халқи тоҷик дар сатҳи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ таҷлил гардиданд. Тоҷиконро оламиён  бо шарофати заҳмату талошҳои Эмомалӣ Раҳмон акнун хубтару бештар мешиносанд. Сарвари давлат бо ғурури тоҷикона борҳо ба мардуми кишвар хитоб кардаанд: «Тоҷикон миллати тоҷдоранд. Аз тоҷик будан ифтихор кунед!» 
Бале. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён бо далелу мисоли муътамад ва амалҳои қаҳрамонона нишон доданд. Пеш аз ҳама моро ба худамон шиносонданд. Офтоби ориётаборон аз нав нурпошӣ карду забони ноби тоҷикӣ ва суруди дилангези ориёӣ танин андохт. Ҳоло Пешвои миллат ба ҳар оилаи тоҷик шоҳасари арзишманди Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро туҳфа менамоянд то ҷавонон хонанд ва асли хешро хубтар донанд, худшиносу худогоҳ бошанд.
Дар ин баробар, бо ташаббуси Пешвои миллат забони ноби тоҷикӣ, ки аз рукнҳои асосии ҳастии миллат ба шумор меравад, ҳифз гардид. Забони шевое, ки  бо он аз қофиласарои адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то  бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба мансаби волои худ нишаста, муаррифгари миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
Пешвои мо, бо симои ориёӣ, ному насаб ва шуҷоату далерии тоҷикона дар суханрониҳои худ пайваста оид ба ғурури миллӣ ва ифтихори миллӣ сухан меронанд ва таъкид месозанд: «Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000 – солаанд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Мо - тоҷикон мероси гаронбаҳову ҷовидонаи ҳанӯз беш аз ҳазор сол қабл ба ёдгоргузоштаи ниёгони худро бе ягон мушкилӣ мехонем, мефаҳмем, барои тарбияи наслҳои навраси халқамон истифода мебарем ва ба мардуми олам муаррифӣ мекунем. Мо вазифадорем, ки ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву меҳанпарастии фарзандони худро тақвият бахшем, то ки онҳо арзишҳои фарҳанги ғаниву рангоранги гузаштаи миллати худро қадр намоянд». 
Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои зиёд дар дили мо - миллати тоҷик шуълаи ифтихори миллиро барангехтанд. Моро фақат зарур аст, ки дар ин росто ҳамдаму ҳаммароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, то шуълаи ифтихори миллӣ абадан бар сарамон нурпошӣ намояд. 
 
Ҳакималӣ НАЗАРАЛИЕВ, 
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2021    №: 215    Мутолиа карданд: 525
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед