иҷтимоиёт
БОЗ ЧАНД ИНШООТ ДАР ХИЗМАТИ МАРДУМ. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ва Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд иншооти муҳими иҷтимоии ҷашниро дар деҳотҳои ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Гулистони деҳоти Сангтӯда беморхонаи минтақавии дуошёна мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои 4 шуъба, 17 ҳуҷра ва 22 кат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосир ҷиҳозонда шудааст. Дар ошёна якуми иншоот шуъбаи таваллуд, дар ошёнаи дуввум шуъбаи кӯдакона ва амрози даруна ҷойгир буда, дорои коргоҳи шустушӯйи либос ва системаи гармидиҳӣ мебошад. Беморхона барои 17 000 аҳолии деҳоти Сангтӯда бунёд ёфта, дар шуъбаи таваллуд мошини ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Кормандони хурду миёнаи тиб дар беморхона ҳамагӣ 50 нафарро ташкил медиҳад.
Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар суҳбат ба «Ҷумҳурият» иброз дошт, ки беморхона дар майдони 0,30 гектар замин аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сарфи 4 миллиону 315 ҳазор сомонӣ қомат афрохт.
Инчунин, дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Корези деҳоти Корез аз тарафи шахси саховатпеша Амриддин Нахшов таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои байни деҳа дар масофаи 3842 метр, чароғонсозӣ, сохтмони маркази саломатӣ ва ду майдончаи варзиш ба анҷом расида, ба истифода супурда шуд.
Роҳсозон талаботи меъёрҳоро ба инобат гирифта, корҳои бунёди роҳи пиёдагард, ҷуйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонсозии қад - қади роҳро бо сифати баланд ба анҷом расондаанд. Барои чароғонкунии роҳҳои дохили деҳаи Корез беш аз 100 сутунпоя бо чароғҳо шинонда шудаанд. Дар масири роҳ барои ҷавобгӯ намудан ба талаботи роҳсозӣ аломатҳои ишоратӣ низ насб гардидаанд. - Дар таъмиру азнавсозии роҳ ва равшаннамоии байни деҳаи Корез 5 607 000 сомонӣ сарф гардидааст, - афзуд Баҳром Миров.
Маркази саломатӣ аз шаш ҳуҷраи корӣ бо назардошти ҳуҷраи таваллуд, хатнасур, доругузаронӣ, ташноб ва бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ба 2400 сокини деҳаи Корез хизмати тиббӣ мерасонад. Маблағи иншоот 480 ҳазор сомониро ташкил дод. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ ва роҳравҳо сафолакпуш шудааст. Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар маркази навбунёд шаш кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Майдончаҳои варзиш дар деҳаи Корез ва дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 – и деҳа барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бо харҷи 484 ҳазор сомонӣ бунёд шуданд. Саҳни ҳавлии майдочаҳо сафолакпӯш шуда, бо гулу дарахтони ороишӣ оро ёфтааст. Дар маҷмуъ, Амриддин Нахшов барои ободии деҳаи Корез 6 571 000 сомонӣ маблағ сарф кардааст.
Тавре иттилоъ доданд, дар деҳаи Меҳвари деҳоти Лоҳур аз ҷониби Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” маркази саломатӣ қомат афрохт. Қаблан беморон ба маркази ноҳия барои табобат ва ташхис мерафтанд. Бунгоҳ иборат аз панҷ ҳуҷраи корӣ бо назардошти ҳуҷраи хатнасур, доругузаронӣ, ташноб бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар деҳаи Туябюни деҳоти Корез ва Чаманистони деҳоти Сафобахш аз тарафи соҳибкорон Ориф Раҷабзода ва Рамазон Шамсов маркази саломатӣ ва бунгоҳи саломатӣ қомат афрохт. Дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф бошад аз тарафи соҳибкор Саидакбар Султонзода ва дигар соҳибкорони ноҳия майдончаи замонавӣ барои бозии кӯдакон ва варзиши волейболу баскетбол ба истифода дода шуд. Дар он майдони волейболи соҳилӣ, таҷҳизоти варзиши солимгардонӣ насб ва муҷаҳҳаз шудааст. Майдон пурра бо майсаи сабз оро ёфта, атрофи он барои тамрини варзиши сабук бо роҳравҳои махсусгардондашуда омода гардидааст.
- Мо сокинон аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва соҳибкорону шахсони саховатманд хушнуд буда, барои фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ дар деҳотҳои зебоманзари ноҳия сипосгузорем, - мегӯяд Садбарг Қурбонова.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.10.2021 №: 215 Мутолиа карданд: 1493